ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

5 октябр мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

5 октябр мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. 

Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо сарвари Тоҷикистонро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуд, ба ӯ аз таҳти дил саломатӣ, хушҳолӣ ва комёбиҳои нав орзу кард. 
Президентҳо сатҳи кунунии муносибатҳои шарикии стратегии ӯзбекистониву тоҷикистониро, ки ба решаҳои мустаҳками дӯстии бисёрасрина ва некҳамсоягӣ, ягонагии таърих, фарҳанг ва урфу одатҳо такя мекунад, бо қаноатмандии амиқ таъкид намуданд. 
Дар даврони душвори ба тамоми олам паҳн шудани коронавирус дар ҳар ду мамлакат барои паси сар сохтани оқибатҳои пандемия дастгирии тарафайн эҳсос мегардад. Аз ҷониби Тоҷикистон барои кӯмаки амалӣ дар мубориза бо ин касалии хавфнок миннатдорӣ изҳор гардид. Дар соҳаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол нигоҳ дошта мешавад, кооператсия дар сатҳи минтақаҳо ва тиҷорат вусъат пайдо мекунад. 
Сарони давлатҳо ба натиҷаҳои сермаҳсули як қатор чорабиниҳои дуҷониба, ки моҳи гузашта амалӣ шуданд, баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва анҷумани тиҷоратӣ, конфронси илмиву амалӣ, вохӯрии депутатҳо ва зиёиёни эҷодкор, боз гардидани майдонҳои муштараки истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ бомуваффақият гузаронида шуданд.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳукуматҳои ду мамлакат супориш доданд, ки бобати вусъат додани ҳамкории бисёрҷанба ва коркарди ҳамаҷонибаи рӯзномаи нави анҷумани пешистода «харитаи амалиёт»-ро кор карда бароянд. 
Ҳамчунин бинобар масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад. 
Дар анҷоми мулоқоти телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳор дошт, ки чорабинии муҳими сиёсӣ дар мамлакат – интихоботи президентии 11 октябри соли равон бомуваффақият баргузор гардад. 
Суҳбат чун анъана дар муҳити гарм, рӯшод ва дӯстона гузашт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: