ХАБАРИ МУХТАСАР

дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

11 ноябри соли 2020 ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ба ҷамъомад Раиси палатаи болоии парлумон Танзила Нарбаева роҳбарӣ кард.
Дар он қарор қабул шуд, ки ҷамъомади умумии нӯҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 20 ноябри соли 2020 даъват карда шавад.
Дар ҷараёни ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад, баррасии як қатор масъалаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии геномӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба таҳкими минбаъдаи кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии мулкдорон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати андешидани чораҳо оид ба кам кардани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба бахшҳои иқтисодиёт ва падидаҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ», «Дар бораи таъсиси унвони фахрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Геологи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи муқаррар намудани Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ғайр аз ин, баррасии масъалаҳо оид ба ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи рафти иҷрои Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амалиёт дар “Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ», инчунин иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи рӯшодии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти ҳукумат дар маҳалҳо ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин муҳокимаи масъалаҳои марбут ба самти дархостҳои парлумонӣ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои баланд бардоштани рақобатпазирии минтақаҳои махсуси иқтисодии кишвар, баланд бардоштани самаранокии муоинаи тиббии ҷавононе, ки ақди никоҳ мекунанд, дар бораи ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти таъмини амнияти нуқтаҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ҷойгир буда, дар онҳо хатари обхезӣ, сел, ярч мавҷуд мебошанд, пешбинӣ шудааст.
Инчунин, натиҷаҳои дархостҳои парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки муваққатан дар Федератсияи Россия кор мекунанд, дар бораи вазъи иттиҳодияҳои боғдорӣ ва токпарварӣ ва масъалаҳои такмили асосҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, оид ба мушкилоте, ки дар раванди ҷалби васеи аҳолӣ, алалхусус ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба миён меоянд, дар бораи шароите, ки барои рушди соҳибкории занон фароҳам оварда шудаанд, оид ба мушкилоти марбут ба партовҳо ва таъсири онҳо ба саломатии аҳолӣ низ баррасӣ мешаванд. 

 ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: