ХАБАРҲО

Марҳилаи нави тараққиёт

Марҳилаи нави тараққиёт
Ин маънӣ дар маҷмӯи тадбирҳое, ки бо номи «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» дар вилояти Ҷиззах шуда гузаштанд, ифодаи худро ёфт.
Тайи се-чор соли охир дар ҳамаи соҳаҳо, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд. Ин ҳолат ҳар як фарди хайрхоҳи кишварро шод месозад. Ба таври мисол, аҳолии зиёди миёнаҳол ва камбизоат соҳиби манзил мегарданд, аз ҳоли шахсони танҳо, бепарастор хабар мегиранд. Дили дардманду маъюбон ба туфайли ин ғамхориҳо таскин меёбад. Шаҳру деҳот дар асоси барномаҳои давлатӣ обод мегарданд. Муҳимтар аз ҳама дар ақлу шуури одамон дигаргунӣ ба вуҷуд меояд. Умуман кишвари мо ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардидааст.
Дар маркази вилоят таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» якчанд тадбир доир гардид. Дар он меҳмонон аз пойтахт омада бо ҷавонон вохӯриҳо гузарониданд. Тағйиротҳои бузургеро, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ рух додаанд, як-як гуфта гузаштанд. Дар театри мусиқӣ-драмавии вилоят консерти ҳунарпешагони ҷавон доир гардид. Ба беҳтарин варзишгарон ва эҷодкорони ҷавони вилоят туҳфаҳо тақдим карда шуд.


Ёди инсони шариф
 
Адиб ва арбоби давлатӣ Шароф Рашидов барои рушди ҷумҳурӣ дар солҳои вазнин корҳои бузургро ба анҷом расонидааст.
Имрӯз ҳамватанони мо ин инсони шарифро бо некӣ ёд мекунанд. Ҳамчун рамзи гиромидошт муҷассамаи ӯ дар шаҳри Ҷиззах қад афрохтааст. Дар ин ҷо хиёбону музейи адиб ва арбоби давлатӣ низ ҷой доранд.
Ҳамватанон ҳар сол бахшида ба рӯзи мавлудаш ҷамъ омада, ба пои ҳайкалаш дастагулҳо мегузоранд. Аҳли адабу фарҳанг имсол ҳам ба муносибати 103-солагии Шароф Рашидов гирд омада, аз асарҳои безаволаш «Таронаи Кашмир» , «Ғо-либон», «Аз бӯрон пурқудрат» ва ғайра ёд намуданд. Бо экспонатҳои дар музей ҷойдошта шиносоӣ пайдо намуданд. Бори дигар маҳорати роҳбарии вай дар он солҳои пуртаҳлука ва фазилатҳои неки инсонпарвариву адабиёту фарҳангдӯстиашро ёд карданд. Ин қабил тадбирҳо дар муассисаҳои ноҳияе, ки бо таклифи Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев номи Шароф Рашидовро гирифтааст, ташкил гардид ва хеле хотирмон буд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Вилояти ҶИЗЗАХ.


Мактаби махсуси математика дар Оҳангарон
Беҳуда нагуфтаанд, ки математика – шоҳи фанҳо. Президентамон зимни табрики муаллимону мураббиҳо дар иди касбиашон зарурияти омӯзиши таҷрибаҳои мактаби ба математика махсусонидашудаи Қарокӯлро, ки воқеъ дар вилояти Бухорост, алоҳида таъкид сохта буд. 
Инак, дар вилояти Тошканд мактаби «Оҳангарон – Қарокӯл» ташкил ёфт, ки дар асоси таҷрибаи қарокӯлиён дар он фанни математика амиқ омӯзонида мешавад. Ҷараёнҳои санҷишӣ барои ҷудо карда гирифтани беҳтарин донишандӯзон дар ду давр сурат мегиранд. Пештар 11 нафар беҳтарин омӯзгорони фанни математика ба ноҳияи Қарокӯл раҳсипор шуда ва таҷрибаи мактаби байналхалқии ба фанни зикршуда махсусондашударо омӯхта бошанд, инак 7 нафар омӯзгорон аз ин даргоҳ ба Оҳангарон омаданд, то дар сарасозии толибилмони синфҳои 7-8-9-10 аз ноҳияҳои Чиноз, Пскент, Бӯка ва шаҳрҳои Ангрену Олмалиқ ба мутахассисони маҳаллӣ кӯмак кунанд. Даъвогарон тақрибан якуним ҳазор нафар. Онҳо ба 15 савол (5-то аз математика, 10-то аз англисӣ) ҷавобҳои хаттӣ гардонданд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: