Дар доираи лоиҳаи «Журналист ва ҳаёт» бо унвони «Сирдарёи нави рӯ ба рушд» Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Сирдарё медиа-тур ташкил кард. Шуъбаҳои вилоятии ташкилоти зикршуда ва идораи ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ ҳамкорӣ намуданд.

Татбиқи чораҳои зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.

Татбиқи чораҳои зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъ гузаронида мешаванд, ки ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, решакан кардани омилҳои тавлидкунандаи коррупсия дар тамоми соҳаҳои давлат ва ҷомеа нигаронда шудаанд.
Бо мақсади омӯхтани муносибати ӯзбекистониҳо ба чунин падидаи иҷтимоӣ, ба мисли коррупсия, самаранокии чораҳо оид ба мубориза бо коррупсия Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар байни аҳолӣ пурсиши иҷтимоӣ  гузаронд. Дар ин пурсиш сокинони тамоми минтақаҳои кишвар, мардон ва занон, ҷавонон ва пиронсолон, аҳли шаҳру деҳот ширкат варзиданд.
Натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқоти «Афкори ҷамъиятӣ оид ба мубориза бо коррупсия» имкон медиҳанд, ки вазъи мавҷуда сари вақт ва боэътимод арзёбӣ карда шуда, дурнамои фаврии амалҳои минбаъда муайян карда шаванд, барои хулосаҳо дар бораи сабабҳо ва омилҳое, ки ба татбиқи самарабахши чораҳои саривақтӣ ва саркӯбии ҷиноятҳои коррупсионӣ халал мерасонанд, тавзеҳоти тамоюли ногузирии ҷазо, баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули муносибати тоқатфарсо ба коррупсия дар ҷомеа хидмат мекунанд.
Тадқиқот нишон дод, ки аксарияти пурсидашудагон (83,2 фоиз) мавҷудияти коррупсияро дар кишвар эътироф мекунанд ва чунин мешуморанд, ки коррупсия ба самаранокии қарорҳои қабулкардаи мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба ҳолати маънавӣ ва ахлоқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон зарар мерасонад, эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ ва адолат  паст мекунад.
Мувофиқи маълумоти 32,4 фоизи иштирокчиёни пурсиш, муносибатҳои бештар паҳнгаштаи коррупсия дар соҳаи шуғли шаҳрвандон мебошанд. Иштирокчиёни пурсиш қайд карданд, ки роҳбарони ташкилотҳо ва шӯъбаҳо, фирмаҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, дар масъалаҳои таъиноти кадрӣ, аз кор озод кардан, ба кор қабул кардан ваколатҳои амалан номаҳдуд доранд, яъне эҳтимоли муносибати субъективӣ ва ҳолатҳои коррупсия ҷой доранд, ки дар гирифтани манфиатҳои моддӣ аз шахсе, ки барои кор муроҷиат мекунад, ифода мегардад.
Дар низоми тандурустӣ, ба гуфтаи 32,4 фоизи шаҳрвандон, коррупсия дар пешниҳоди хидматҳои пулакӣ ва инъомдиҳии ғайриқонунӣ ба табибон барои он хидматҳое, ки онҳо бояд ройгон пешниҳод кунанд, инчунин дар он, ки шифокорон доруҳои гаронарзишро ба беморон барои подош аз таъминкунандагон ё истеҳсолкунандагони  маҳсулоти дорусозӣ тавсия медиҳанд, зоҳир мегарданд.
Дар ҷараёни пурсиш сеяки иштирокчиён қайд карданд, ки коррупсия дар системаи маориф васеъ паҳн шудааст. Шаҳрвандон алалхусус аз он дар изтиробанд, ки насли наврас ба соҳаи муносибатҳои коррупсионӣ шомил мешаванд, ки барои онҳо амалҳои коррупсионӣ ба як меъёри ҳаётӣ табдил ёфта, дар соҳаҳои дигар такрор мешаванд. Паҳншавии фасод дар муассисаҳои таълимӣ арзиш ва ормонҳои насли навро таҳриф мекунад.
Бо дарназардошти натиҷаҳои бадастомадаи омӯзиши иҷтимоӣ идома додани татбиқи чораҳо дар соҳаи маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Мониторинги афкори ҷамъиятӣ нишон дод, ки шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамчун омили самарабахши пешгирии чунин ҷиноятҳо зарур мешуморанд. Дар байни тадбирҳои дигари пешгирии коррупсия таҳия ва татбиқи системаи чорабиниҳои пешгирикунанда, аз ҷумла маҳдуд кардани ваколатҳои мансабдорон, назорати даромад ва хароҷоти тоифаҳои гуногуни ашхос, пешгирӣ ва фурӯ нишондани сӯиистифодаҳои гуногун дар хидмат, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии зидди коррупсия ва муносибати тоқатфарсо ба коррупсия дар ҷомеа, баланд бардоштани сифатҳои ахлоқӣ ва маънавии насли наврас ҷой доранд.
Ӯзбекистониён дарк мекунанд, ки давлат, низоми ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти идоракунӣ ва назоратӣ метавонанд бо коррупсия дар ҳамкории зич ва бо дастгирии бевоситаи фаъолонаи ҷомеа ва институтҳои шаҳрвандии он самаранок мубориза баранд. Бинобар ақидаи пурсидашудагон, иштироки ҷомеа дар мубориза бо коррупсия метавонад ҳам дар мавқеи фаъоли шаҳрвандон барои ошкор кардани ҳолатҳои коррупсия ҳам дар назорати ҷамъиятӣ аз ҷониби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода карда шавад.
Дар ҷараёни пурсиш беш аз нисфи пурсидашудагон динамикаи мусбати мубориза бо коррупсияро дар соҳаҳои ҷудогона муайян қайд карданд. Ба гуфтаи ҳар як иштирокчии сеюм, дер ё зуд аксарияти мансабдорони фасодзада дар назди қонун ҷавоб медиҳанд ва барои ҷиноятҳояшон ҷазо мегиранд.
Ӯзбекистониён интизор аст, ки фаъолияти Агентии мубориза бо коррупсия, ки моҳи июни соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, раванди муқовимат бо тамаъҷӯӣ ва ришваситониро ба сатҳи нав мебарорад, ба барҳам додани сабабҳо ва шароитҳои зуҳуроти фасодӣ дар ҳама соҳаҳо мусоидат менамояд, мавқеи Ӯзбекистонро дар рейтингҳои байналмилалӣ баланд мебардорад ва нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам мекунад.
Тибқи натиҷаҳои пурсиш, тақрибан сеяки посухдиҳандагон аз кори ВАО қаноатманд мебошанд. Ба ақидаи шаҳрвандон, ба туфайли кори воситаҳои ахбори оммавӣ раванди мубориза бо коррупсия барои мардум ошкоротар шудааст, хабарҳо дар бораи боздошти мансабдорони фасодзада бо тавсифи ҳолатҳои парванда зуд-зуд ба амал меоянд, ки ин аз миқёси маъракаи зиддикоррупсионӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, як қатор иштирокчиёни пурсиш чунин мешуморанд, ки ВАО-и ватанӣ ҳанӯз далелҳои мушаххаси ошкор кардани мансабдорони фасодзадаро ба қадри кофӣ фаврӣ, шаффоф ва ошкоро равшан намекунанд ва инчунин оид ба сабабҳои амиқи чунин падидаи ҷиноятӣ, аз қабили коррупсия, пайдоиш, миқёс ва дурнамои мубориза амалан маводи таҳлилӣ пешниҳод намекунанд.
Умуман, аксари ҳолатҳои зуҳури коррупсия ва ришваситоние, ки иштирокчиёни пурсиш шахсан бо онҳо рӯ ба рӯ шудаанд, бо тамаъҷӯӣ аз онҳо аз ҷониби мансабдорон бо истифода аз курсиҳои мансабӣ алоқаманданд. Аксар вақт, ба тамаъҷӯӣ шаҳрвандоне, ки ба соҳибкорӣ ва фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғуланд, кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дучор меоянд. Аксари пурсидашудагон дар чунин ҳолатҳо розӣ ҳастанд, ки барои ҳалли баъзе мушкилоти «муҳими»  ҳалношуда ба шахси мансабдор пора диҳанд. Ҳамзамон, ҳар як иштирокчии даҳумини  пурсиш посух дод, ки муроҷиат намудан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро афзал медонад. Баъзе пурсидашудагон намехоҳанд, ки рафтору кирдорашон ҷудо шуда истад ва  роҳи ҳалли мушкилотро бо додани пора ба мансабдор ҳамчун «меъёри» рафтор муайян мекунанд.Тадқиқот нишон дод, ки чунин омил ба монанди муносибати таҳаммулпазир дар ҷомеа ба ҳалли мушкилот ба воситаи ришва додан ба мансабдорон монеаи рӯзафзун дар решакан кардани коррупсия ва ришва мегардад. Ин аз зарурати идома додани корҳо дар самти паст кардани камтаҷрибагии иҷтимоӣ, ташаккули стандарти устувори рафтори зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандон, хусусан ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Ба ақидаи аксарияти иштирокчиёни пурсиш, дар стратегияи мубориза бо коррупсия, ки дар кишвар татбиқ карда мешавад, маҷмӯи чораҳои пешгирикунандаи ҳамаҷониба нақши ҳалкунанда мебозад. Стратегияи мазкур  метавонад сатҳи коррупсияро тавассути бартараф намудани заминаҳои зуҳури он, муайян ва кам кардани хавфҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, маърифати васеи зиддикоррупсионӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ ба таври куллӣ коҳиш диҳад.

Дар асоси маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» хабарнигори ӮзА О.ХАРЧЕНКО омода кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: