ХАБАРҲО

Ливо дар тасаввури хурдтаракон

Ливо дар тасаввури хурдтаракон

Ҳафтае, ки сипарӣ мешавад, аз чорабиниҳое бой буд, ки дар саросари мамлакат ба муносибати 29-солагии қабули Ливои давлатӣ гузаронида шуданд. 

Яке аз тантанаҳо дар муассисаи таълими томактабии рақами 539-уми ноҳияи Сергелии пойтахт, ки иштирокдорони он асосан хурдтаракон буданд, хотирмон сурат гирифт. Тарбиятгирандагони боғчаи бачагона исбот намуданд, ки дар заковат ва доираи ҷаҳонбинӣ аз калонсолон кам нестанд. Онҳо ливо ва дигар рамзҳои давлатиро шарҳ доданд, доир ба мавзӯъ шеърҳои ҷолиб хонданд, дар ҳузури меҳмононе, ки ташриф овардаанд, рақсидаву суруд хонда, бо баромадҳои бадеӣ ба онҳо таассуроти нек бахшиданд. Маҳорати бо меҳнати дастӣ доштаи тарбиятгирандагон низ санҷида шуд. Бо истифода аз ашёҳо дастони моҳир байрақчаҳо сохтанд. Беҳтаринҳо бо туҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд.

Ҳуқуқи бача

Масъалаи ҳарҷониба солим ба воя расондани фарзандон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, ба амал баровардани орзу ва ниятҳои поке, ки наврасон дар дил мепарваранд, аз асосҳои арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ҳисоб меёбанд.

 Дар пойтахт бо унвони «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак: норасоиҳо ва роҳҳои бартарафсозии онҳо» анҷумани байналхалқии тарзи онлайн рӯи кор омад. Дар он баробари намояндагони худӣ вакилон аз кишварҳои дунё ширкат ҷуста ва дар муҳокимаи масъалаҳо фаъолона иштирок карданд. Хусусан, роҳбарони ташкилот ва парлумонҳои ҷавонон аз Қирғизистон ва Афғонистон, спикерҳо аз кишварҳои рушдёфта доири ҳуқуқи кӯдак ва зарурияти муҳофизати манфиати ноболиғон бо баромадҳои худ эътибори иштирокдоронро кашиданд.
Дар доираи чорабинӣ афкори ҷавонони то синни 18 дар бораи мавзӯъ шунида шуд, ба саволҳои онҳо мутахассисон ҷавобҳо гардонданд.

Рӯзномаи электронӣ

Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ аз моҳи декабри соли равон эътиборан кушода шудани обуна ба рӯзномаҳои электронии донишандӯзон дар мактабҳои таълими умумиро эълон намуд. 

Нархи солонаи обуна – 9 ҳазору 200 сӯм. Ба оилаҳое, ки 3 ва аз он зиёд мактабхон доранд, нархи обуна 10 фоиз камтар. Падару модарон бо карта ё клик пул гузаронида ва обунаро ба роҳ гузошта, тавассути профилҳои худ ба нуқтаҳои даркорӣ ворид шуданашон мумкин. Рӯзномаи электронӣ то ин вақт дар 1557 мактаби таълими умумӣ ҷорӣ шуда ва аз онҳо 1484-тояшон пурра аз баҳри рӯзномаи коғазӣ баромадаанд.
Барои санҷиши баҳои хонандагони мактаб ҷорӣ шудани системаи электронӣ қулайиҳои зиёд дорад.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: