МӮЛАВУ СИРТИКОНРО ПАЙВАСТ

Қуллаҳои сарбафалаккашидаи силсилакӯҳҳои Нурато дар фасли зимистон ҳамеша барфпӯшанд.

Қуллаҳои сарбафалаккашидаи силсилакӯҳҳои Нурато дар фасли зимистон ҳамеша барфпӯшанд. Ҳамин ки баҳор омад, тармаҳо аз таъсири гармии офтоб об мешаванд. Оби сою рӯдаки деҳот туғён мекунад. Гоҳе аз боришоти пайдарпай ва шиддати борон оби сойҳо пур шуда, ба хоҷагии халқ зарар меоварад. Баъзан чорвои реза ва бому айвони боғҳоро бо худ мебарад. Ба ин сойи тезоб пулҳои ночору ларзон тоб намеоваранд. Ҷараёни тези об онҳоро вайрон мекунад. Мардум аз як соҳил ба канори дигари сой гузаштан наметавонанд. Ин ҳол барои деҳоти кӯҳпояи Нурато низ хос аст. Бачаҳо барои ба мактаб рафтан душворӣ мекашанд.
Ғами сохтани кӯпрук ва қулай шудани гузаргоҳи болои сой, таъмири роҳҳои дохилии деҳаро бештар касоне мехӯранд, ки барои ояндаи диёр, пешрафти ҷомеа бефарқ нестанд. Дар дил нисбат ба диёри худ  ҳисси ватанпарастӣ ва хайрхоҳӣ мепарваранд.
— Аввалҳо ҳам бачаҳо ҳангоми аз ин кӯпруки ларзон гузаштан биму ҳарос доштанд. 15 июли соли 2015 дар вақти селкӯчӣ кӯпрук вайрон гардид, яъне об шуста бурд, – мегӯяд собиқадори меҳнат, сокини маҳаллаи Мӯлаи деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш Шодиқул Муқбилов. – Ин кӯпрук гузаргоҳе буд, ки маҳаллаи Мӯларо бо Сиртикон мепайваст. Бачаҳо ҳам аз ҳамин пул гузашта, ба мактаб мерафтанд. Бо арзи матлаб, яъне барои созондани пули нав ба идораҳои зиёд муроҷиат намудем. Дар ибтидо сухани моро ҳеч кас гӯш накард. Баъд аз он ки Сарвари давлат ба роҳбарон дастур дод, ки арзу доди аҳолиро гӯш кунанд ва тамоили «на халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ ба халқ хидмат кунанд» ҷорӣ гардид, ин муаммо ҳам ҷиддӣ ба миён гузошта шуд, – мегӯяд Шодиқул Муқбилов. – Чандин бор ба идораҳои болоӣ арзи ҳол намудем. Ва ниҳоят баъди муроҷиатҳои пай дар пай, ки аз соли 2018 инҷониб идома дошт, нақшаи сохтани кӯпруки нав дар соли 2020 аз тарафи Сарвазири ҷумҳурӣ Абдулло Арипов тасдиқ гардид. 
Шодиқул Муқбилов солҳои сол дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми ноҳияи Фориш омӯзгорӣ кардааст. Ба насли наврас аз фанҳои забону адабиёти тоҷик сабақ додааст. Ба нависандаи ин сатрҳо ҳам ҳаққи устодӣ дорад. Дар дарсҳо аз комёбиҳои шогирдон меболиду аз бохташон меранҷид. Инак, дар синни нафақа ҳам барои халқ, беҳбуди сохтори деҳу маҳалли худ даву тоз дорад. Ба корҳои хайр даст задааст.
— Сохтмони пул аз моҳи август оғоз ёфт ва моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид, — гуфт сардори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Суҳроб сув таъмирчи» Ҷамолиддин Низомов. – Кӯпруки мазкур аз хокбардорӣ ва дамбакунӣ 180 метр тӯл кашидааст. Рӯйи кӯпрук 14 метр дарозӣ дорад. Бараш 6 метр аст. Баландии кӯпрук 2,7 метрро ташкил медиҳад. Барои сохтмон чил тонна семент, чор тонна арматура харҷ шуд.  Арзиши умумии он 380 миллион сӯм аст. Ҳоло дар деҳаи Илонлии ноҳияи Фориш низ ҳамин гуна кӯпрук месозем.
— Мо аз ғамхории сарвари давлат миннатдорем, – бо хушҳолӣ мегӯянд аҳли маҳалла. – Зеро муаммоҳои сокинони деҳаҳои дурдаст ҳам аз мадди назар дур намондааст. Дар ҳалли муаммо аз ёриву мадади хусусан нозири Назорати давлатии хоҷагии оби вилоят Ҷӯра Қараев, роҳбарияти вилояту ноҳия сипосгузорем.
Бояд гуфт, ин пул таҳти назорати Садорати вазъиятҳои фавқулодда қарор дорад. Акнун аз он на танҳо одамон, балки нақлиёт ҳам бемалол  мегузарад. Муҳимтар аз ҳама, халқи маҳаллӣ аз вай, ки мувофиқи талаботи муҳандисӣ сохта шудааст, ба таври фаровон истифода мебаранд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: