Хабарҳо

Бакалавриат акнун се сол

Бакалавриат акнун се сол

Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус дар самти бакалавриат аз 4 сол ба 3 сол кам шудани муддати таълимро дар қисме аз ихтисосҳо маълум намуд. Навигарӣ ба омодасозии кадрҳои педагогӣ мутааллиқ ва асосан фарогири соҳаҳои таълими амалӣ мебошад. Дар тарбияи ҷисмонӣ, таълими технологӣ, таълими ҳарбии тодаъватӣ, санъати тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ, дар муассисаҳои таълими томактабӣ – тарбияи ҷисмонию спорт ва мусиқӣ барин самтҳо эътиборан аз соли хониши 2020-2021 як сол ихтисор ёфтани муддати таълим, қабл аз ҳама, ба сарфаи вақт ва ҳарчӣ зудтар ба фаъолияти мустақилона пардохтани кадрҳои ҷавон дар шароите, ки мутахассисон дар як қатор дабистонҳои таълими умумӣ ва муассисаҳои таълими томактабӣ намерасанд, нигаронида шудааст, шарҳ дод масъули хидмати ахбори вазорати зикршуда Фарҳод Бабашев.

Эътибор ба модар ва тифл

Дар ҷумҳурӣ 56 фоизи аҳолиро вазни зиёдатӣ азият диҳад, дар хуни 46 фоиз вуҷуд доштани миқдори зиёди холестерин қайд шудааст. Бемориҳои бемаврид баробари калонсолон дар кӯдаку наврасон ба мушоҳида мерасад. Назар ба маълумотҳо, 14 фоизи бачаҳо камхунанд, дар 54 фоизашон моддаи меъёрии оҳан намерасад, дар сабзиши қади 8,7 фоиз муаммоҳо мавҷуд.
Дар анҷумани матбуотие, ки дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ баргузор гашт, Маркази дастгирии тарзи солими зист ва баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонии аҳолӣ аз ҳамин хусус маълум намуд. Дар чорабинӣ қайд гашт, эътиборан аз 1 июни соли 2021 занҳои ҳомила ва кӯдакдор, баробари ин хурдсолон ба ғамхории махсус фаро гирифта мешаванд. Бо витаминҳои даркорӣ ва озуқаи онҳо эътибор нигаронида ва дорувории махсус ройгон тақсим мешаванд. Ба тариқи таҷриба алҳол дар вилояти Сирдарё хонаҳои дуруст истеъмол сохтани озуқа ва бароҳгузории тарзи солими зист ташкил меёбанд. Баъдтар самараи ин таҷриба дар саросари ҷумҳурӣ татбиқ хоҳад ёфт.

Оқибатҳои истифодаи нодуруст аз дорувор

Аз 18 то 24 ноябри соли равон дар минтақаи Аврупо ҳафтавори дуруст истифода кардан аз дорувор ба амал омад.
Нодуруст истифода кардан аз дорувор оқибатҳои ногувор дошта, назар ба маълумотҳои Созмони тандурустии ҷаҳон аз асари он дар як сол 700 ҳазор нафар аз дунё чашм мепӯшанд. Бо назардошти ҳамин дар Ӯзбекистон низ дар масъалаи истифода аз антибиотикҳо чорабиниҳо рӯи кор меоянд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ҷудогона иборат аз донишҷӯёни донишкадаҳои тиббӣ ихтиёран ба маҳаллаҳо ва мактабҳо мебароянд, доири оқилона кор фармудани дорувор ва тарзи истеъмоли онҳо дарсҳои кушод ташкил менамоянд.
Маълум, ки ҳар навъ беморӣ дар навбати аввал ба кӯдак сироят мекунад, падару модарон бе ретсеп низ аз дорухонаҳо дорувор мехаранд, баъзе беморон сиҳат ёбанд, баъзе бо сабабҳои маълум ба бемориҳои нав мепечанд.
Ихтиёриён дар навбати аввал ҳамин ҷиҳатҳоро фаҳмонида, дар доираи ташаббусҳо таҳти шиори «Дар истифодаи дорувор алайҳи микробҳо якҷо амал менамоем» ба бачаҳо китоб ва дастуруламалҳои тиббӣ туҳфа менамоянд.

Тақдимоти маҷаллаи нав

Маълум, ки дар давраи пандемия соҳаи сайёҳӣ ба душворӣ рӯбарӯ омад, карантин ба туризм таъсири ногувор расонд.
Ин аст, ки барои барқарор сохтани соҳа, алалхусус рушду ривоҷи сайёҳии бехавф дар ҷумҳурӣ чораҳо андешида мешаванд.
Бо эҳтимоми Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ маҷаллае таъсис ёфт бо унвони «Uzbekistan travel». Дар пойтахт бо иштироки алоқамандони соҳа маросими муаррифсозии нашри нав баргузор гардид. Раиси кумита А.Абдуҳакимов ва дигарон таъкид карданд, вақти он аст эътибори сайёҳон ва зиёратгаронро ҳарчи зудтар ба Ӯзбекистон, ки аз кишварҳои зебои дунёст ва ҷойҳои таърихии ба худ хос дорад, ҷалб намоем, хусусан ба Индонезия, Малайзия ва Туркия барин давлатҳо, ки ба диёрамон таваҷҷӯҳи бештар доранд, рейсҳои ҳавоиро зиёд сохта, меҳмонхонаҳоро мувофиқи талаби замон ҷиҳозонем, хушсифатии хидматгузориро таъмин намоем.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: