Ба ифтихори 565-солагии Камолиддин Беҳзод БЕҲЗОД – НИГОРГАРИ НАВОВАР

Ҳунар яке аз зеботарин ҷилваҳои тамаддуни башарӣ аст ва ҳунари наққошӣ – ин зебоӣ ба беҳтарин шакл таҷассум мебахшад ва ёдгорҳои ба ҷой монда аз Камолиддини Беҳзод, – наққоши барҷастаи садаҳои нӯҳум ва даҳуми ҳиҷрии қамарӣ гувоҳии маҳкам барои ин иддаои мост.

Ҳунар яке аз зеботарин ҷилваҳои тамаддуни башарӣ аст ва ҳунари наққошӣ – ин зебоӣ ба беҳтарин шакл таҷассум мебахшад ва ёдгорҳои ба ҷой монда аз Камолиддини Беҳзод, – наққоши барҷастаи садаҳои нӯҳум ва даҳуми ҳиҷрии қамарӣ гувоҳии маҳкам барои ин иддаои мост. 
Камоллидини Беҳзод бо навовариҳои худ, дигаргуниҳои жарфӣ дар нигоргарӣ ва шеваи минётурсозӣ падид овард. Вай дар шаҳри ҳунарпарвари Ҳирот ба дунё омад ва бино ба ривоёти таърихӣ, Амир Рӯҳуллоҳ машҳур ба Мираки Хуросонӣ – наққош ва китобдори Султон Ҳусайн Бойқаро – подшоҳи темурӣ, парвариши ӯро бар ӯҳда гирифт. Дар чунин муҳите Камолиддин ба ҳунар алоқаманд шуд. Нахуст машқ омӯхт, сипас ба фарогирии тазҳиб пардохт ва наққоширо назди устодаш Мираки Хуросонӣ омӯхт. Гуфта шудааст, ки ӯ аз Пир Саид Аҳмади Табрезӣ, ки бо наққошии Чин ошно буд, дарси наққошӣ гирифт. Ҳунармандии Беҳзод таваҷҷӯҳи султон ва вазири адабдӯсти ӯ Амир Алишер Навоиро ҷалб кард ва Беҳзод ба раёсати китобхонаи Султон Ҳусайн Бойқаро гумошта шуд. Беҳзод баъдҳо ба дарбори шоҳ Исмоили Сафавӣ дар Табрез рафт ва ба раёсати китобхонаи шоҳӣ мансуб шуд. Беҳзод то поёни умр дар Табрез монд ва ба наққошиву омӯзиши минётур ва нигоргарӣ пардохт ва дар ҳамон ҷо даргузашт. 
Беҳзод бо баҳрамандӣ аз мероси гузаштагон ва ашрофи вижае, ки бар ҳунар ва дастовардҳои устодони пешини худ дошт ва ба далели ҷаҳонбинии ормонхоҳона ва инсонгароёнае, ки аз фазои равшанфикрии рӯзгори хеш ва вобастагиаш ба анҷумани фарҳангӣ-ҳунарии Амир Алишер Навоӣ ва ҳамнишинӣ бо Мавлоно Ҷомӣ ба даст оварда буд, ба дунболи ёфтани роҳҳои навине дар ҳамоҳангсозии нафиси мероси ҳунарӣ бо масоил ва иқтизоёти замона, заруратҳову мабонии фикрӣ ва мутаоливу хоси хеш ва техникҳои навини мубтанӣ бар халлоқияти фардӣ буд. Навовариҳои ӯ дар нигоргарӣ дар робита бо ирфон ва ҳақиқат, адабиёт, табиат ва воқеият шакл гирифтааст. Шеваҳои навине, ки тавонист  онҳоро дар ду ҳавза пардозишу техник ва мавзӯъҳову мазмунҳо муҳаққақ созад. 
Дар ҳавзаи техник ва фунуни иҷроии умдаи осори Беҳзод дар хидмати бознамоиҳои вақоеи таърихӣ бар асоси гузориши муосирон, ҳаммонанди “Зафарномаи темурӣ” аст, ки ба сабти вақоеи таърихии Амир Темур ва гузориши ҷангҳову бозсозҳои ӯ мепардозад. Дастаи дигар ба тасвири чеҳраҳо ё руйдодҳои воқеиву зинда ва гурӯҳе аз осор низ ба нигориши тасвирҳои марбут ба китоб ва ё нигораҳои мустақил аз матни адабӣ ихтисос дорад. Дар ин ҳавза Беҳзод тибқи суннати нигоргарии пешин вижагиҳои табииро барои тасвири ҷаҳони воқеӣ ва ирояи гузоришҳои мусаввар ба кор мегирад, аммо бо дамидани руҳ ва мунҳасир ба фард кардани ҳар як аз шахсиятҳо ва тасвирҳо, онҳоро ба ҳаракат дар меоварад ва бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои фикрӣ ва нигоҳи ботафовут ба инсон ва фаъолиятҳои иҷтимоии инсонҳо, эҳсосу хирад ва тааққулро ба гунае ҳунармандона ва мутаодил дар осораш ба кор мегирад ва воқеияте шоирона аз инсон тасвиргарӣ мекунад.
Пайкараи инсонӣ яке аз унсурҳои муҳими наққошии эронӣ ва Камолиддини Беҳзод аст. Шеваи тарроҳӣ ва нигориши таносуботи он мутаассир аз мабонии зебоишиносии эронӣ ва баёнгари воқеъбинӣ аст. Баррасии пажӯҳишгарон нишон медиҳад, ки танаввуи ғолиби пайкараҳо дар осори наққошии Беҳзодро метавон дар се дастаи мавзӯӣ – пайкараҳои тағаззулӣ, пайкараҳои дарвешию сӯфии маслакона ва пайкараҳои оммаи мардум табақабандӣ кард. Мазмуни аслии пайкараҳои тағаззулӣ баргирифта аз адабиёт ва достонҳои манзуми форсӣ аст. Ҳатто бахше аз унсурҳои зебоишиносии ин пайкараҳо бо васфи зебоишинохтии инсон дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мутобиқат дорад. Пайкараҳои дарвешӣ ва сӯфии маслакона низ баргирифта аз боварҳову ақоиди тасаввуф аст ва ба навъе бо равнақи маҳофили сӯфиёна дар Ҳирот марбут мешавад. 
Ҷони калом ин аст, ки Камолиддини Беҳзодро метавон нобиғаи навовар,мубтакир ва ростини рӯзгори худ донист, ки фарохури муносиботи рӯзгор ва бо баҳрагирӣ аз вижагиҳои ҳунарии милали мухталиф, сабки нав ва даричае ҷадиду арзишманд ба рӯйи ҳунарнигоргарӣ дар пайванд бо адабиёт, ирфон, инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ кушодаст. 
Камолиддини Беҳзод, яке аз ифтихор ва бузургонест, ки миллатҳои дӯст ва бародари минтақаҳоро ба ҳам пайванд медиҳад ва мавриди эҳтирому ситоиши ҳунармандон ва мардуми ҳама кишварҳо аст. Пешниҳод медиҳам, маросими бузургдошти ин шахсияти барҷаста дар соли оянда, аз сӯйи аҳли ҳунар ва фарҳанги кишварҳои ҳамсоя ба сурати муштарак баргузор гардад. 

Ҳамид НАЙИРОБОДӣ, 
сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: