ҶАШНВОРАИ САНЪАТИ АМАЛӢ ВА ТАСВИРӢ

Аз 17 то 21 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ва сартосари кишварамон бахшида ба соли 2018 – Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология «Ҷашнвораи санъати тасвирӣ ва амалӣ»-и анъанавӣ баргузор мегардад. Дар чорабинии бахшида ба маросими ифтитоҳии ҷашнвораи мазкур, ки дар толори Маркази намоишгоҳҳои Тошканд ташкил гардид, аз ин хусус сухан рафт.

Аз 17 то 21 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ва сартосари кишварамон бахшида ба соли 2018 – Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология «Ҷашнвораи санъати тасвирӣ ва амалӣ»-и анъанавӣ баргузор мегардад. Дар чорабинии бахшида ба маросими ифтитоҳии ҷашнвораи мазкур, ки дар толори Маркази намоишгоҳҳои Тошканд ташкил гардид, аз ин хусус сухан рафт. 
Дар он эҷодкорон, намояндагони вазорату идораҳои давлатию ҷамъиятӣ, сафирони сафоратхонаи хориҷӣ, донишҷӯёну донишомӯзони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар иштирок карданд. 
Тавре ки таъкид шуд, фестивали мазкур аз соли 2000-ум ҳамчун иқдом баргузор мегардид, солҳои охир вай ба лоиҳаи миқёси байналхалқӣ табдил ёфт. Соли ҷорӣ дар ин ҷашнвора намояндагони 14 мамлакати хориҷӣ, аз ҷумла Латвия, Эрон, Гурҷистон, Белорус, Индонезия, Ҳиндустон, Чин, Исроил, Русия, Ҷопон, Руминия, Словакия, Украина ва Итолиё бо асарҳои санъати тасвирӣ ва амалии худ иштирок менамоянд. 
Пас аз маросими ифтитоҳӣ дар гирду атрофи толори Маркази намоишгоҳҳои маъмурияти намоишгоҳҳои бадеии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон маросими «Ҳафтаи маданияти ваколатхонаҳои хориҷии воқеъ дар Ӯзбекистон» ва намоишгоҳи рассомони Ӯзбекистон гузаронда шуд. Дар дохили он намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва амалии рассомон, хаттотон ва эҷодкорони мамлакатҳои хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар атрофи марказ бошад, намоиши маҳсули эҷодии хонандагону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳои касбу ҳунар ва мактаб-интернатҳои ихтисосонидашудаи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, ки дар самти санъати тасвирию амалӣ, тарроҳӣ, меъморӣ ва сохтмон фаъолият доранд, гузошта шуданд. 
Боиси қайд аст, ки дар давоми ҳафта дар ҳудуди боғ ва толори Маркази маъмурии намоишгоҳи бадеӣ, осорхонаи санъати миниатюраи Шарқ ба номи Камолиддин Беҳзод, Корвонсарои байналхалқии мадании Икуо Хирояма бо иштироки академикҳои Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон ва рассомони хориҷӣ вобаста ба санъати амалӣ, графикаи китоб, ранги бадеӣ, рангтасвир, графика, миниатюра, сафол ва ғайра дарсҳои маҳорат гузаронида мешаванд. Дар Хонаи суратҳои Тошканд намоиши асарҳои хонандагону омӯзгорони коллеҷи рассомии ҷумҳурӣ ба номи П.Бенков, коллеҷи дизайни ҷумҳурӣ, коллеҷи санъати тасвирӣ ва амалии Қӯқанд баргузор мегарданд. Дар доираи ҷашнвора бори нахуст иштирокдорони артсимпозиум ARTSCENOFEST намоиши Work-shop-ро ташкил мекунанд. Бурди ин иқдом аз он иборат мебошад, ки дар вай имконияти мушоҳида кардани омезиши театр бо санъати замонавӣ фароҳам меояд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: