«АЛПОМИШ» ДАР САҲНАИ ТЕАТРИ МИЛЛӢ

Мо чанде қабл кам хабар надоштем, ки дар саҳнаи театрҳои вилоятӣ кадом асарҳо гузошта мешаванд ва маҳорати актёрони маҳаллӣ то куҷост.

Мо чанде қабл кам хабар надоштем, ки дар саҳнаи театрҳои вилоятӣ кадом асарҳо гузошта мешаванд ва маҳорати актёрони маҳаллӣ то куҷост.
Вақте спектакле тавассути шабакаи телевизиони марказӣ ба мардум пешниҳод мегардид, медидем, ки нақшҳои асосиро чеҳраҳои  шинохта ё машҳури ҳунар мебозанд.
Ҳоло ба туфайли насими тозае, ки ба боғи аҳли ҳунар мевазид, театрҳои вилоятӣ бо спектаклҳои худ зуд-зуд меҳмони театрҳои пойтахт мегарданд. Бобати ба меҳмонӣ даъват кардани театрҳои маҳаллӣ Театри миллии пойтахт пешсаф аст.
Ба қарибӣ Театри драмавӣ-мусиқии вилояти Сурхондарё дар саҳни Театри миллии пойтахт аз рӯйи сенарияи шоир Усмон Азим спектакли «Алпомиш»-ро намоиш дод.
Достони «Алпомиш», ки онро бахшиён бо завқ месароянд, дар байни  халқ маҳбубияти зиёд дорад. Ин паҳлавон ва қаҳрамони афсонавӣ, ки аз байни халқ баромадааст, мисли Рустами достон мағлубнопазир аст.
Воқеа-ҳодисаҳои асар дар Бойсуни бостонӣ, ки зодгоҳи Алпомиш аст, сурат мегиранд. Алпомиш писари Бой Бурӣ ва Кунтуғмиш алайҳи таҳқир ва беадолатию зӯровариҳо мубориза мебаранд. Аммо нерӯҳои бадӣ, таҳти роҳбарии Ултон Тоз ҳоли Алпомиш ва халқи оддиро танг мекунанд. Сохтаном Ултон Тоз, ки худро сарвари қавм ва Алпомиш эълон кардааст, ба одамонаш мефармояд, ки Алпомишро маҳв созанд. Вале ӯ ба бахти падару модар, зану фарзанд ва халқи оддӣ зинда мемонад. Бо азобу машаққати зиёд дар сурати хидматгузор ба Ватан бармегардад. Муборизаро алайҳи зӯроварон пинҳонӣ давом медиҳад.
Ултон Тоз ба падару модари Алпомиш ситам мекунад, онҳоро маҷбур месозад, ки вайро Алпомиш – фарзанди худ хонанд. Ҳамсари Алпомиш – Барчинро ба никоҳи худ дароварданӣ мешавад. Вале садоқати Барчин пирӯз меояд. Вай ба фиристодагони Ултон Тоз – хостгорон чунин посух медиҳад. «Ман натанҳо 7 сол, балки 700 сол гузарад ҳам Алпомишамро мунтазир мешавам. Вай зинда аст!».
Барчин дар ниҳояти кор либоси мардона пӯшида алайҳи Ултон Тоз набард мекунад. Алпомиш  аз ҳамаи ин огоҳӣ дошт. Миёни дастаи Барчин ва лашкари Ултон Тоз ҷанг оғоз меёбад. Алпомиш халқро ба пой мехезонад. Лашкари Ултон Тоз мағлуб мегардад. Нур ба торикӣ пирӯз меояд. Дурафтодагон ба дидор ва висоли якдигар мерасанд. Адолат тантана мекунад...
Спектакли «Алпомиш» баҳри дар рӯҳи ватанпарварӣ, садоқату муҳаббат ба падару модар ва оила тарбия кардани ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Нақшҳои асосӣ: Алпомишро ҳунарпешаи бомаҳорат Фарҳод Болтаев, падари ӯ Бой Бӯриро Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Ҳамид Орипов, модари Алпомиш – Кунтуғмишро Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Гулнора Равшанова ва ҳамсари Алпомишро ҳунарпешаи бомаҳорат Нигора Аҳмедова ва образи манфӣ – Ултон Тозро Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон – Чоршанбе Чориев иҷро кардаанд.
Бояд ёдрас кард, ки яке аз нақшҳои эпизодиро (хостгор) овозхони хушадо ва актёри бомаҳорати театри мазкур, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хайруллоҳи Насриддин иҷро кардааст.
Савту сурудҳои фолклорӣ ва рақсҳои барои такмили мазмуну муҳтавои спектакл иҷрогардида, ба  асари саҳнавӣ ҷозибаи тоза бахшиданд.

А.СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: