ТАНЗИМИ ТӮЙ ВА МАРОСИМҲО – ТАҚОЗОИ ДАВР

Тӯю маросимҳо — оинаи фарҳанг

Дар доираи ҳаёти оилавӣ тӯй, ҷашн ва маросимҳое дорем, ки дар онҳо ҳамсоягон, аҳли маҳалла, хешу пайвандон ва меҳмонон аз наздику дур иштирок менамоянд. Чӣ тавр гузаронидани онҳо баъзан ба хоҳиши шахсии мо вобаста нест. Дар ин самт бояд аз рӯйи нишондодҳои ҷамоат амал намуд, ба қонуну қоидаҳо, ки муқаррар карда шудаанд, риоя кард. Бад-ин маънӣ, танзими маросимҳои тӯю азо, зинда кардани анъанаҳои неки аҷдод, ҷорӣ сохтани беҳтарин анъанаҳои замонавӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.
Дар ҳузури ҷамоаҳои шаҳрвандӣ комиссия ва гурӯҳҳои корие созмон дода, ки онҳо барои ривоҷи анъанаҳои нек ва камхарҷу батартиб гузаштани маросимҳои тӯю азо масъуланд. Боз медонем, дар байни ҷамоат ба ғайр аз қонунҳои расмӣ аз қадим боз қонунҳои нонавиштае амал менамоянд, ки бояд ҳама ба онҳо риоя намоянд. Дар бисёр ҷойҳо ин қоида ба таври қатъӣ ҷорӣ шудааст: касе, ки худсарона суннатҳои писандидаи мардумиро вайрон мекунад, радди маърака мегардад. Вале дар баъзе маҳалҳо, мутаассифона, ба низом ва қоидаҳои тӯй, нозукиҳои маросими мотам амал намекунанд. Оинҳоро кӣ вайрон мекунад?
Имрӯзҳо баъзе қоидаҳои нестдарҷаҳоне баромадаанд, ки на ба оинҳои куҳна созгор меоянд, на ба таомулҳои нав. Нафақат дар шаҳрҳо, балки дар деҳот гузаронидани маъракаҳои дабдабанок дар тӯйхонаҳои пуршукӯҳ расм шудааст.
Замонҳое расму оинҳои замонавӣ ҷорӣ менамоем, гуфта «тӯйҳои сурх» ташкил намудем. Рӯйи мизҳоро дар ҷашни арӯсӣ бо шишаҳо оростем. Аз таъсири шароб «сурх» шуда, дар давра, дар ҳузури ҷомеа, он чӣ диламон мехост, кардем. Шарм, ба гуфте, дар бозори чарм монд... Ҳамин буд моҳияти «сурхӣ»-и тӯйҳои нав?
Ҳол он ки тӯй мероси наҷиб аз аҷдод, зиннати зиндагист. Ба мардум тӯй дода, дасти писарбачаҳои худро «ҳалол» мекунем. Баъде духтар ё писарамон ба синни балоғат расид, бо ҳазор орзуву ниятҳои пок ба ҷуфт кардани сари онҳо мекӯшем. Барои тӯйе, ки як-ду рӯз давом мекунад, дурудароз тайёрӣ мебинем. Солҳои тӯлонӣ нахӯрдаву напӯшида, пайи ҷиҳоз ҳаракат мекунем. Чӣ қадар мехоҳем дастархоне, ки кушодаем, аз нозу неъмат саршор бошанд. Бо хурсандиҳо гузаштани маъракаҳо – бахти соҳибтӯй. Вале гоҳо, бинобар серхарҷии маъракаҳо, соҳиби тӯй қарздор мешавад. Қарзро пардохта-напардохта, ташвишҳои тӯйи фарзандони дигар пеш меоянд. Дар баробари доро ва миёнҳолон, охир, камбизоатҳо зиёданд. Онҳо ҳам маҷбуранд ба ҳамсояҳо, ба ҳаммаҳаллаҳо пайравӣ намоянд.
Барои қисме аз серпулҳои навбаромад се воситаи асосии худнамоӣ мавҷуд: автомобил, хона ва бӯстонсаройҳои қасрмонанд, тӯй ва маъракаҳо. Хусусан, маъракаҳои тӯй ва азоро серхарҷ гардонидани онҳо ташвишовар аст.
Чӣ будани тӯй, ки онро «муҳими хайр» низ меноманд, ба ҳамаамон маълум. Падар ва бобоёни мо маблағ ва пасандози бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин андӯхтаашонро барои тӯй сарф мекарданд. Истифодаи як тини ҳаром, гумоне, ба «муҳими хайр» мувофиқ намеомад.
Пеш аз тӯй ёру дӯст ба хонаи тӯйдор ҷамъ омада, ба дами вай дастгир мешуданд. Дар саранҷом кардани корҳои хона кӯмак мерасонданд. Манзили соҳиби тӯй баъди таъмиру тармим файзи дигар ба худ гирифта, бо шарофати тадбир бисёр норасоиҳо дар хонадон буд мешуданд. Ва ҳар касе қадам ба тӯйхона ниҳод, ният мекард шодию хуррамӣ дар ин ҷо пойдор бимонад. Ба навхонадорон ҳаёти ширин насиб кунад. Хурсандиҳо бо сурурҳои нав пайваст шаванд.
Дар як қатор шаҳру деҳот ин анъанаи нек ҳанӯз давом мекунад. Одамон аз дуру наздик ба тӯйҳо барои муборакбодии тӯйдор, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва шарик шудан ба хурсандиаш мераванд. Дастурхони соҳибтӯй, тавре ишора рафт, маҳз бо нияти хайру эҳсон, шодиёнаи расидан ба ин гуна рӯзҳои нек, ки як умр орзу карда мешаванд, боз мегардад. Дар сари дастурхон даст ба дуо кушода, ҷамъшудагон, хусусан шахсони солхӯрда, беҳтарин орзу ва ниятҳояшонро дар ҳаққи тӯйдор, дар ҳаққи онҳое, ки дар остонаи ҳаёти мустақилона қарор доранд, баён менамоянд. Тӯй, бад-ин маънӣ, нишон ва шодиёнаи бунёди боз як оилаи ҷавон, ба хонадон ҳамроҳ шудани боз як узви нав мебошад.
Вале баробари ҳамин тавре ба назар мерасад дастархонҳо маҳз барои худнамоӣ кушода ва мардум бо мақсади шикамсеркунӣ ба тӯйҳо меоянд. Аз ҳаракатҳои ноҷои шахсони ширакайф табъ мекоҳад. Ҷойи он ки ҷиҳатҳои маънавию мадании маъракаҳоямон такмил диҳем, ба ҳою ҳаваси беҳуда дода мешавем. Оддиву камхарҷ, зебову шавқбахш рӯйи кор омадани тӯй ва маъракаҳои мо бо муаммоии худ монда, иллатҳо чуқуртар реша медавонанд. Тӯй агар пурдабдаба ва миёншикан аст, онро «иди зебоӣ», тантанаи ба дилу рӯҳҳо завқбахшанда номидан мумкин?
Бо назардошти ба аҳамияти алоҳида моликии ба тартиб даровардани маросим ва тадбирҳои оилавӣ чанде пеш иҷлосияи умумии чаҳордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор «Дар бораи мураттабсозии баргузор намудани тантанаҳои тӯй, оилавӣ, ҷашнӣ, маросим ва тадбирҳои ёдбуди оилавӣ бахшида ба хотираи марҳумон»-ро қабул намуд. Бино бар ин қарор доир ба омӯзиши афкори ҷамъият дар бораи мураттабсозии тадбирҳои оилавӣ Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Вазифаҳо оиди омӯзиши аниқи анъана ва таомулҳои хос дар ҳар як минтақа доири баргузории тантана ва маросимҳои оилавӣ муайян гардиданд.
Барои ба тартиб андохтани тӯй, ба талаботи замон мувофиқ гардондан, камхарҷу мазмуннок сурат гирифтани тадбирҳои оилавӣ хуб мешуд нафақат фаъолони маҳалла ва ҷамоаҳои шаҳрвандӣ, балки ҳар яки мо кӯшиш намоем, тӯй ва тадбирҳоямонро тавре намунавӣ ташкил намоем, ки онҳо воқеан ба кас завқу сурур бахшанд, маърифат ва маънавиятамонро ривоҷ бахшанд. Вақте аз рӯйи меъёр аст, ҳар тадбир, бешубҳа, зебо ва хотирнишин мегузарад. Бо тӯй ва маросимҳои оилавии содда, камхарҷу сермазмун, ки ба одатҳои азалиамон ҳамоҳанганд, мардуми сахиқалб ва софнияти мо самимият, инсонигарӣ, меҳмоннавозии худро ифода менамоянд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: