ХИЁБОНИ КОНФУТСИЙ ДАР САМАРҚАНД

Навид

Пас аз ташрифи сарвари кишвари мо ба Пекин дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд сохтмони муҷассама ва хиёбони файласуф ва мутафаккири қадими Хитой Конфутсий оғоз ёфт.
Соли 551-уми то милод ба зану шавҳар Шулян Хэи 63-сола ва канизаки 17-сола Ян Чжэнсзай Худо писарча дод. Аз рӯйи ривоят модар барои таваллуди фарзанд зери дарахти тути болои талро муносиб донист. Ҳангоми таваллуди писарак чашмаи шаффоф фаввора зад ва навзодро дар он шустанд. Сипас чашма хушк шуд.
Афсӯс, ки баъди яксолагии Конфутсий падараш чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Ба Ян Чжэнсзай, ки зани хурдӣ буд, рӯз нишон надоданд ва ӯ ба ҳавлии  наздикони худ омад. Ана ҳамин тавр мутафаккири оянда аз айёми кӯдакӣ азобу маҳрумиятҳо дид. Модар ба фарзанд талқин мекард, ки соҳиби илму фарҳанг шуда, вориси муносиби сулола гардад. Гарчанд оилаи хурд дар қашшоқӣ умр ба сар мебурд, аммо писарак бо ҷиддият меҳнат мекард, ки дониш омӯзад. Ӯ дар 20-солагӣ дар хонигарии Лу мудири анбор таъин гардид, баъд барои чорво ҷавобгар шуд.
Соли 528-уми то милод модараш вафот кард. Аз рӯйи анъанаи мотам писар ба муддати се сол истеъфо дод, ки он ба файласуф барои омӯхтани китобҳои қадим ва эҷоди қонун оиди сохтмони давлати мутаносиб имконият дод. Вай дар 44-солагӣ ҳукмрони хонигарии Лу шуда, хидмати қозигӣ ва ғайра мекард. Аммо баъзе беадолатӣ ӯро маҷбур кард, ки ба истеъфо барояд ва ба шаҳру ноҳияҳои Хитой бо шогирдон саёҳат намояд. 
Ақидаҳои муҳимтарини Конфутсий дар китоби «Сӯҳбатҳо ва муҳокимаҳо» ифода ёфтаанд, ки мавзӯи асосии он ахлоқ ва сиёсат аст. Конфутсий ҳамчун «муаллими 10 ҳазор насл» эътироф шуда, то ибтидои инқилоби буржуазии Синхай сазовори эҳтиром шуд. Бояд таъкид намуд, ки таълимоти ахлоқию сиёсии ӯ дар Хитойи қадим дар тӯли беш аз ду ҳазор сол таъсири калон расонидааст. Вай дар 72-солагӣ бандагиро баҷо овард ва аз худ ному хотираи нек гузошт.
– Дар шаҳри мо бунёд гардидани хиёбони Конфутсий ва гузоштани муҷассамаи вай сабаби зиёд дорад, – гуфт проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фанҳои физика-математика Аҳмадҷон Солеев, – зеро Конфутсий яке аз асосгузорони донишгоҳ дар Хитой мебошад. Дар асоси таълимоти ӯ ситорашинос ва мунаҷҷими маъруфи Шарқ Мирзо Улуғбек беш аз 600 сол қабл аз ин мактаби илмии Самарқандро ташкил карда буд. Натиҷаҳои кори илмии чандинсолаи таълимгоҳи мазкур дар китоби «Зичи кӯрагонӣ» ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. 
Хиёбони Конфутсий гулзор ва дарахтзор шуда, ба ҷойи истироҳати толибилмон табдил хоҳад ёфт. Хиёбонро панду ҳикмати файласуф зеб медиҳад, ки меҳмонону мизбонон баъди мутолиа ғизои маънавӣ мегиранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: