«ИЛМРО БАР ДИЛ ЗАНӢ ЁРЕ БУВАД...»

Бештари мо фикр мекунем, ки ҷойи зан дар оила аст ва ӯ, асосан, бо тарбияи фарзандон сарукор дорад.

Бештари мо фикр мекунем, ки ҷойи зан дар оила аст ва ӯ, асосан, бо тарбияи фарзандон сарукор дорад. Вале имрӯз дар ҷамъиятамон заноне ҳастанд, ки баробари фаъол будан дар тарбияи фарзандон, дар зинаҳои муҳими ҷамъият низ кору амалашон натиҷаи матлуб мебахшад.


Қаҳрамони ҳикояи мо мудири кафедраи «Таърихи Ӯзбекистон»-и Донишкадаи муҳандисию иқтисодиёти Қаршӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Юлдуз Эргашева мебошад.
Ин зани донишманд, ки 35 сол боз ба насли ҷавон таълиму тарбия медиҳад, яке аз муаррихони шинохта ва обрӯманди кишварамон маҳсуб меёбад.
Дар таърихи Ватанамон аз ҷониби Ю. Эргашева бори нахуст тамоюлҳои рушд ва мушкилоти  таърихи маданияти Ӯзбекистон тибқи методологияи назарии нав дар маҷмӯъ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамчунин, олима дар баробари кушода додани моҳияти сиёсати сохти мустабид дар соҳаи маданият, ба таҳлили ретроспективию қиёсии сиёсатҳои маънавию мадании даври сохти тоталитарӣ ва истиқлолият рӯ овардааст. Ӯ дар соҳаи таърихи маданияти Ӯзбекистон муаллифи беш аз 250 кори илмӣ, аз ҷумла, 4 дастури хониш, 5 монография, 7 рисола, матни ду маърӯза, 17 дастури таълимӣ ва таълимию методӣ, 19 маърӯзаи анҷумани байналхалқӣ ва 3 грант (лоиҳа) мебошад.
Мақолаҳои илмии олима дар маҷаллаҳои илмии Хитой, Туркия, Олмон, Русия, Булғория, Украина, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Қазоқистон,  Қирғизистон рӯйи чопро дидаанд. Тайи се соли охир 2 дастури таълимӣ, 3 монография, беш аз 70 мақолаи илмиаш дар нашрияҳои хориҷӣ чоп шудаанд. Ба ҷуз ин, бо ҳамкории профессори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ, доир ба мавзӯи «Алломаҳои бузурги соҳаи дини Осиёи Марказӣ» дастури таълимие интишор дод, ки дар ҷараёни таълимии ду мамлакат васеъ истифода бурда мешавад.
— Юлдуз Эргашева ба сифати бонуи ибратпазири оила, модари ду фарзанд, инсони хоксору фидоӣ, муҳаққиқи дақиқназар дар байни аҳли илми вилоят ва ҷумҳурӣ маҳбубият дорад, — мегӯяд ректори Донишкадаи муҳандисию иқтисодиёти Қаршӣ О. Бозоров. — Ӯ дар вилоятамон нахустин занест, ки ба дараҷаи доктори илм, профессор шарафёб шудааст. Корҳои илмию тадқиқотии олима бо ҷараёни таълим иртиботи ногусастанӣ дорад, ба рушди илму таълим ва интегратсияи истеҳсолот саҳм мегузорад. Дар кафедра ҳар сол таҳти роҳбарии ӯ доир ба мушкилоти таърихи Ӯзбекистон конфронсҳои илмӣ баргузор мешаванд. Аз ҷумла, 12 конфронси илмии ҷумҳуриявӣ, 1 семинари илмии байналхалқӣ ва 2 семинари илмии минтақавӣ созмон дод ва 15 маҷмӯаи илмиро ба дасти чоп супурд.
Моҳи сентябри соли 2017 дар мактаби ЮНЕСКО, ки дар доираи анҷумани байналхалқии «Глобалистика — 2017» созмон дода шудааст, аз фанҳои иҷтимоӣ ба малакааш афзуда, соҳиби сертификат гардид. Ба ҷуз ин, таҳти роҳбарии илмии ӯ тӯли солҳои 2008- 2019 7 номзади илм ва 2 магистр тайёр карда шуд. Солҳои 2018-2020 се шогирдаш аз илми таърих дараҷаи доктори фалсафаро ба даст дароварданд. Дар ҳоли ҳозир таҳти роҳбарии олима ҷамъ 11 нафар рисолаи докторӣ ва магистриро барои дифоъ омода мекунанд.
Юлдуз Эргашева дар ҷараёни таълим технологияҳои педагогии пешқадамро бо рӯҳи замон ва ғояҳои истиқлолияти миллӣ ҳамоҳанг месозад. Ӯ аз соли 2012 инҷониб раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи «Олима»-и занону духтарони Ӯзбекистон мебошад.
— Имрӯз чун дар ҳамаи зинаҳои низоми таълим дар бахши таълими олӣ низ корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд, — мегӯяд Ю. Эргашева. — Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълими олӣ қабл аз ҳама ба сифати таълим, омода кардани кадрҳои рақобатпазир эътибор дода мешавад. Ҳоло теъдоди муассисаҳои таълими олӣ аз 120-то зиёд аст. Созмон дода шудани шуъбаҳои МТО (муассисаҳои таълими олӣ)-и бонуфуз дар минтақаҳо, сол аз сол афзудани шумораи хатмкунандагон, ба қавли Президентамон далели он аст, ки вазифаҳои дар пеш гузошташуда бемайлон ба амал татбиқ мегарданд. Дар низоми баъдии таълими олӣ бошад, ба масъалаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ рӯйи эътибор гардонда мешавад. Солҳои баъдӣ бино ба самтҳои гуногуни илму фан докторҳои илм рисолаҳои илмию тадқиқотии худро бомуваффақият дифоъ намуда, ба рушди илму фанни мамлакат саҳми сазовор мегузоранд.
Бояд гуфт, ки қаҳрамони мо ба сифати депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилоят аз соли 2015 инҷониб тибқи муроҷиати шаҳрвандон ба созмонҳои дахлдор рӯ оварда, дар ҳаллу фасли мушкилоти интихобкунандагон низ кӯмакҳои амалӣ мерасонад. Ӯ ба сифати раиси комиссияи доимӣ бино ба «Рушди соҳаи иҷтимоию маданӣ, масъалаҳои оила, занону духтарон ва ҷавонон»-и  Шӯрои вилоятии депутатҳои халқ низ бобати ҳалли мушкилоти занону духтарон ва ҷавонон дар маҳалҳо кӯмак мерасонад.
Хидматҳои Ю. Эргашева аз ҷониби Кумитаи занону духтарони Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, роҳбарияти донишкада ва ҳокимияти вилояти Қашқадарё борҳо тақдиронида шудааст. Ӯ соли 1999 бо нишонаҳои сарисинагии «Аълочии таълими олӣ», соли 2016 — «Ӯзбекистон мустақиллигига 25 йил», соли 2017— «Ӯзбекистон Конститутсиясига 25 йил» сарфароз гардонда шудааст. Мавсуф, бо назардошти меҳнати сидқидилонааш, дар арафаи 29- умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ордени «Дӯстлик» сазовор дониста шуд.
Гӯё байти зерин нисбати қаҳрамони мо гуфта шудааст:
Илмро бар дил занӣ, 
ёре бувад.
Илмро бар гил занӣ, 
хоре бувад.

Ӯ. БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: