Барномаи «Деҳаи обод» – дар амал

ЭШОНОБОД: ШАҲР Ё ҚИШЛОҚ?

Дар шумораи гузашта хабар дода будем, ки дар яке аз ноҳияҳои вилояти Тошканд деҳае бо номи Эшонобод ба шарофати Барномаи «Деҳаи обод» ончунон дар ҳусну мазмун тағйири рангу сират намуд, ки аз нигоҳи шароиту инфрасохтор ва маданияти оддии рӯзгор аз марказшаҳрҳои ҷумҳурӣ монданӣ надорад. Ба ҳамаи ин бозсозии ҳаёти иҷтимоиву маданӣ ва иқтисодии ҷамоати шаҳрвандони сеҳазорнафарӣ хабарнигори «Овози тоҷик» низ гувоҳ гардид.
Аз субҳ дар кӯчаи марказии Аҳли ҷамоати мазкур қолиҳои сабзу дароз рӯи асфалти навпушида андохта шуда, ду тарафи он аз ҷавонони маҳаллӣ бо либоси идона ва дар даст байрақ саф ороста, дар ҳавои мусиқа ва кайфияти аъло ба рағми сардии ҳавои зимистон истиқболи меҳмонон мекарданд. Аз ҳар бари кӯча садову кайфияти суруду мусиқа ба ҳар забон ба гӯш мерасид.
Дар ҳошияи ҳамин саркӯча панҷ юрта хеле оро дода, гузошта шудааст, ки дар онҳо бино бар урфу одат ва фарҳангу маишати мардумони тоҷику қазоқу қирғиз ва тотору рус дохилашон саришта карда шуда, меҳмононро ба даруни он ҳидоят мекарданд.
– Марҳамат, меҳмон шавед, – мегуфт шиноси мо Абдуҷаббор Латифов, ки директори мактаби тоҷикии рақами 47 мебошад. – Ман мутасаддии ҳамин юрта мебошам, ки барои тоҷикон ҷудо шудааст. Аз таому шириниҳои тоҷикӣ даҳон ширин кунед...
Ваъда додем, ки баъдан меҳмон мешавем...
Воқеан мактаби ягонаи тоҷикии №47 ноҳияи Чиноз, ки аз Эшонобод ягон даҳ километр аст, инчунин аз рӯи Барномаи «Деҳаи обод» расо ду сол қабл обод гардонда шуда, Абдуҷаббор Латифов он вақт мизбони тантанаҳо буд.
– Мо хушҳолем, ки ин ободиҳо ду сол қабл аз ин маҳз аз маҳаллаи тоҷикон оғоз гардида буд, – мамнунона мегӯяд Абдуҷаббор. – Ҳоло навбат ба ҳамсоягон расид.
Дар ҳақиқат Эшонобод низ дар ин паҳнои атрофаш заминҳои кишт, ҳоло ба як ҷазираи саноатии хурди ноҳияи Чиноз табдил ёфт, ки тақрибан аз нигоҳи заруртарин олоти маишат аз шаҳраку шаҳрҳо камӣ надошт.
Дар мактаби рақами 20, ки беш аз 500 нафар хонанда таҳсил менамояд, дар ду синф – қазоқӣ ва ӯзбекӣ  таълим дода мешавад. Бинои мактаб қариб аз нав сохта шуда, даруну берунаш ончунон бозсозӣ гаштааст, ки мегӯӣ аз нав навтар аст.
– Дар замони мо ҳавои тозаву таоми пок аз шартҳои муҳими зиндагӣ гаштааст, – мегӯяд сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Иброҳим Жунусов, дар ҳоле ки ба этнобоғи ҷамоат дохил мешудем. – Аз ин боис чунин маҳалҳо ҳоло хеле манзури нафақат сайёҳон, балки мардуми маҳаллӣ низ мебошад.
Дар этнобоғ, ки худи номаш аҷиб менамояд, нафақат бо таърихи ин маҳал ва диёру мардумони он, балки аз нобиғагони миллатҳои гуногуни минтақа намуна ва нишонаҳо дидан мумкин. Дар байни боғ дар миёнҷои саҳнае, ки атрофаш курсиҳо гузошта шудааст, баландтар аз қади одам китобҳои абармардоне мисли Устод Садриддин Айнӣ ва дигарони Осиёи Марказии сад соли охирро болои ҳам гузоштаанд. Дар ҳамин ҷо шахсиятҳои ин родмардон дар иҷрои актёрон ба забонҳои худашон зинда гардида, аз ҳаёт ва эҷодиёти худ нақл карда, порчаҳои адабӣ хонданд.
Боз як ҷойи собиқ холии хокӣ дар он сӯйи ин боғ ҳоло ба як варзишгоҳи мукаммали пӯшидаву сарво табдил ёфтааст, ки ҳатто ҷавонони якчанд маҳалларо низ ғунҷонда метавонанд. Дар айни ҳол 6 нафар мураббӣ бо шогирдон дар дараҷаи касбӣ машқ мегузаронанд. Ҷавонони маҳаллӣ хусусан дар намуди муайтайи варзиш пеш рафтаанд. Дар охирин чемпионати ҷумҳурӣ шаш нафари онҳо мақоми аввалро ба даст овардаанд.
Дар чунин як деҳот барои беш аз 500 нафар занону духтарон ба якборагӣ дар зери як бино ҷойи кор фароҳам овардан кори оддӣ нест. Лекин ин манзараро дида, чашмони одам фиреб намехӯрад, чунки маҳз беш аз панҷсад нафар дар ду баст дар сехи дӯзандагии навбунёд меҳнат мекунанд. Табиист, ки ин қадар коргарзан фақат аз як ҷамоати Эшонобод буда наметавонад ва онҳо аз ҷамоатҳои Каналобод ва Тонг Юлдузии тоҷикнишин низ ба ин ҷо барои кор меоянд. Маҳсулоте, ки дар ин ҷо дӯхтудӯз мегардад, ҳоло аллакай ба Қазоқистони ҳамсояи ҳамсарҳади он фурӯхта мешавад. Чеварони оянда барои ин фабрика дар худи ҳамин ҷо – дар маркази таълим тарбия карда мешаванд. Воқеан на фақат онҳо, балки тамоми ҷамъияти Эшонобод ва ҳамсоягон барои зарурати маъмуриву маишии худ минбаъд ба роҳи дур – маркази ноҳияву вилоят намераванд. Дар асоси усули «Маҳаллаи ободу бехатар», «Раиси маҳалла – ислоҳотгар» кор бо ҷамъият ба роҳ монда шуда, идораи онҳо якҷоя бо шуъбаи хидмати давлатӣ, инспектори профилактика, масъулони сектори сеюм, шохоби бонк, нуқтаи тиббӣ – ҳама зери як бом дар бинои хушсохти дуошёна ҷойгир шудааст.
Табиист, ки барои хотирҷамъ ва осуда меҳнат кардани модарон аз кӯдаконашон дилашон бояд ҷамъ бошад. Барои ин кӯдакистон беҳтарин ва роҳаттарин ҷой аст, ки ғами инро низ дар бозсозии қишлоқ ба ҳисоб гирифтаанд.
– Дар ҷойи кӯдакистони фартут ва танги собиқ, ки ҳамагӣ 30 кӯдакро фаро мегирифт, соли гузашта дар асоси Барномаи «Деҳаи обод» ба ивази 1 млрд. 800 млн. сӯм боз барои 80 кӯдак шароит фароҳам оварда шуд, – мегӯяд мудири шуъбаи муассисаҳои таълими томактабии ноҳия Заҳро Маҳмудова. – Ҳамин тариқ, 35 нафар бо кори боғча фаро гирифта шудааст.
Инчунин барои эҳтиёҷмандон 38 иморати сехонагӣ бо имтиёзи кредити бистсола сохта шудааст.
– Ҳамаи ин шоистаи таҳсин аст, – мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ, – минбаъд барои мардуми сермиллати ин маҳал шароити фароҳамоварда чун ғизои маънавӣ ва маданӣ низ хидмат хоҳад кард, ки ҳар яке барои бо забон ва фарҳанги худ қаробати бештар пайдо кардан заминаи муносиберо касб карданд.
Дуруст аст. Барои чунин имкониятро соҳиб гардидан қасри маданият бо 200 ҷои нишаст гаштааст, ки маросими ошноӣ бо ин гулшанқишлоқ дар он бо тамошои консерти ҳунарии халқҳои бародар хотима ёфт.
Сурудҳои ноби тоҷикии халқиро дар он Ҳунарпешаи халқии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон иҷро намуд, ки пас аз он ӯро ба суҳбат кашидам.
– Ман шодам, ки сарфи назар аз сардии зимистон аз Самарқанди дурдаст ба ин ҷо омада, хидмат кардам. Ҳамаи ин шароиту ободиро дида, аҳсант хондам. Мардуми ин маконҳо бояд бифахранд, ки дар чунин шароити фараҳнок иқомат мекунанд. Шукр бояд кард, ки аз ҳамаи ин неъмат баҳраварем, – мегӯяд бо мамнунӣ Мардон.
Вақти бозгашт чанд нафар занони ҳамсоямаҳалла моро ҳамроҳӣ карданд ва беихтиёр мегуфтанд, ки то ба қарибӣ ҳатто оби нӯшокии тоза надоштанд ва ба туфайли ободониҳои охир ин масъала ҳам ҳал шуд.
Ҳамаи ин суханони самимӣ ва изҳори сипос чӣ аз забони маҳаллиҳо ва чӣ дипломатҳои хориҷиву намояндагони марказҳои миллӣ-маданӣ садо медоданд, ки аз онҳо хулоса намудан мушкил набуд: Эшонобод шаҳр аст ё қишлоқ!

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: