СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРОСИМИ МУТАНТАНИ БА ИСТИФОДА СУПУРДАНИ МАҶМӮИ КОРКАРДИ ГАЗИ ҚАНДИМ

Дӯстони муҳтарам!

Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат диҳед шуморо бо чорабинии мутантани имрӯза ба муносибати анҷом ёфтани сохтмон ва ба истифода супурда шудани Маҷмӯи коркарди гази Қандим хайрамақдам гӯям ва бо ин воқеаи фаромӯшнопазир самимона муборакбод намоям.
Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои ғамхории мунтазам ва эътибори шахсиаш ба масъалаи вусъат додан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни Ӯзбекистону Русия миннатдорӣ баён кунам.
Ба шарофати чунин дастгирии арзишманд татбиқи ин лоиҳаи васеъмиқёс дар тӯли ҳамагӣ ду сол имконпазир гардид. 
Мехоҳам махсус қайд намоям, ки ба истифода супурда шудани  Маҷмӯи Қандим, бешубҳа, ба беҳбуди ҳаёти халқҳои мо хидмат мекунад ва ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба Ҳукумати Федератсияи Русия ва шахсан ба вазири энергетикаи Федератсияи Русия, ҷаноби Александр Валентинович Новак, раиси раёсати ширкати «Лукойл», ҷаноби Вагит Юсуфович Алекперов, президенти ширкати «Хундай Инжиниринг» ҷаноби Сонг Санг Рок, сафирони муҳтарами Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндаҳои шарикони дигари мо, вакилони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ барои иштирокашон дар ин чорабинии барои мо муҳим миннатдорӣ изҳор кунам.
Меҳмонони азиз!
Татбиқи самарабахш ва бузургмиқёси Стратегияи амалиёт, ки мо дар Ӯзбекистон қабул кардем, ба рушди муттасили соҳаҳои асосии саноат мусоидат кард.
Ҳаҷми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ меафзояд, ҳамкории муфиди тарафайн бо шарикони хориҷӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи маҷмӯи гармиву энергетикӣ вусъат меёбад.
Дар доираи давраи сифатан нави ислоҳоти сохторӣ бобати ташаккул додани иқтисодиёти инноватсионӣ, ки амалӣ мешавад, мо ба рушди саноати нафту газ эътибори махсус медиҳем.
Алҳол дар соҳа кори мунтазам бобати баланд бардоштани самарабахшии маблағҳои мавҷуда, фароҳам овардани пойгоҳи муқтадири истеҳсолоти баландтехнологӣ, афзудани ҳаҷми истихроҷи маҳсулоти карбогидрид, истеҳсолот дар пояи коркарди амиқи хелҳои нави маҳсулоти тайёр бо арзиши баланди иловагӣ ва ба роҳ мондани содироти он мустақимона татбиқ мегардад.
Маҷмӯи зиёди сармоявӣ ва пойгоҳи ғановатманди ашёи хом имкон доданд мо ба рушди маҷмуии соҳа гузарем, ба ҷорӣ намудани донишҳои пешқадамтарин ва технологияҳои бағоят самарабахш такя намоем.
Дӯстони муҳтарам!
Мо дар Ӯзбекистон ба муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва иттифоқии ӯзбекистониву русиягӣ, ки ба равандҳои эътимод, дастгирии тарафайн, манфиати дуҷониба ва ба инобат гирифтани манфиатҳои умумӣ асос мекунанд, баҳои баланд медиҳем.
Муоҳидаҳое, ки бинобар натиҷаи вохуриҳои мо дар сатҳи олӣ ба имзо расиданд, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи амалии байни кишварҳои мо такони пурқувват дода, имкониятҳои васеъро боз намуданд.
Русия чун анъана шарики бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоявии мо ба шумор меравад. Алҳол ҳаҷми савдои тарафайн мунтазам меафзояд, барнома ва лоиҳаҳои бартариноки сармоявӣ муштаракона татбиқ мегарданд.
Дар шарикӣ бо ширкатҳои пешқадами энергетикии Русия ва идораҳои бонкӣ мо лоиҳаҳои бузургро дар соҳаҳои нафту газ татбиқ менамоем, ки муҳаррики ҳамкориҳоямон мешаванд. 
Шартномаҳо бобати расонда додани гази табиӣ ва нафт бомуваффақият иҷро мешаванд, дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ҳамкориҳои муфиди тарафайн ба роҳ монда шудаанд.
Ширкати «Лукойл» – яке аз пешоҳангони ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика шарики асосӣ, стратегӣ ва санҷидашудаву муътақиди мо ба шумор меравад.
Моро ҳамкориҳои сермаҳсули бисёрсола, аз ҷумла якҷо татбиқ намудани лоиҳаҳо чун коркард ва аз худ намудани конҳои гурӯҳи Қандим, Ҳавзак ва Шодӣ, Ҷанубу Шарқии Ҳисор алоқаманд мекунанд.
Моҳи гузашта аввалин истгоҳи сӯзишвории автомобилии «Лукойл» дар Тошканд кушода шуд.
Таъкид мекунам, ки натиҷаи шарикии моро ҳамкориҳои бомуваффақияти тарафайни бисёрҷанбаи ӯзбекистониву русиягӣ равшан собит менамоянд.
Саъю ҳаракатҳои муштараки мо, пеш аз ҳама, ба истифодаи сарфакорона ва  самарабахши сарватҳои табиии кишвари мо, ба истифода супурда шудани истеҳсолоти баландтехнологиву содиротӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд.
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ!
Расо ду сол қабл, 19 апрел, мо бо шумо дар маросими гузоштани пойдевори иншооти мазкур иштирок карда, ба ин лоиҳа оғоз бахшида будем. 
Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак ва кордонии олии мутахассисон сохтмони маҷмӯъ, ки яке аз бузургтарин корхонаҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфт.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки  ҳаҷми сармояҳои азхудшуда аз се миллиард доллар гузашт.
Сохтмон дар ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳои дар ҷаҳон машҳур, аз ҷумла «Хундай Инжиниринг», «Поско» ва «Ҷи-Эс», «Энтер Инжиниринг», бо ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадамтарин ва дониши ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ «БАСФ», «Якобс», «Ханивелл» ва бисёр дигарҳо, ҳамчунин бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ татбиқ гардид.
Ман мехостам ба ҳамаи шумо барои саҳматон бобати бомуваффақият татбиқ шудани ин лоиҳаи васеъмиқёс самимона миннатдорӣ баён кунам. 
Аҳамияти он беқиёс аст.
Ба истифода супурда шудани маҷмӯъ соле ба истихроҷ ва коркарди зиёда аз ҳашт миллиард мукааб метр гази тибиӣ, ба даст овардани гази тоза ва беш аз 130 ҳазор тонна конденсати муттасили газ имкон медиҳад.
Аз ҳама муҳимаш беш аз ду ҳазор ҷойҳои нави корӣ, инфрасохтори замонавии иҷтимоӣ фароҳам оварда шуданд.
Аз ин нуқтаи назар он чиз низ аҳамияти бузург дорад, ки ҳазорҳо нафар мутахассисони ҷавон, ки ба бунёди маҷмӯъ машғул буданд, усулҳои замонавии сохтмони босуръати иншооти бузургтарини истеҳсолиро дар пояи технологияҳои пешқадам ва меъёрҳои баланди байналхалқии сифат аз худ намуданд ва метавонанд донишу таҷрибаҳои ба дастовардаашонро ҳангоми татбиқ намудани лоиҳаҳои нав дар мамлакати мо истифода бубаранд.
Муҳтарам меҳмонон ва иштирокдорони тадбир!
Аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстон ва шарикони мо, мутахассисони зиёд, муҳандисон, бинокорон, ба ҳамаи онҳое, ки бо меҳнати фидокорона ва кордонии худ дар бунёди ин маҷмӯи замонавии саноатӣ саҳм гузоштанд, самимона сипосгузорӣ мекунам.
Бешубҳа, Маҷмӯи коркарди гази Қандим, ки имрӯз ба истифода супурда шуду бинобар миқёс ва аз ҷиҳати технологӣ нодир ба шумор меравад, боз як рамзи ҳамкорӣ ва шарикии мустаҳкаму мунтазами мо мегардад, ба рушди муттасили иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон хидмат мекунад. 
Барои эътиборатон ташаккур.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: