ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

20 апрел байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ ба вуқӯъ пайваст.

Роҳбари давлат ба Президент Владимир Путин барои паёмаш ва иштироки вакилони ҳайати Русия дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати итмоми сохтмон ва ба баҳрабардорӣ супурдани Маҷмӯи азнавкоркарди гази Қандим, ки ба қарибӣ дар вилояти Бухоро ба вуқӯъ пайваст, изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Махсус таъкид гардид, ки ташкили истеҳсолоти баландтехнологӣ якҷоя бо ширкати «Лукойл» доир ба азнавкоркарди амиқи гази табиӣ боз як намунаи равшани мустаҳкамгардии муносибати шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни мамлакатҳоямон ба шумор меравад.
Зимни суҳбат дар заминаи масъалаҳои минбаъд васеъ намудан ва амиқсозии муносибати гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Русия дар доираи татбиқи қарордодҳое, ки дар дараҷаи олӣ ба даст омадаанд, табодули афкор ба амал омад.
Инчунин ҷиҳатҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти Ӯзбекистон бори дигар даъвати Президенти Русияро барои боздид аз мамлакатамон бо ташрифи давлатӣ собит намуд. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд. Муддати дақиқи ташриф аз тариқи шабакаҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад гардид.
Дар поёни суҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин омодагии идома додани ҳамкории фаъолро дар андозаҳои мухталиф собит намуданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: