ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД КӮТОҲ ВА СОДДА КАРДАНИ ТАРТИБОТИ ИҶОЗАТНОМА ВА РУХСАТНОМАДИҲӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ, ҲАМЧУНИН БЕҲТАР НАМУДАНИ ШАРОИТИ ТАТБИҚСОЗИИ ТИҶОРАТ

Мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар ҷумҳурӣ ислоҳоти маҷмӯии идоравӣ ва сохторӣ, ки ба коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт, минбаъд пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва нақши аввалиндараҷаи моликияти хусусӣ, ҳамаҷониба рағбатноксозии ташаббусҳои тиҷоратӣ ва стартапҳо нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд.

Самарабахшӣ ва натиҷаи чораҳои қабулшуда бобати беҳтар намудани иқлими корӣ дар баҳои мусбати созмонҳои бонуфузи байналхалқии молиявӣ ва оҷонсиҳои рейтингӣ воқеъбинона инъикос меёбанд.
Аз ҷумла, дар маърӯзаи Бонки умумиҷаҳонӣ «Татбиқсозии тиҷорати соли 2018» Ӯзбекистон ба сафи даҳ кишвари аввалини ислоҳотгари ҷаҳон ворид шуд, ки барои соҳибкорӣ шароитҳои бештар мусоид фароҳам меоваранд.
Баробари ин то ҳол усулҳои бюрократии танзими давлатии соҳаи соҳибкорӣ бинобар як қатор самтҳо боқӣ мемонанд, ки ба рушди ҳарчи зудтари баланд бардоштани иқтидори рақобатбардории тиҷорати ватанӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва инноватсияҳо дар муҳити тиҷорат, мустаҳкам кардани эътимод ба пойдории сиёсати давлат бобати фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоявӣ ва корӣ монеа мешаванд. 
Аз ҷумла: 
якум, миқдори зиёди хелҳои кӯҳнашудаи тартиботи иҷозатнома ва рухсатномадиҳӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, боқӣ мемонанд;
дуввум, механизмҳои бозаргонии идоракунии ҷараёнҳои тиҷорат бағоят суст ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла вазифаҳои танзимгарии изофавии марказонидашуда ҷой доранд, дараҷаи корбурди механизмҳои худтанзимкунӣ ва назорати ҷамъиятӣ суст мебошад;
саввум, то ҳол соҳибкорон бо санадҳои бидуни асос кашол додани тартиботи маъмурӣ аз ҷониби баъзе мақомоти ваколатдор ҳангоми расмикунонии иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳӣ рӯ ба рӯ мешаванд;
чаҳорум, ҳамкории тарафайни байни мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба куллан коҳиш додани миқдори иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳӣ, минбаъд содда кардан ва баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти тартиботи маъмурӣ нигаронида шудаанд, пурра татбиқ намешаванд.
Бо мақсади куллан коҳиш додани тартиботи изофавии бюрократӣ ҳангоми татбиқ сохтани тиҷорат, мунтазам ва мустақимона мустаҳкам кардани асоси механизмҳои бозаргонӣ ва ҳуқуқии ҳифз намудан ва кафолат додани дахлнопазирии моликияти хусусӣ, саъю кӯшиш бобати беҳтар намудани иқлими сармоявӣ ва муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 январи соли 2018-ум №ФП-5308 «Дар бораи Барномаи давлатӣ бобати татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум дар «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо»:
1. Инҳо самтҳои бартариноки сиёсати давлат дар соҳаи тартиботи иҷозатнома ва рухсатномадиҳӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ муайян карда шаванд:
ҳарчи бештар такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи тартиботи иҷозатнома ва рухсатномадиҳӣ аз тариқи муқаррар намудани механизмҳои соддаи амалӣ тартиботи иҷозатнома ва рухсатномадиҳӣ, таъмин кардани шаффофият, мустаҳкам намудани мушаххасии ҳуқуқӣ дар муносибатҳои тарафайн бо тиҷорат, аз байн бардоштани назорати беасоси маъмурӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
зина ба зина коҳиш додани миқдори тартиботи иҷозатнома ва рухсатномадиҳӣ, васеъ истифода бурдани усулҳои муқобили ба танзим овардани фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла назорати ҷамъиятӣ, худтанзимкунӣ, сертификатдиҳӣ, аккредитатсия, суғуртакунии масъулияти ҳуқуқи шаҳрвандӣ, танзими техникӣ ва дигар усулҳои замонавӣ;
фаъол сохтани ҷорикунии технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни танзими давлатӣ, аз ҷумла васеъ истифода бурдани механизмҳои ҳамкории тарафайни байниидоравии (G2G), ҳамчунин раванди «равзанаи ягона» ҳангоми додани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномавии (G2B), пеш аз ҳама аз тариқи шуъбаҳои Оҷонсии хидматрасонии давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
2. Таклифи Вазорати адлия, Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молия, Кумитаи давлатӣ оиди кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат, Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дигар вазорату идораҳои манфиатдор бобати:
аз 1 июни соли 2018-ум бекор кардани баъзе хелҳои иҷозатномаи фаъолият ва тартиботи рухсатномадиҳӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла аз тариқи муттаҳид сохтани баъзе хелҳои онҳо, мувофиқи рӯйхати замимаҳои №№1 ва 2;
аз 1 июни соли 2018-ум коҳиш додани муҳлати расмикунонии иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқи номгӯйи замимаи №3;
аз 1 июни соли 2018-ум додани вазифаи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе хелҳои фаъолият аз Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ мувофиқи рӯйхати замимаи №4;
аз 1 июни соли 2018-ум додани вазифаи супурдани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ аз идораҳои ҳудудии мақомоти ҷумҳуриявии идораҳои давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба ҳокимияти ноҳиявӣ (шаҳрӣ) мувофиқи номгӯйи замимаи №5;
татбиқ сохтани чораҳое, ки ба минбаъд коҳиш додан ва содда кардани тартибот ҳангоми гирифтани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ нигаронида шудаанд, аз 1 июни соли 2018-ум мувофиқи замимаи №6 қабул карда шавад.
3. Аз 1 июни соли 2018-ум тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он тамоми иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи татбиқ сохтани хелҳои ҷудогонаи фаъолият бидуни маҳдуд кардани муҳлати амали онҳо, ғайр аз иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи татбиқ сохтани фаъолияти тиббӣ ва давоӣ, ҳуқуқ барои машғул шудан бо фаъолияте, ки ба мубодилаи воситаҳои нашъамандӣ, моддаҳои халалдоркунандаи рӯҳ ва прекурсорҳо, истифода бурдан ва хидмат расонидан барои алоқаи сайёри радиотелефонӣ (сотовӣ) ва паҳн кардани барномаҳои телевизиониву радиоӣ, ҳамчунин истихроҷ, коркард ва фурӯши нафт, газ ва конденсатҳои газ алоқаманд мебошанд, дода мешаванд.
4. Муайян карда шавад, ки:
рӯйхати мушаххаси хелҳои фаъолият (хидматҳо), ки дар доираи иҷозатнома иҷро мешаванд (расонида мешаванд), дар дастури тартиботи иҷозатномадиҳии хелҳои дахлдори фаъолият нишон дода мешаванд;
дар ҳолати, агар мақомоти иҷозатномадиҳӣ дар тӯли муҳлати баррасии ариза бобати додани иҷозатнома дар бораи додан ё худ надодани иҷозатнома қарор қабул накунад, баъди гузаштани муҳлати зикршуда хоҳишманди иҷозатнома ҳақ дорад фаъолияти дар ариза зикршудаашро татбиқ намояд ва аз ин хусус мақомоти иҷозатномадиҳиро аз тариқи хаттӣ хабардор кунад. Дар ин маврид мақомоти иҷозатномадиҳӣ бояд дар тӯли панҷ рӯзи корӣ баъд аз гирифтани хабари хаттии хоҳишманди иҷозатнома ба ӯ иҷозатнома диҳад.
5. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати се моҳ якҷо бо:
мақомоти иҷозатномадиҳӣ ва мақомоти дигари ваколатдор дастурҳоро бобати тартиби иҷозатномадиҳии баъзе хелҳои фаъолият ва қоидаро оиди татбиқсозии тартиботи рухсатдиҳӣ бо дарназардошти талаботи Фармони мазкур;
вазоратҳо ва идораҳое, ки барои додани ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, коркард ва тасдиқ намудани тамоми қоидаҳои тартиби татбиқсозии тартиботи рухсатномавӣ ваколатдоранд, таъмин кунад.
6. Муқаррар карда шавад, ки роҳбарони мақомоти ба додани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ ваколатдор, барои саривақт  ба талаботи Фармони мазкур мувофиқ сохтани тартиби иҷозатномадиҳии баъзе хелҳои фаъолият ва тартиби татбиқсозии тартиботи рухсатномавӣ масъулияти шахсӣ доранд.
Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки барои иҷрои талаботи боби мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдор мониторинги мунтазамро муқаррар кунад.
7. Ба Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Девони Вазирон, Вазорати адлия, Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дигар вазорат ва идораҳои манфиатдор;
мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати минбаъд такмил додани низоми иҷозатномадиҳӣ ва татбиқсозии тартиботи рухсатномадиҳӣ таклиф пешниҳод кунад.
8. Ба Вазорати адлия, Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молия, Бонки марказӣ, Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунанд.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, Мушовири давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Р. Иноятов ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. Б. Муродов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД, 
11 апрели соли 2018

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: