ДӮСТИЕ, КИ БА ДАРАҶАИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ РАСИД

Тавре ки хабар дода будем, 23-24 апрел бино бар даъвати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба кишвари мо меояд.

Мулоқоти пешистода дар сатҳи олӣ имкон медиҳад масъалаҳои рӯзмарра бино бар ҳамкориҳои муфиди дуҷониба, ки ба пойдевори мустаҳкам – риштаҳои бисёрасринаи дӯстии халқҳои ӯзбек ва туркман, эътимоди шахсӣ ва самимияти сарони давлатҳои мо Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов такя мекунанд, таҷдиди назар шаванд.
Бояд зикр сохт, ки ҳар як вохӯрии нави Президентҳои ду мамлакат имкон медиҳанд, ки уфуқҳои ҳамкориҳои тарафайни Ӯзбекистон ва Туркманистон беш аз пеш вусъат пайдо кунанд, ба самтҳое, ки ҳанӯз ба дараҷаи бояду шояд инкишоф наёфтаанд, эътибор дода шавад. Сафари кунунии давлатии роҳбари давлати Туркманистон ба ин мусоидат хоҳад кард.
Вале месазад, ки дар бораи корҳои аллакай иҷрошуда сухан гӯем. Чунончи, моҳи марти соли гузашта дар таърихи ҳамкориҳои тарафайни ӯзбекистониву туркманистонӣ воқеаи бузург баргузор шуд, сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Туркманистон, аввалин ташрифи хориҷии Шавкат Мирзиёев дар вазифаи масъул ба вуқӯъ пайваст. Натиҷаи бузургтарини он сафар ва мулоқоту гуфтушунидҳои бағоят пурмаҳсул ба дараҷаи сифатан нав бардоштани муносибатҳои дуҷониба – шарикии стратегӣ гардид.
Худи ҳамон моҳ мувофиқи Фармоишоти Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои дахлдори корҳои амалӣ бино бар баъзе соҳаҳои ҳамкорӣ («Харитаи амалиёт») тасдиқ шуд, ки имрӯз имкон медиҳад муоҳидаҳои дар байни кишварҳоямон баимзорасида мустақимона ба ҳаёт татбиқ шаванд.
Вохӯриҳои минбаъдаи Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар ҷараёни сафарҳои кории сарвари давлати мо ба Туркманистон, ки моҳҳои май ва сентябри соли 2017-ум ба вуқӯъ пайвастанд, баргузор шуданд. Чунин пешрафти мулоқоти сиёсӣ барои вусъат додани робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Туркманистон дар арсаи байналхалқӣ низ асоси мустаҳкам фароҳам овард.
Аз ҷониби Ӯзбекистон дастгирӣ шудани ташаббусҳои роҳбари Туркманистон дар бораи таъсис додани Рӯзи байналхалқии бетарафӣ намунаи равшани ин гуфтаҳо мебошад. Дар натиҷаи он 2 феврали соли гузашта дар иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бобати 12 декабрро Рӯзи байналхалқии бетарафӣ эълон кардан баённома қабул карда шуд, ки кишвари мо аз ҷумлаи ҳаммуаллифони он мебошад.
Умуман, Тошканд ва Ашқобод дар доираҳои СММ, Созмони ҳамкории исломӣ, Бунёди байналхалқии наҷоти Арал ва сохторҳои дигари байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин ду давлат бобати масъалаҳои муътадил кардани вазъият дар Афғонистон, мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм, хариду фурӯши нашъа ва ҷинояткории муташаккил, мустаҳкам кардани амнияти минтақавӣ мавқеъҳои ҳаммонанд доранд.
Дастгирии тарафайн аз ҷиҳатҳои асосии муносибатҳои мо ба шумор меравад, ки он дар Муоҳидаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмакҳои тарафайни байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон аз 16 январи соли 1996-ум пешбинӣ гардидааст. Бамаврид аст, таъкид кунем, ки ҳуҷҷати мазкур дар маҷмӯи муоҳидаҳои дуҷониба, ки ҳоли ҳозир зиёда аз 200 ададро дар бар мегирад, санади асосӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон қисмати зиёди ин ҳуҷҷатҳо ҳамкориҳои тарафайни тиҷоративу иқтисодиро ба низом меоваранд. Қайд менамоем, ки кишварҳо дар соҳаи мазкур ба маҷмӯи гармиву энергетикӣ, кишоварзӣ, саноати кимиё ва филизот, истифода бурдани иншооти хоҷагии об, сайёҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Алҳол барои истифода бурдани имкониятҳое, ки ҳар ду давлат барои сарпурсозии тарафайн доранд, ҳуҷҷатҳои мақсаднок қабул ва татбиқ карда мешаванд. Дар байни онҳо Шартнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020, Барномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Туркманистон бобати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2016-2018 ва муоҳидаҳои дигар мавҷуданд.
Ҷамъомадҳои мунтазами Комиссияҳои муштараки байниҳукуматии ӯзбекистониву туркманистонӣ бино бар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ дар ин самт воситаи муҳими муваффақ шудан ба натиҷаҳои мушаххас гардиданд. Вохӯрии охирини аъзои комиссия 1 марти соли равон дар Тошканд баргузор шуд.
Соҳаи нақлиёт боз як самти бартариноки ҳамкориҳои дуҷониба ба шумор меравад. Зеро қаробати низомҳои коммуникатсионӣ имкон медиҳад нафақат боркашонӣ аз тариқи ҳудудҳои Ӯзбекистон ба Туркманистон ва баръакс амалӣ шаванд, балки ҳамчунин барои давлатҳои дигар вазифаи транзитиро иҷро кунад. Дар дарёи Ому бунёд гардидани пулҳои автомобилгарду роҳи оҳани Туркменобод – Фароб, ки маросими кушоиши онҳо ҳангоми сафари давлатии дар боло зикршудаи сарвари мамлакати мо ба Туркманистон моҳи марти соли 2017-ум баргузор шуда буд, исботи ин гуфтаҳо мебошад. Ба истифода супурда шудани ин иншооти бузурги замонавӣ нафақат ба манфиати халқҳои Ӯзбекистону Туркманистон хидмат мекунанд, балки ба қаробати бомуваффақият дар раванди рушди ҷаҳонии иқтисодиёт такони пурқувват мебахшанд, афзудани сармояҳоро таъмин мекунанд, иқтидори транзитии ду мамлакат ва умуман Осиёи Марказиро зиёд менамоянд.
Ҳамчун шоҳроҳҳои васеъ ва роҳҳои оҳан умумияти таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ низ, ки барои рушди робитаҳо дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ пойдевори мустаҳкам мебошанд, халқҳои Ӯзбекистон ва Туркманистонро ба ҳамдигар пайванд мекунанд. Барои беш аз пеш мустаҳкам кардани ҳамкориҳои тарафайн дар самти мазкур Барномаи ҳамкории байни ҳукуматҳо барои солҳои 2017-2019 қабул шуд.
Натиҷаҳо зуд ба чашм расиданд. Моҳи марти соли гузашта дар Туркменобод консерти муштараки устодони санъат ва арбобони фарҳанг, моҳи апрели худи ҳамон сол Рӯзҳои кинои Туркманистон дар Тошканд – дар замини меҳмоннавози Ӯзбекистон, моҳи ноябр бошад, Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Туркманистон баргузор гардиданд. Чорабиниҳои мазкур ба сокинони ду мамлакат имкон доданд бо анъанаву урфу одатҳои ғановатманди якдигар аз наздик шинос шаванд.
Афзоиши чорабиниҳои фарҳангии соли гузаштаро он санад бори дигар собит месозад, ки мероси илмӣ ва маънавиву фарҳангии гузаштагони мо дастоварди умумии халқҳои бародар мебошад. Чунончи, бо ҳусни эҳтиром ба мероси эҷодии шоири бузурги туркман Махтумқулӣ дар Тошканд кӯчае ба номи ӯ ва тасвири барелефии вай гузошта шуд.
Дар ҳамин кӯча рӯзҳои сафари Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон кушоиши тантанави Боғи «Ашқобод» ба нақша гирифта шуд, ки тимсоли равшани дӯстӣ ва бародарии абадии халқҳои ӯзбек ва туркман мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои болоӣ метавон зикр сохт, ки мулоқоти пешистода дар сатҳи олӣ ва муоҳидаҳое, ки бино бар ҷамъбасти он ба имзо мерасанд, ба минбаъд мустаҳкам гардидани муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни Ӯзбекистон ва Туркманистон мусоидат хоҳанд кард.

Г. НУРҶАНОВА,
ОИ «Ҷаҳон».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: