ОЛАМИ САДРАНГ

Дар Чин ду роботи китобдор бо ҳамдигар «ҷанг» карданд

Дар Чин ду роботи китобдор бо ҳамдигар «ҷанг» карданд

Ду ёрдамчии робот дар яке аз китобхонаҳо дар музофоти Тзянси Чин «вориди ҷанг шуданд». Вазъияти ҷолиберо «Korrespon-dent.net» бо истинод ба портали QQ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки вазифаи китобдорон-роботҳои Туту ва Ванбао аз он иборат аст, ки ба донишҷӯён дар ёфтани китоби даркорӣ кӯмак кунанд. «Муноқиша»-и онҳо аз пайи талоши муштарии навбатӣ ба миён омад.
Ҷанҷол вақте рух дод, ки яке аз ташрифоварандагон ба мақсади савол додан коди QR-ро дар яке аз роботҳо аз сканер мегузаронад, ки дар ин лаҳза роботи дуюм мехост ба ӯ кӯмак кунад.
Дар навори видеоие, ки шоҳидон ба навор гирифтаанд, дидан мумкин аст, ки Туту ва Ванбао сарҳояшонро бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ин тарафу он тараф мегардонанд, дар қафои  он хандидани мардумро шунидан мумкин.
Дар натиҷа, Ванбао ба  оштӣ шудан қарор карда, ба гуноҳи худ иқрор шуд. Ҷавобан ба ин Туту ҳамкасби худро бо зуд-зуд тағйир ёфтани кайфияташ айбдор мекунад, аммо баъдтар ӯро бахшидааст.

Дар савдои музоядаи Ҷопон моҳии самак ба арзиши 202 ҳазор доллар фурӯхта шуд

Дар савдои музоядаи соли 2020 самаки обиранги вазнаш 276 килограмм ба 193,2 миллион иена (1,8 миллион доллар) фурӯхта шуд.
Дар савдои музоядаи маҳсулоти моҳӣ дар Токио самаки обиранг ба қимати 20,84 миллион иена (тақрибан 202,5 ҳазор доллар) фурӯхта шуд.
Тибқи хабари ширкати телевизиону радиои NHK вазни моҳӣ 208 килограммро ташкил додааст.
 Дар савдои музоядаи соли 2020 самаки кабуди вазнаш 276 килограмм ба 193,2 миллион иена (1,8 миллион доллар) ва дар соли 2019 моҳии вазнаш 278 килограммӣ бо нархи 333,6 миллион иена (3,2 миллион доллар) фурӯхта шудааст.
Қайд бояд кард, ки савдоҳои музояда дар бозори моҳии Тоесу, ки соли 2018 кушода шудааст, гузаронда мешаванд.

Аз рӯи хабарҳои матбуоти хориҷ таҳия карда шуд.  

 

ВАСИЯТҲОИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ БА ФАРЗАНД
Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!
***
Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!
***
Агар биҳиштро металабӣ, аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!
***
Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!
***
Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!
***
Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!
***
Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!
***
Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!
***
Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!
***
Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!
***
Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!
***
Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!
***
Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!
***
Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!
***
Ҳеч касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!
***
Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нагӯ!
***
Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!
***
Худхоҳ ва мутакаббир набош!
***
Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!
***
Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.
***
Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.
***
Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!
***
Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар 
амал кун!
***
Суханро ба андоза бигӯ!
***
Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!
***
Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!
***
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
***
Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!

Таҳияи ВОРИС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: