АЛОҚАҲОИ ДӮСТӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАНД

Се рӯзи офтобии ҳафтаи гузашта дар кишвари мо Рӯзҳои санъат ва маданияти Ҷумҳурии Белорус баргузор шуд.

Вохӯриву конфронс, намоиши асарҳои бадеиву ҳунармандӣ ва барномаи консертие, ки аз ҷониби ҳунарпешагони белорус дар театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ ва қасри «Туркистон» иҷро шуданд, хотирмон гузашт.
Ӯзбекистону Белорус  аз ҳам ҳазорҳо километр дур ҷойгир бошанд ҳам, байни онҳо алоқаҳои ногусастание мавҷуданд. Меҳмонон дар ҳар як баромади худ Тошкандро чун шаҳри осоишта, бародарӣ ва дӯстӣ мадҳ карданд.
– Онро инчунин «Шаҳри некиҳо ва умедҳо» гуфтан ҷоиз аст, – илова намуд муовини аввали вазири маданияти Белоруссия Ирина Драга. – Аз мардуми ин кишвар миннатдорем. Зеро дар даври Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қатори дигарон халқи белорус низ аз мардуми ин сарзамин бисёр некиҳо дидаанд. Кормандони илму фан, санъат ва маданият ин ҷо муваққатӣ кӯчонда шуданд. Ҳамчун Ватани дуввумин онҳо Тошканд ва истиқболи неку ғамхориҳои халқи ӯзбекро бо некӣ ба ёд меоваранд,  аз ҷумла бибии ман низ. Ин анъанаҳои неки авлодро мо бояд давом диҳем ва ба насли наврас вогузорем. Бо ин роҳ алоқаҳои дӯстиву бародарӣ пойдор мегарданд.
– Мо бо Вазорати маданияти Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расондем, – таъкид намуд Ирина Драга аснои суҳбат ба ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ. – Самтҳои ҳамкорӣ гуногунанд. Ҷолибтарини он Рӯзҳои маданият ва санъати ин ду халқ дар кишварҳои якдигар мебошад. Инчунин ба тариқи ивазкунии таҷрибаи ҳамдигар мо бо хушнудӣ ҷавонони боистеъдодро ба мактабҳои олии худ таклиф менамоем. Рӯзҳои маданият моро водор намуд, ки дар ҳама соҳаҳо алоқаҳоро мустаҳкам намоем.
Дар рафти Рӯзҳои санъати Белорус дар Ӯзбекистон вохӯрии мақсаднок бо кинематографистони Ӯзбекистон оиди офаридани киноҳои муштарак ташкил гардид. Дар он оиди ба ташаккули инсон ҳамчун шахс ва рӯҳияти ӯ таъсири калон расондани асарҳои бадеӣ, тарҷумаҳои маҳсули «Белорусфилм», ҳамкории минбаъда дар соҳаи мазкур сухан рафт.
Меҳмонон «то боздид дар кишвари мо» – гуфта хайру хуш намуданд. Зеро моҳҳои охири соли ҷорӣ санъаткорони ӯзбекистонӣ ба Белорус сафари ҳунарӣ анҷом хоҳанд дод.

Ф. ФАХРУДДИНОВА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: