ПИРИ ДУЮМ

Хоҷа Орифи Ревгарӣ (Моҳитобон)

Хоҷа Орифи Ревгарӣ яке аз намояндагон ва назарияпардозони бузурги тариқати хоҷагон — нақшбандия аст. Дар манбаъҳои доир ба таърихи тасаввуф номи он кас дар шакли пуррааш ба тарзи Хоҷа Орифи Ревгарӣ Моҳитобон омадааст. Мавсуф дар миёнаҳои асри ХII, дар баъзе манбаъҳо соли 1165 дар деҳаи Ревгари ноҳияи Шофиркони вилояти Бухорои имрӯз ба дунё омада, соли 1259 дар Шофиркон вафот ёфта ва дар ҳамин ҷо дафн карда шудааст. Бинобар ин, нисбаи Ревгарӣ дорад. Бинобар маълумоти манбаъҳо Орифи Ревгарӣ миёнақад, моҳрухсор, калончашм, ҳилолабрӯ буда, аз баданаш  бӯйи хуш меомадааст. Барои ҳамин он касро Моҳитобон мегуфтаанд. Дар байни халқ мегӯянд, ки ӯ аз синни 100 гузаштааст. Қабри ӯ яке аз 7 зиёратгоҳи муқаддаси Бухоро ба ҳисоб меравад, ки ба тарзи маҷмӯа пӯшонда шудааст. Маҷмӯаи мақбараи мазкур дар солҳои истиқлолият таъмир гардида, дар наздикии он соли 1996 масҷиди нав бунёд карда шуд. Дар байни аҳолии маҳаллӣ Хоҷа Ориф то ба ҳол номи дуюми ғайрирасмии Шофиркон ба ҳисоб меравад.
Орифи Ревгарӣ – аз пирони дуввуми 7 пири нақшбандияи Бухоро. Пири ӯ Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ буданд. Бинобар гуфтаи Навоӣ, Хоҷа Абдулхолиқ се халифа доштааст. Орифи Ревгарӣ яке аз онҳо буд. Ӯ солҳои зиёд дар хизмати Абдулхолиқ Ғиждувонӣ будааст. Баъд аз Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ раҳнамоии тариқат ба Орифи Ревгарӣ гузаштааст.
Дар байни аҳли тасаввуф бо унвони «Қутб-ул-авлиё» низ шуҳрат ёфтааст. Муаллифи рисолаи «Орифнома» мебошад, ки дар он оиди асосҳо ва масъалаҳои назарии тасаввуф баҳс меравад. Дар он оид ба тавба карда, яъне, ба такрор накардани хато ва камбудиҳое, ки дар ҳаёт содир шуда буд, аҳд намуда, дар оянда ба гуноҳ накардан азм карда, бо ҳамин роҳ ба роҳи тасаввуф даромадани соликон эътибори алоҳида дода шудааст. Муаллиф тавбаи тасаввуфиро «туғи дини Ислом» номгузорӣ кардааст. Дар асар суханҳои ибратомӯзе чун: «Одоб –зиннати одамони нек», «Аломати валигӣ сетост: якум, ҳангоми ба дараҷаи баланд расидан ҳам фурӯтан будан, дуюм, ба миқдори сабру тоқат парҳезгорӣ кардан, сеюм, то қадри тавоноӣ инсоф кардан», «Гуруснагӣ – таоми зоҳидон, зикр – хӯроки орифон» хеле зиёд аст.
Орифи Ревгарӣ ба суннатҳои Паёмбар (с) бо диққат амал карда, ғояҳои тариқати хоҷагонро васеъ тарғиб намудааст. Шогирдони зиёд тарбия кардааст. Рутбаи шайхиро ба муриди худ Хоҷа Маҳмуд Анҷирфағнавӣ супурдааст.

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид ба фалсафа,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии 
ба номи А. Берунӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: