«БА ЯК БАЧА — ҲАФТ МАҲАЛЛА ПАДАРУ МОДАР»

Дар Стратегияи амалиёт оид ба самтҳои устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ки сарвари давлатамон муайян намудааст, ба минбаъд такмил додани соҳаи таълим, сохтмон, таҷдиди муассисаҳои таълим, васеъ гардондани низоми муассисаҳои таълими томактабӣ, куллан баланд бардоштани сифати таълими умумии миёна эътибори алоҳида дода мешавад.

Дар ин ҷараён мувофиқати таълиму тарбия ба мақсад ва кӯшишоти халқамон, хусусан падару модарон, педагогу ҷавонони толибилм омили муҳими пурзӯрсозии таваҷҷӯҳи хонандагон ба андӯхтани дониш, парҳез кардан аз таҳдидҳои гуногуни мафкуравӣ ба шумор меравад.
Имрӯз бо тақозои давр ва назардошти хоҳиши ҷамъиятамон дар низоми таълим ислоҳоти куллӣ татбиқ мегардад. Ин ҷиҳат дар ташкили синфи 10-ум аз соли хониши  2017-2018 ба вуҷуд овардани шароити васеъ барои идома додани таҳсил дар мактаб зоҳир мегардад.
Пешниҳодоти амалии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев  дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ доир ба таълим ва тарбияи насли ҷавон, ҳуқуқ ва манфиатҳои он боз як шаҳодати амалии эътибори бузург нисбат ба ҷавонони мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Ин ғоя ва ташаббусҳо, ки дар асоси бархӯрди таҳлилӣ ва илмӣ иброз гардиданд, масъулияти омӯзгорони мамлакатро дар бобати тарбияи насли ҷавон баланд мегардонад.
Тарбияи насли наврас кори сангин ва масъулиятнок аст.  Мақоли ибратноки  “Ба як бача ҳафт маҳалла падару модар” низ маҳз ба халқи мо хос аст.  Маҳз ҳамин  мақол аз то чӣ андоза муҳим будани тарбияи насли наврасу оилапарварии мо дарак медиҳад. Омӯзгор агар муносибати падару модарро бо муассиса хуб ба роҳ монда тавонад, дар кори таълиму тарбия ба натиҷаи назаррас ноил мегардад. 
Баъди ба мактаб қадам ниҳодани наврас пеш аз ҳама бори масъулияти   омӯзгор дучанд мегардад. Аммо баъди дарс ё ки берун аз ҳудуди муассисаи таълиму тарбия ба зиммаи волидон қарор мегирад. Воқеан ҳам падару модарон то ба камол расидани фарзандонашон тарбияи онҳоро бояд таҳти назорат гиранд. Муҳити хонаводагӣ дар масъулияти худро эҳсос намудани падару модар аён мегардад. Маҳз дар ҳамин муҳит шахс хулқу хӯи писандида ва ё зиштро ба мерос мегирад. Ин ба он маъност, ки насли калонсол намунаи ибратбахш ва хурдсолон ҳамеша  мавриди пайравии онҳо мебошанд. 
Суоли ба тарбияи фарзанд бояд кай шурӯъ намуд, аксариятро ба гирдоби фикр фурӯ мебарад. Олимони зиёд ба ин суол хар хел ҷавоб медиҳанд. Аз ҷумла, Ибни Сино ҷавоб додааст, ки ба тарбияи кӯдак  бояд пеш аз таваллуд, вақти дар батни модар будани ӯ шурӯъ кард. Боз педагоги барҷаста А. Макаренко ба ин суханон илова менамояд, ки тарбияи то панҷсолагӣ дар ташаккул ёфтани шахсияти кӯдак аҳамияти муҳим дорад. Маҳз дар ин ҷараён ба тарбияи бача эътибори ҷиддӣ бояд дод.  Бобати дар қалбу шуури наврасон ташаккул додани ҳисси тарзи ҳаёти солим, эҳтиром ба арзишҳои милливу умуминсонӣ, ҳамчун шахсони ҳамаҷониба баркамол тарбия намудани онҳо мероси мутафаккирони бузургамон аҳамияти муҳим доранд.  
Ҷиҳати ба самараи матлуб соҳиб гардидан дар роҳи тарбияи насли наврас алоқаи мустаҳками мактабу оиларо ҳамаҷониба бояд таҳти назорат қарор диҳем. Агар тарафе  дар кори тарбия ба саҳлангорӣ роҳ диҳад, дар вуҷуди наврас нишонаҳои номатлуб пайдо хоҳад шуд.
Пас мо, омӯзгоронро зарур аст, ки бештар аз ҳарвақта заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия боз ҳам ҷиддитар аҳамият дода, сатҳи донишандӯзии шогирдонро баланд бардорем. 

Муллобой НОРМАТОВ,
омӯзгори фанни математикаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: