САМАРҚАНД – ГАВҲАРИ ШАРҚ

Самарқанд. Ин шаҳри азимро беҳуда Сайқали рӯйи замин ё худ Гавҳари Шарқ ном намебаранд.

Тӯли чанд аср аст, ки шаҳр эътибори ҷаҳониёнро ҷалб менамояд.
Видеоҳои тасвирӣ ё аксҳоеро, ки дар бораи Самарқанд ҳикоя мекунанд, мо, албатта тавассути барномаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ дидаем, вале онро бо чашми худ дидану худро дар ин олами сеҳрангез эҳсос кардан кайфияти дучандон доштааст.  
Саёҳати мо – хонандагони синфи 10-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд, ки бо ташаббуси омӯзгор, роҳбари Иттифоқи ҷавонони маърифатгоҳ Саидмерган Шосаидов ташкил гардид, барои мо олами муъҷизавиро боз кард. Воқеан, ин саёҳат орзуи деринаи мо буд. Дар давоми дарсҳо дар бораи зебоӣ ва таърихи Самарқанд аз омӯзгорон бисёр шунидаем ва  вақте ки ҷойҳои муқаддас, таърихӣ ва қадимии онро бо чашмони худ дидем, тасаввуротамон доир ба он бештар шуд. Сафари мо тавассути шоҳроҳе, ки вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқандро мепайвандад, сурат гирифт. Дар ин сафар моро омӯзгорони мактаб Восеъ Рабиев, Инобат Мирова, Муҳаммадзамон Абдуллоев, Нодирмаҳмад Сангинов   роҳбаладӣ карданд. Сараввал мо ба зиёратгоҳи Имом ал-Бухорӣ рафтем. Баъдан майдони машҳури Регистонро, ки мардуми оламро мафтун кардааст, тамошо кардем. Мадрасаҳои Тиллокорӣ, Шердор ва Улуғбек, ки дар ин ҷо қад афрохтаанд, ҳар кадом бо таърихи худ моро моту мабҳут сохтанд. Ҳамроҳи омӯзгорон Хона-музейи устод Садриддин Айниро зиёрат намудем. Мизу курсиҳои корӣ ва меҳмонхонаву айвонҳои хонаи устодро дидем. Ҳамаи асарҳои адиб дар айвони хона-музей гузошта шудаанд. Дар ин ҷо мудири осорхона Собир Келдиёров дар бораи фаъолияти осорхона маълумоти муфассал дод. Тавре ки вай гуфт, ба наздикӣ он таъмиру тармим гардида, ба як бинои зебо табдил меёбад. Обидаҳои таърихии шаҳр, аз қабили маҷмӯаҳои ёдгории Гӯри Амир, Шоҳизинда, Бибихонум, муҷассамаҳои дигарро дида, барои хотира аксҳо гирифтем. Дар шаҳр сайёҳони ватаниву хориҷӣ зиёд буданд. Аз растаҳои бозори Сиёб ва дуконҳои савдои шаҳр савғотиҳо ва нони Самарқандро харидорӣ намуда, бо умеди дидор ва зиёрати минбаъда бозгаштем. Бояд гуфт, ки ин сафар барои мо хонандагони мактаб саёҳати аввалин буд ва як олам таассурот бахшид. 

Гулшана ШОДИЕВА, 
Шодия МИРОВА, 
хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии 
рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: