ӮЗБЕКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН: ДАВРАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23-24 апрел Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омад.

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23-24 апрел Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омад.
Халқҳои ӯзбеку туркман аз қадимулайём ҳамсоягони ҳамраъю ҳамдил мебошанд. Моро таърих, фарҳанг ва суннатҳои умумӣ, қаробати забону урфу одатҳо алоқаманд мекунанд, ки асоси мустаҳками ҳамкории кишварҳоямон мебошанд.
Бояд зикр сохт, ки сарвари давлати мо Шавкат Мирзиёев аввалин сафари давлатии худро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6-7 марти соли 2017-ум ба Туркманистон содир карда буд. Ин сафари таърихӣ таҷассуми равшани эътибори махсуси Ӯзбекистон ба муносибатҳои некҳамсоягӣ дар сиёсати хориҷӣ буд ва боз як тасдиқи саъю кӯшишҳои роҳбари давлати мо бобати мустаҳкам кардани дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя гардид.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо муносибатҳои дуҷониба ба дараҷаи сифатан нави шарикии стратегӣ бардошта шуданд.
Дар рушди ҳамкории кишварҳои мо дӯстии қарин, эҳтиром ва эътимоди самимии байни Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мақоми муҳим доранд. Ҳар як мулоқоти президентҳо миқёси ҳамкориҳоро беш аз пеш вусъат медиҳанд, самтҳои нави ҳамкориҳои тарафайни ду давлатро боз мекунанд. Дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти мамлакати мо ба Туркманистон моҳҳои май ва сентябри соли гузашта сарони давлатҳо бинобар масъалаҳои зиёд табодули афкор карданд.
Мулоқоти ҳозираи президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон идомаи мантиқии гуфтушунидҳои муфиди тарафайн ва фаъолона мебошад.
Чорабиниҳои асосии сафар дар Қароргоҳи Кӯксарой баргузор гардид.
Пас аз маросими истиқболи расмӣ сарони давлатҳо дар доираи танг суҳбат карданд.
Президенти мамлакати мо Президенти Туркманистонро дар сарзамини Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки сафари ҳолоина дар рушди муносибатҳои кишварҳоямон воқеаи муҳими сиёсӣ ва шаҳодати мустақимона мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо мебошад, ки ба ҳамсоягии нек такя мекунад.
– Соли 2017-ум дар пешрафти ҳамкории кишварҳои мо соли таърихӣ гардид. Президенти Ӯзбекистон се бор ба Туркманистон сафар кард. Ин ба муносибатҳои шарикии стратегӣ такони нав бахшид, сабаби асосии татбиқ гардидани муоҳидаҳои ба имзорасида  шуд. Дар семоҳаи аввали соли равон мубодилаи моли байни мамлакатҳои мо 55 фоиз афзуд. Ин, бешубҳа, дастоварди муоҳидаҳои соли гузаштаи мо мебошад. Гуфтушунидҳои ҳолоина дар сатҳи олӣ ба минбаъд беҳтар гардидани ин дастовардҳо қадами муҳим хоҳад шуд, –гуфт Шавкат Мирзиёев.
Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба сарвари давлати мо барои даъваташ миннатдорӣ изҳор карда, бо қаноатмандӣ зикр сохт, ки ҳамкории байни мамлакатҳои мо дар тамоми самтҳо мунтазам инкишоф меёбанд,
– Туркманистон ва Ӯзбекистон кишварҳои сулҳпарвар, ҳамсоягони нек мебошанд. Мамлакатҳои мо якдигарро ҳам дар робитаҳои дуҷониба ва ҳам дар арсаҳои байналхалқӣ дастгирӣ мекунанд, Мулоқоти имрӯза барои минбаъд мустаҳкам кардани ҳамкориҳо имконияти хуб ба шумор меравад. Туркманистон тайёр аст ҳамкориҳояшро бо Ӯзбекистон бинобар тамоми самтҳо вусъат диҳад, – гуфт Гурбангулӣ Бердимуҳамедов.
Масъалаҳои мустаҳкам  кардани амнияти минтақавӣ дар ҳамкориҳо мақоми махсус дорад. Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷонибдори фароҳам овардани механизмҳои самарабахши таъмин кардани сулҳу салоҳ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Ҷонибҳо бобати ба танзим андохтани вазъият дар Афғонистон фикру ақидаи ягона доранд.
Дар вохӯрӣ зарурати минбаъд мустаҳкам кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои аксуламал ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва таҳдидҳои дигар ба амнияти байналхалқӣ қайд гардид. 
Шавкат Мирзиёев ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов барои дастгирӣ намудани ташаббуси баргузор кардани аввалин мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 марти соли равон дар Остона баргузор шуд, миннатдорӣ баён кард.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мустаҳкам кардани муносибатҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Туркманистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо бинобар масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки ба онҳо ҳар ду мамлакат рағбат доранд, табодули афкор карданд.
Гуфтушунидҳо дар таркиби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфтанд. Дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои  дуҷониба дар соҳаҳои нафту кимиё, нақлиётиву коммуникатсионӣ, кишоварзӣ, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.
Аз Ӯзбекистон ба Туркманистон техникаҳои хоҷагии қишлоқ, меваву сабзавоти тозаву коркардшуда, нуриҳои минералӣ, маводи сохтмон, маҳсулоти кимиёӣ, маснуоти тайёри дӯзандагӣ содир мегарданд, ҳамчунин хидматҳои гуногун расонида мешаванд. Аз Туркманистон ба мамлакати мо нафт ва маҳсулоти нафт, таҷҳизоти механикӣ, полимерҳои пропилен ва дигар молҳои кимиёӣ харид мегарданд.
Иқтисодиёти Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда доранд. Зарурати истифодаи самарабахши онҳо барои ҳарчи тезтар зиёд кардани ҳаҷм ва вусъат додани номгӯйи савдои тарафайн зикр шуд. Масъалаҳои расонда додани маҳсулоти харидоргир ба бозорҳои ҳарду мамлакат, инкишоф додани ҳамкориҳои байни минтақаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо қарор доданд, ки барои дар соли 2020-ум то ба 500 миллион доллар расондани мубодилаи мол чораҳои зарурӣ меандешанд.
Зикр шуд, ки бобати расидан ба натиҷаҳои мушаххаси амалӣ дар ин самт фаъолияти Комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Ҷамъомади комиссияи мазкур, ки 1 марти соли равон дар Тошканд баргузор шуд, барои минбаъд мустаҳкам кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ қадами навбатӣ гардид. 
Вохӯриҳои пурмаҳсул дар сатҳҳои мухталиф ба ҳамкории байни кишварҳои мо такони нав мебахшанд, онро бо мазмуну муҳтавои амалӣ ғанӣ месозанд. Моҳи март дар Ашқобод Намоишгоҳи саноати миллии Ӯзбекистон бо муваффақият баргузор шуд. Алҳол дар Тошканд Намоишгоҳи миллии Туркманистон ва анҷумани тиҷоратии доираҳои корчаллони ду мамлакат баргузор мегарданд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бобати мунтазам гузаронидани чунин намоишгоҳҳо, татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузург дар кооператсияи истеҳсолӣ, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ ва ғайра мубодилаи афкор ба амал омад. 
Кишварҳои мо дар татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузурги энергетикии минтақа, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони нақли гази Туркманистон – Ӯзбекистон – Қазоқистон – Чин, ки иқтидори солонаи он   25 миллиард метри мукааб газ хоҳад шуд, фаъолона иштирок мекунанд.
Соҳаи нақлиёт аз ҷумлаи самтҳои бартариноки ҳамкорӣ ба шумор меравад. Роҳҳои тарафайни автомобилгард ва роҳи оҳани кишварҳои мо барои давлатҳои саввум низ вазифаи гузаргоҳиро иҷро мекунанд. Пулҳои автомобилгард ва роҳи оҳани Туркменобод-Фароб аз болои дарёи Ому шаҳодати ин мебошанд. Пулҳои мазкур ҳангоми сафари давлатии Президенти кишвари мо  ба Туркманистон, ки моҳи марти соли 2017-ум ба вуқӯъ омад,  кушода шуданд.
Қаробати таърихӣ, фарҳангӣ ва урфу одат халқҳои Ӯзбекистон ва Туркманистонро алоқаманд мекунанд, сарвати умумии мардуми мо маҳсуб меёбанд. Ин қаробат барои рушди ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ ҳамчун асоси мустаҳкам хидмат мекунад.
Дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон 720 нафар шаҳрвандони Туркманистон таълим мегиранд. Намояндагони Ӯзбекистон ва Туркманистон дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, консертҳо, ҷашнвора ва озмунҳо, мусобиқаҳои варзишие, ки  дар ҳудуди ду мамлакат  баргузор мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.
Моҳи сентябри соли 2017 ҳайати варзишии Ӯзбекистон дар Бозиҳои V-и осиёӣ дар биноҳои пӯшида ва санъати муҳориба дар шаҳри Ашхобод иштирок кард. Моҳи ноябр Рӯзҳои маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Туркманистон ба вуқӯъ пайваст. Дар доираи чорабинии мазкур намоишгоҳи асарҳои бадеӣ ва консерти устодони санъат ва арбобони фарҳанги Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Дар Ӯзбекистон 192 ҳазор намояндагони миллати туркман зисту зиндагӣ доранд, барои ҳифз кардан ва инкишоф додани забон, маданият ва урфу одатҳои онҳо  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Дар Ӯзбекистон 44 мактаби таълимаш ба забони туркманӣ амал мекунанд. Дар Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон мутахассисони оид ба филологияи туркман, дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус ба номи Аҷиниёз омӯзгорони забони туркманӣ тайёр карда мешаванд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо зарурати вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит, аз ин ҳисоб баланд бардоштани рақобатбардории кишварҳои мо таъкид гардид. Дар ин самт муоҳидаҳо бобати истеҳсоли муштараки техникаҳои кишоварзӣ, автомобилҳо, электротехникаҳо, расонда додани нафт ва маҳсулоти нафт, вусъат бахшидани савдои байни минтақаҳои сарҳадӣ, хидматрасонӣ ва масъалаҳои дигар ба имзо расиданд. Зикр шуд, ки Ӯзбекистон дар лоиҳаи сохтмони нақли гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон иштирок мекунад. 
Маросими ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд. 
17 ҳуҷҷате, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, таълимиву варзишӣ нигаронида шудаанд, имзо гардиданд.
Аз ҷумла, Шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои нақлиёт барои солҳои 2018-2020 ва ҳамкориҳои илмиву техникӣ барои солҳои 2019-2021, муоҳида дар бораи таъсис додани хонаҳои савдо дар Ӯзбекистон ва Туркманистон, фароҳам овардани Шӯрои кории байни палатаҳои савдову саноати ду мамлакат, барномаи ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркманистон барои соли 2019 имзо шуданд.
Бобати мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дуҷониба дар хоҷагии қишлоқ, варзиш, илму техника ва соҳаҳои дигар низ ҳуҷҷатҳо қабул гардиданд. Дар байни онҳо муоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаи карантини рустаниҳо, меморандуми ҳусни тафоҳуми байни иттифоқҳои касаба, кумитаҳои занон ва созмонҳои ҷавонони ду мамлакат мавҷуданд.
Ҳамчунин дар доираи сафар 15 ҳуҷҷати байни мактабҳои олӣ ва соҳаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба имзо расиданд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ президентҳо қайд карданд, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳи ошкорбаёнӣ, самимӣ ва муҳити конструктивӣ гузаштанд, ҳуҷҷатҳои имзошуда ба рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанба ва дӯстона ба манфиати халқҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон хидмат хоҳанд кард.
Дар нимаи дуввуми рӯз Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев майдони Мустақилликро зиёрат кард. Меҳмони олиқадр ба Ёдгории истиқлолият ва инсонпарварӣ, ки рамзи озодӣ, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшишҳои неки мардуми мо мебошад, гул гузошт.
Сипас Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба пояи ҳайкали Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гул ниҳода, ба хотираи сарвари бузурги мо арҷ гузошт.
Моҳи майи соли 2017-ум ҳамчун нишони дӯстии абадӣ ва бародарии халқҳои ӯзбеку туркман яке аз кӯчаҳои Тошканд ба номи Махтумқулӣ гузошта шуда, ба шарафи ӯ ёдгорӣ қомат рост карда буд.
Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ин кӯчаро тамошо карданд, сарони давлатҳо ба пояи ёдгории шоир ва мутафаккири бузурги туркман – Махтумқулӣ гул гузоштанд.
Хиёбони мазкур, ки намои маҷмӯи ягонаро гирифтааст, ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов таассуроти бузург гузошт. Вай ба роҳбари давлати мо барои эҳтиромаш нисбат ба халқ, адабиёт ва маданияти Туркманистон сипосгузорӣ намуд.
Ба муносибати сафари Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон дар кӯчаи Махтумқулӣ боғи «Ашқобод» бунёд гардид. Сарони давлатҳо дар маросими кушодашавии боғи мазкур иштирок карданд.
Президентҳо бо шароите, ки дар инҷо фароҳам оварда шудаанд, шинос гардида, бо ниятҳои нек ниҳол шинонданд.
***
Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 24 апрел аз вилояти Хоразм боздид ба амал овард.
Дар фурудгоҳи байналхалқии «Урганҷ» меҳмони олирутбаро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.
Дар вилояти Хоразм ба ин ташриф омодагии зиёд дида шуда буд. Кӯчаҳои шаҳр ва ноҳияҳо бо парчамҳои давлатии ду мамлакат, хайрамақдамӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва туркманӣ оро дода шуда буданд. Он чиз низ далели ҳамкории мустаҳкамшавандаи байни ду мамлакати дӯст буд, ки ҳазорон ҳамватанонамон ба кӯчаҳо ба муносибати ин рӯйдоди муҳим баромада буданд. Ба сифати ояндаи дурахшони муносибати байни Ӯзбекистону Туркманистон кабутарҳои сафед ба фазо сар дода шуданд.
Халқҳои ӯзбек ва туркман забон ва анъанаҳои шабеҳ доранд, маданият, адабиёт ва санъаташон ба ҳам ҳамоҳанганд.
Ҳоли ҳозир дар маҳаллаи «Туркман»-и деҳаи Ғойбуи ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм ҳазорон туркманҳо паҳлӯ ба паҳлӯ бо ӯзбекон дар муҳити дӯстӣ ва ризоият чун оилаи ягона зиндагӣ мекунанд. Тамоми шароит барои ба забони модарӣ таҳсил намудани онҳо, инкишофи анъана ва таомулҳои миллӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар ин ҷо корҳои зиёди бунёдкорӣ ба амал омадааст. Иморатҳои иқоматӣ аз рӯйи лоиҳаи нав, мактаб, муассисаҳои таълими томактабӣ, мактаби мусиқӣ ва санъати бачагона, поликлиникаи оилавӣ намуди деҳаро куллан тағйир додааст. Дар асоси меъмории анъанавии миллӣ ва замонавӣ Хонаи дӯстии ӯзбеку туркман сохта шудааст.
Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо иншооте, ки ба сифати дӯстии ду халқ сохта шудааст ва инчунин шароити ин ҷо шинос гардиданд. Дар бино китобхонаи асарҳои туркманӣ, ӯзбекӣ ва адабиёти ҷаҳон, маркази ахбору захира, музей, ки инъикосгари дӯстии қадимаи мардумамон мебошад, ӯтоқҳо барои маҳфилҳо аз рӯйи фан ва намудҳои гуногуни санъат, маҷлисгоҳ қариб барои 200 ҷой вуҷуд доранд.
Дар маҷлисгоҳ суханони Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев «Туркманистон барои мо ҳамсояи наздиктарин,  бо мурури замон ва таърих озмудашуда, ки бо он моро риштаҳои қадимаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайвандад. Мо тамоми имконотро сафарбар менамоем то ки намуна бошем, ки дӯстӣ ва муносибати некҳамсоягӣ чӣ гуна бояд бошад» ва суханони Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов «Алоқаҳои дуҷонибаи байни Туркманистон ва Ӯзбекистон – ин гуфтугӯи халқҳои бародар, ҳамсояҳои нек, ки ҳамдигарро қадр ва эҳтиром менамоянд. Дар заминаи мустаҳками ин пойгоҳ мо минъбад низ алоқаҳои дӯстӣ ва бародарии анъанавии байни халқҳоямонро инкишоф медиҳем ва мустаҳкам менамоем»-ро хондан мумкин аст.
Ин суханон даъват ба намояндагони ду халқ, хусусан ҷавонон мебошад, ки онро қадр намоянд ва боз бештар дӯстиро мустаҳкам созанд.
Роҳбарони давлатҳо ба пояи нимтанаи шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман Махтумқулӣ Фироғӣ, ки дар ҳавлии Хонаи дӯстии ӯзбеку туркман гузошта шудааст, гул гузоштанд.
Туркманҳо ғазалиёти Алишери Навоиро бо муҳаббати зиёд мутолиа кунанд, ӯзбекон Махтумқулиро чун шоири худ қадр менамоянд ва дӯст медоранд.
Шоири маъруф дар шеърҳои худ бародарӣ ва дӯстии байни халқҳоямонро васф намудааст. Имрӯз ин анъанаи дӯстӣ ба дараҷаи нав бардошта шуд.
Хонаи дӯстии ӯзбеку туркман, имконоти барои туркманҳои ҳамватанамон бавуҷудовардашуда, дар меҳмонони Туркманистон таассуроти калон гузошт.
Пас аз он президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба маҷмӯи таърихии «Улли ҳавлӣ» омаданд.
Дар ин бино, ки ба асри XVII тааллуқ дорад, бо ташаббуси Президенти мамлакатамон корҳои доманфарохи таъмирӣ бурда шудааст. Ҳамзамон эътибори асосӣ ба нигоҳдории намуди аслии он нигаронда шудааст. Ин ёдгорӣ, ки қариб як гектар майдонро ишғол намудааст, деворҳои мудофиавӣ дорад, ки он бехатарии хонаводаҳои муқими ин ҷоро таъмин менамуд. Инчунин дар ин ҷо нигораҳои нодири маданияти миллии халқи туркман ҳифз мешавад. Дар маҷмӯа ба рушди сайёҳӣ, аз он ҷумла ба умури зиёрат эътибори алоҳида нигаронда шудааст. Барои 20 ҷой меҳмонхона бунёд гардида, юртаҳои туркманӣ гузошта шудааст.
Дар ин ҷо сайёҳон метавонанд бо ҷараёни орд кардани гандум ва биринҷ дар осиё, пухтани таомҳои миллӣ, нонпазӣ дар танӯрҳои гилин шинос гарданд.
Президентҳо бо нигораҳои нодире, ки дар ин қалъа маҳфузанд ва аз таърихи қадимаи халқҳои ӯзбеку туркман нақл менамоянд, шинос гардиданд ва ҳамчунин дар маҷмӯи аспхонаи «Улли ҳавлӣ» аз зоти самандҳои Ахалтекин боздид ба амал оварданд.
Сурудҳои классикии ӯзбекӣ ва туркманӣ садо доданд.
Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо ҳамроҳии Шавкат Мирзиёев аз маҷмӯи «Ичан қалъа» ва Нуруллобой боздид намуданд.
Ба меҳмони олиқадр дар бораи таърихи ин ёдгориҳои таърихӣ, корҳое, ки барои рушди сайёҳӣ дар ин ҷо ба амал оварда мешаванд, нақл карда шуд.
Дар мақбараи Паҳлавон Маҳмуд, ки дар «Ичан қалъа» ҷойгир гаштааст ва музейи саркушод мебошад, ба сипоси хотираи ниёи бузургамон аз Қуръон сура тиловат гардид.
Президентҳо инчунин аз мадрасаи Шерғозихон боздид намуда, бо фаъолияти музей, ки ба ифтихори олимони дар ин мадраса таҳсилнамуда ташкил шудааст, шинос гардиданд. Дар он дар замони худ Махтумқулӣ Фироғӣ низ се сол таълим гирифтааст.
Дар ин ҷо ба ашъори шоир сурудҳои классикӣ иҷро гардиданд.
Бо ташаббуси Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар қатори тамоми шаҳрҳои таърихӣ зарфияти таърихиву меъморӣ ва  сайёҳии Хива инкишоф дода мешавад. Ёдгориҳои беназири маданӣ бо назардошти ҳифзи намуди аслӣ таъмир гардида, ҳудуди атрофи он обод карда мешаванд. Аз он ҷумла дар заминаи таъмир ва тармими маҷмӯи таърихии Нуруллобой корҳо анҷом дода шудаанд. Қабулгоҳ, галерея, амфитеатр, тарабгоҳ бунёд гаштааст.
Ҳамаи ин ба эҳтиёткорона нигоҳ доштани мероси ғании таърихии гузаштагони бузургамон, намоиши васеи зарфияти бузурги офарандагии халқамон ба ҷомеаи ҷаҳон мусоидат менамояд.
Президенти Туркманистон аз шоҳкориҳои даҳои гузаштагонамон изҳори ҳайрат намуда, корҳоро доир ба ҳифз намудани мероси онҳо олӣ арзёбӣ кард.
Дар нимаи дуюми рӯз дар театри драмаи мусиқии вилоятии Хоразм дар Урганҷ барномаи консертии устодони санъати Ӯзбекистон ва Туркманистон намоиш дода шуд.
Дар консерт президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов иштирок намуданд.
Консерт боз як далели қаринии маданияти халқҳои ӯзбеку туркман гардида, барои васеъ шинос шудан бо санъати имрӯза ва классикии ду мамлакат имкон ба вуҷуд овард.
Бо ҳамин ташрифи давлатии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ӯзбекистон ба поён расид. 
Дар фурудгоҳи байналхалқии «Урганҷ» Президенти Туркманистонро Президенти Ӯзбекистон гусел кард.
Ташрифи давлатии Президенти Туркманистон ба Ӯзбекистон ва ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи он ба имзо расиданд, чорабиниҳои маданӣ боз як таҷассуми таҳкими ҳамкории  байни мамлакатҳоямон гардиданд, ки ба дӯстӣ ва некҳамсоягӣ асос меёбад.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Аҳмадҷон ШОКИРОВ,

хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: