УСУЛИ КЛАСТЕР —

ТАРЗИ САМАРАБАХШИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ РАҚОБАТ

ТАРЗИ САМАРАБАХШИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ РАҚОБАТ
Ҷаҳонишавӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, нобаробари инкишоф боиси шиддат гирифтани рақобати байни давлатҳо мегардад. Ба ин муносибат яке аз вазифаҳои таъхирнопазир барои  баланд бардоштани рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонӣ тағйир додани иқтисодиёти кишвар мебошад.
Корхонаҳои соҳавии Ӯзбекистон ба як қатор мушкилот дучор меоянд, ки мустақилона ҳал кардани онҳо ғайриимкон аст.
Дар ҷараёни таҳлили фаъолияти корхонаҳои ҷумҳурӣ чунин мушкилот, аз ҷумла дертар хабар додани навигариҳо ва навовариҳои соҳа, сатҳи пасти ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ба талаботи замон мувофиқат накардани инфрасохтори мавҷуда, сатҳи пасти самаранокии меҳнат бо сабаби истифодаи нодурусти фондҳои истеҳсолӣ муайян карда шуданд.
Имрӯз шаклҳои гуногуни ҳамгироии корхонаҳои соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кластерҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Усули кластерӣ дар идоракунии иқтисодиёти кишвар равиши самараноки баланд бардоштани рақобат мебошад.
Дар айни ҳол дар таркиби КМ ҶММ Bek cluster беш аз 20 корхонаи гуногунҷабҳа фаъолият мекунанд. Дар онҳо беш аз 5 ҳазор нафар кор мекунанд, ки дар байни онҳо ҳам ҳамватанони мо ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Сарфи назар аз вазъи душворе, ки дар ҷаҳон бар асари пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, дар тӯли соли 2020 корхонаҳои КМ ҶММ Bek cluster  ба маблағи 17 802 604,96 доллар маҳсулот содир карданд. Дар ҳаҷми умумии содирот ҳиссаи назаррасро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Дар оянда Bek cluster татбиқи як қатор лоиҳаҳои умедбахшро ба нақша гирифтааст.
Яке аз онҳо лоиҳаи ташкили маркази илмию амалии технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти растанӣ мебошад, ки дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ амалӣ карда мешавад. Дар доираи он 3 лоиҳаи грантӣ оид ба парвариш ва коркарди маҳсулоти растанӣ ба Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод карда шудааст.
Бо мақсади таъмин ва насби таҷҳизоти муосири лабораторӣ дар марказ, бо ширкатҳои маъруфи истеҳсолии Юнон ва Олмон шартномаҳои дахлдор ба имзо расиданд. Мақсад табдил додани маркази илмӣ ва амалӣ ба институти илмию тадқиқотӣ мебошад, ки он на танҳо дар Ӯзбекистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон маъруф хоҳад шуд.
Лоиҳаи бунёди «гармхонаҳои иҷтимоӣ» дар 10 сотих барои сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ховос сохтани гармхонаҳои бо офтоб гармшавандаро пешбинӣ мекунад. Кор дар ин гармхонаҳо ба соҳибони худ даромади устувор фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ дар доираи ин лоиҳа ҳазор гармхона сохта, 2 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешаванд. Дар гармхонаҳо парвариши қулфинай, ки ба Русия содир мешавад, ба нақша гирифта шудааст. Бинобар масъалаҳои фурӯш бо намояндагиҳои бузурги савдои Русия созишномаҳои аввалин баста шудаанд.
Бинобар лоиҳаи мазкур кор аллакай оғоз шудааст: таҳкурсии 40 гармхона гузошта шуда, конструксияҳои металлӣ насб карда мешаванд. Мақсади асосӣ дарёфти ҷойи кор барои аҳолӣ, афзоиши даромади воқеии мардум ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад.
Лоиҳаи сохтмони фабрикаи истеҳсоли риштаҳо, дока ва сафедкунии  матоъҳо дар ҳудуди ноҳияи Мирзообод ба нақша гирифта шудааст. Заводи коркарди пахтаи Mirzaobod universal trade, ки дар ҳайати КМ ҶММ Bek cluster фаъолият мекунад, низ дар ин ҷо ҷойгир аст, ки афзалиятҳои логистикии лоиҳаро афзун мекунад. Пас аз ба кор дароварда шудани он 1 443 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Лоиҳаи навбатӣ  дар ҳамкорӣ бо БСТ «Туронбанк» ва «Асака» оид ба сохтмони гармхона-лимӯзорҳо дар 63 гектар таҳия шудааст. Бо татбиқи он имконияти дар як сол содир намудани 5670 тонна лимӯ, созмон додани 1 236 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар оянда коркарди лимӯ ва истеҳсоли шарбат ба роҳ монда мешавад.
Лоиҳаи рақамисозии соҳаи кишоварзӣ низ сазовори эътибор аст. Барномаҳои рақамии Trimble (ИМА), «Teхнотон» (Белорус) ва Cropio (Украина) барои назорат ва мониторинги корҳои кишоварзӣ дар ҶММ Mirzaobod universal trade дар таркиби КМ  ҶММ Bek cluster истифода мешаванд.
Бо кӯмаки барномаи Cropio қитъаҳои замини кишоварзӣ ба навор гирифта мешаванд. Дар асоси тасвирҳои бадастомада имкони дар давоми ҳафта, моҳ ва сол мушоҳида намудани тағйироти заминҳои кишт фароҳам омада, барномаҳои чорабиниҳои зарурӣ таҳия карда мешаванд.
Барномаи «Технотон» имкони аз масофа назорат намудани харҷи сӯзишвориро ҳангоми истифодаи техникаи кишоварзӣ фароҳам меорад.
Барномаи Trimble барои аз масофаи дур назорат кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва қабули қарорҳои дурусти логистикӣ пешбинӣ шудааст. Дар оянда корхона нақша дорад, ки низоми обёрии қатрагии майдонҳои пахта ва ғалларо рақамӣ кунад.
Татбиқи дигар лоиҳаҳо низ пешбинӣ шудааст. Умедворем, ки ин ба рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.

Улуғбек СОТИБОЛДИЕВ,
узви Сенати Олий Маҷлис, раиси Шӯрои ӮзЛиДеП-и вилояти Сирдарё, роҳбари кластери КМ ҶММ Bek cluster. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: