КӮМАКИ ИҶТИМОӢ БА АҲОЛӢ

Азбаски дар маҳаллаи Мирзодалаи ноҳияи Мирзочӯл як муддат ба сар бурдаам, шароити зисти одамон, тарҳу сохти биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ бароям бештар шинос аст

Азбаски дар маҳаллаи Мирзодалаи ноҳияи Мирзочӯл як муддат ба сар бурдаам, шароити зисти одамон, тарҳу сохти биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ бароям бештар шинос аст. Ҳар боре ки бо дӯстам мухбири суратгир Раҳимшоҳ Шарифзод дар тамос мешавам, аз тағйироту дигаргуниҳои шаҳрак мепурсам. То ин дам ягон дигаргунӣ нест, танҳо сохтмони майдончаи футбол ва ду-се иморати навбунёдро сарфи назар кунем, ҳамааш мисли пештара аст, гӯён посух медиҳад.
Ба наздикӣ ӯ мужда расонд, ки мувофиқи Барномаи «Деҳаи обод» маҳаллаи «Ғалаба»-и шаҳри Гагарин – маркази ноҳияи Мирзочӯл қариб аз сари нав бунёд хоҳад шуд. Дар ҳақиқат зиёда аз 50 адад барак-иморати муваққатии тахтагин вайрон карда шуда, ба ҷои он 400-то биноҳои якошёнаи ду-се ҳуҷрагӣ бунёд меёбанд. Дар ин хонаҳои тахтагин то ин дам якуним ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд.
Баробари оғоз ёфтани корҳо дар асоси Барномаи «Деҳаи обод» дар ин ҳудуд низ қабулхонаи халқӣ ташкил гардид. Зиёда аз панҷ ҳазор нафар аҳолии маҳал дар бораи муаммо ва мушкилиҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраи худ, бекорӣ, қайди доимӣ, тандурустӣ, кӯмаки иҷтимоӣ ва ғайра ба мутасаддиён муроҷиат карданд.
– Ин хонаҳои муваққатии  тахтагин шаст  сол пеш аз ин сохта шудааст ва имрӯз вақти он расидааст, ки батамом вайрон карда шавад, – мегӯяд ҷонишини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Элмира Боситхонова. – Дар ояндаи наздик бунёд ёфтани хонаҳои нави замонавӣ ва ба соҳибони худ супурдани он намунаи равшани кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ мебошад, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад. Аз сӯи дигар мутахассисони соҳибмалакаи  тиббии вилояту ҷумҳурӣ аҳолии маҳалро аз муоинаи амиқи тиббӣ мегузаронанд.
– Дар қабули оммавӣ зиёда аз 700 муроҷиати шаҳрвандон ҳаллу фасл гардид. Тартиби ҳалли масъалаҳои вобаста ба суду ҳуқуқ муайян карда шуд. Ба туфайли ба бунёдкорӣ шурӯъ намудани бинокорони гулдаст ва рӯи об баровардани лоиҳаи сохтмони маҳал рӯзҳои наздик ин қисми шаҳри Гагарин низ назаррабо хоҳад гардид. Низоми иҷрои Барномаи «Деҳаи обод» такмил меёбад ва шароити зисти мардум торафт беҳтар мегардад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: