ТАРБИЯИ ДУРУСТ – АСОСИ БАХТУ САОДАТИ ХАЛҚ

«Бахту саодати халқ ба дуруст тарбия кардани насли наврас вобаста аст». Ҷон Лок (файласуфи англис).

«Бахту саодати халқ ба дуруст тарбия кардани  насли наврас вобаста аст».
Ҷон Лок (файласуфи англис).

Таҷрибаи зиндагӣ бозгӯйи он аст, ки инсон ва ҷамъиятро дар рӯҳи муҳаббат ё нафрат метавон тарбия кард. Муҳаббат ба чию кӣ? Ба обу хоки Ватан, қарибону пайвандон, урфу одат, арзишҳои милливу умумибашарӣ, қавми худ ва ақвоми дунё... Нафрат ба кию чӣ? Ба фиребу  найранг, беадолатии иҷтимоӣ, дуздию ҳаннотӣ, куштору зӯроварӣ, толону тороҷ, гиёҳмандӣ, нашъаҷаллобӣ, ришвахурӣ ва ғайра.
Халқҳои минтақаи мо, ки дорои урфу одат, анъана ва арзишҳои умумии маънавиянд, дар тӯли таърихи дароз дар рӯҳи гуногун тарбия ёфтанд. Мисолан, рӯзгоре онҳо дар рӯҳи оташпарастӣ, муҳаббат ба арзишҳои дини зардуштӣ: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек ва нафрат ба нерӯҳои аҳриманӣ тарбия дидаанд.
Шоири классики тоҷик – Дақиқӣ (қарнҳои IX-X) дар рӯҳияи муҳаббат ба дини зардуштӣ ё зардуҳиштӣ фармудааст:
Дақиқӣ чор хислат баргузидаст,
Ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ.
Лаби ёқутрангу нолаи чанг,
Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.
Дертар, баъди густариши дини ислом, халқҳои мо дар рӯҳи дӯст доштани Худои яккаю ягона, паёмбарони ӯ ва расули акрам Муҳаммад (с), Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ тарбия диданд.
Ақоиди исломӣ ба рӯзгори халқҳои мо ворид шуд ва мазмуну муҳтавои шеъри ирфонии шоиронамон Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Бобораҳим Машрабро... ташкил дод.
Дар аҳди болшевикон ё коммунистон ғояҳои коммунистӣ дар байни халқҳои мо интишор ёфтанд. Коммунистон динро афюн эълон карданд, ба муқобили аҳли дин, кутуби динӣ ва ақоиди исломӣ муборизаи беамон сурат гирифт.
Ҷавонон, ки дертар аз онҳо коммунистони шуълавар ба воя расид, дар рӯҳи садоқат ба ғояҳои ленинию марксистӣ тарбия ёфтанд, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мақсади дифоъ аз халқу Ватани сотсиалистӣ, падари халқҳо – Сталин ҷоннисорӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд.
Дар он аҳд халқҳои мо, ҳарчанд аз арзишҳои милливу динии худ як андоза дур шуда буданд, вале ғояҳои зиндагисози дӯстию бародарӣ ва якдилии халқҳо онҳоро то ҷое муттаҳид сохта буд.
Баъди ба истиқлолият расидан, халқҳои минтақа тӯли чоряк аср ба сабабҳои гуногун як андак аз ҳам дур шуданд. Фазои маънавӣ имкон надод, ки ба якдигар қаробат ҷӯянд...
Бо ташаббусҳои созандаи  Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев бо давлатҳои хориҷии дуру наздик роҳи сиёсати дари боз пеш гирифта шуд. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ барои васл кардани халқҳо ба дунё омадааст.
Дилёбӣ ва қаробатҷӯйиҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев натиҷаи матлуб бахшид. Соли равон дар Қазоқистон Соли Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон карда шуд, муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳоданд, пояҳои дӯстиву бародарии халқҳои ӯзбеку туркман беш аз пеш таҳким ёфт.
Бино ба шаҳодати таърихнигорон халқҳои ӯзбеку тоҷик, қазоқу қирғиз ва туркману қароқалпоқ аз замонҳои хеле қадим дар як минтақа, мисли фарзандони як оила ба сар бурда, ба ғановати сарвати маънавӣ ва фарҳангии якдигар афзудаанд.
Бинобар ин, урфу одат, анъана ва арзишҳои миллиашон муштаракоти зиёде дорад.
Тӯли садсолаҳои зиёд, ба фикрам, тоҷики форсизабонро  бо ин қавмҳои туркигӯ, асосан, умумияти динию мазҳабӣ (таълимоти Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит, мулаққаб бо Имоми Аъзам) наздик кардааст.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи муносибатҳои некҳамсоягии халқҳои ӯзбеку тоҷик саҳифаи нав кушод, деворҳои сунъӣ аз байн бардошта шуданд.
Аҳли олам бори дигар шоҳиди он гардид, ки гушту нохун, ду тори як дутор, ду сатри як ғазал – тоҷику ӯзбекро аз якдигар ҷудо кардан кори сангин аст.
Солҳои таъбиди қарни сипаригардида, чанд бор иваз шудани алифбо ва фарҳангзудоиҳо кори худро карданд. Халқҳои мо аз сарчашмаҳои динию фарҳангӣ ва худшиносии миллии худ як андоза дур шуданд.
Ин аст, ки бар асари каммаърифатӣ ё бемаърифатӣ назари худоӣ афкандан ба одаму оламро як муддат фаромӯш кардем, холигоҳи маънавиамонро манманӣ, кибру ғурур, худгароию миллатгароӣ ва зӯроварӣ пур кард, бародарони худро, ки тӯли қарнҳои зиёд баробари мо мезистанд, нодида гирифтем.
Назари худоӣ афкандан ба одаму олам чӣ маънӣ дорад? 
Чунин ба назар мерасад, ки тарбияи нодуруст, қашшоқии маънавӣ, дуршавӣ аз сарчашмаҳои динию фарҳангӣ моро аз тараққиёту пешрафт бозмедорад. 
Бино ба таълимоти динӣ дунё, замину осмон ва кулли мавҷудоти он, аз ҷумла, миллату забонҳоро Худо халқ кардааст ва беэътиборию беэътиноӣ ба офаридаҳои Парвардигор гуноҳи азим маҳсуб меёбад. Вале мо гоҳо аз дидгоҳи банда ба оламу одам ва муқаддасоти миллӣ назар афкандем. Дар натиҷа тӯли чанд даҳсола бино ба «дархост»-у «ташаббуси падару модарон» дари чанд гурӯҳу мактабҳои миллӣ пӯшида шуд...
Бино ба ақидаи донишмандон чуноне, ки бе ғизои моддӣ зиндагии инсон тасаввурнопазир аст, бе ғизои маънавӣ ё рӯҳонӣ низ инсонвор умр ба сар бурдан амри муҳол аст. 
9-уми марти соли равон суханони пурмуҳтавои Сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёевро дар қасри «Борбад»-и пойтахти Тоҷикистон – Душанбе аҳли толор бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд. Зимни суханрониаш ӯ гуфт, ки ман ба сарвари давлати Тоҷикистон дарвозаи рамзии дараш бозро, ки дар як тарафаш парчами Ӯзбекистон ва дар тарафи дигараш парчами Тоҷикистон насб гардидааст, туҳфа кардам. Бигузор, дари хона ва дари дилҳои мо ҳеҷ гоҳ ба рӯйи якдигар баста нашаванд!
Оре, халқи мард ва ҳимматбаланди мо, таҳти роҳбарии сарвари худ бо кишварҳои хориҷии наздику дур сиёсати дари бозро пеш гирифтааст.
Мо бояд қабл аз ҳама, ба мақоли «Дӯст магӯ, ҳамсоя гӯ» амал карда, бо ҳамсояҳои наздики худ қаробат ҷӯем, беҳтарин анъанаҳои ҳамзистӣ, некҳамсоягии аҷдоди худро идома диҳем.
Ҳоло аз ҳар каси хайрхоҳ суол кунед, ки чӣ бояд кард то робитаҳои некҳамсоягии мо бо давлатҳои хориҷии наздик беш аз пеш таҳким ёбанд, пешниҳодҳои худро ба миён мегузорад.
Ин ҷониб низ дар ин навишта чанд фикру мулоҳизаи худро, ба хотири он ки шояд ба кор оянд, ба миён гузоштаниям. Бояд таҷрибаи қаробатҷӯйиҳои табиии халқҳои минтақа, ки дар тӯли таърихи дароз ташаккул ёфтаанд, ҳамаҷониба омӯхта шуда, мавриди корбурд қарор гиранд. Роҳандозии робитаҳои фарҳангӣ, муттасил баргузор намудани ҷашнвораю конфронсҳо халқҳои минтақаро наздиктар месозанд. Мо бо бисёр мамлакатҳои дунё, аз ҷумла бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя, робитаҳои иқтисодӣ дорем. Хабардории халқ аз робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти тарбиявӣ дорад. 
Ҳарчанд дар минтақаи мо панҷ давлати мустақил арзи вуҷуд мекунанд, намояндагони халқҳои ӯзбеку тоҷик, қазоқу қирғиз ва туркману қароқалпоқ каму беш дар ҳамаи ҷумҳуриҳо ба сар мебаранд.
Мо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки ҳамватанони мо, сарфи назар аз миллату нажодашон, дар баробари ғизои моддӣ, ба ғизои маънавӣ низ ниёз доранд.
Савту сурудҳои ин ё он миллат қисми таркибии ғизои маънавиянд. Бинобар ин, аз савту сурудҳои миллӣ баҳраманд шуда истодани миллатҳои маскуни ҷумҳурӣ ба дӯстии байни миллатҳо мусоидат менамояд.
Бешубҳа, халқ розӣ бошад, миллатҳо розӣ бошанд, Ӯзбекистони биҳиштосои мо ба дастовардҳои зиёд ноил мегардад...
Бузургсолон пир мешаванд, наврасон бузургсол, насли наве, ки дилаш коғази нонавиштаро мемонад, ба дунё меояд. Бигузор, рӯйи ин коғази сафед вожаҳои «Дӯстӣ», «Бародарӣ», «Ваҳдат» ва «Шукуфоӣ» бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
Онҳоро дар рӯҳи некҳамсоягӣ, инсонпарварӣ, меҳандӯстӣ, арҷгузорӣ ба урфу одат, анъана ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия кардан суди зиёде дар пай дорад.

Абдулло СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: