ХОҶА МАҲМУД АНҶИРФАҒНАВӢ

ПИРИ СЕЮМ

Хоҷа Маҳмуд Анҷирфағнавӣ дар охирҳои асри XII дар деҳаи Анҷирфағнав (Анҷирбоғи ҳозира)-и ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро таваллуд шуда, соли 1286 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Дар солҳои истиқлолият дар болои қабри ӯ мақбараи нав созонда шуд. Дар назди мақбара масҷиди ҷомеъ бунёд гардида, боғ ва ҳавз барпо карда шудааст. Ба ин тариқа ба зиёратгоҳи бошаҳомат табдил ёфтааст. Ӯ ба сифати пири сеюми тариқати хоҷагон-нақшбандия эътироф карда шудааст. Зиёраткунандагони мақбара торафт зиёд мегарданд.
Хоҷа Маҳмуд муриди Орифи Ревгарӣ мебошад. Баъди вафоти пири худ роҳнамои тариқат шудааст. Пири ҳалқаи дувоздаҳуми силсилаи шарифи аз Паёмбар (с) шурӯъшаванда ба ҳисоб меравад. 
Дар манбаъҳо миёнақад, бинияш ба рухсор зебанда, васеърӯй, сиёҳриш тасвир шудааст. Ба сар саллаи сафед мебаст. Каромоти зиёд доштааст. Аз ҷумла, дар асарҳои «Рашаҳот-ул-айн-ул-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Ҳазарот-ул-қудс»-и Бадриддин Сарҳиндӣ, «Матлаб-ут-толибин»-и Муҳаммад Толиб, «Ҷомеъ-ус-салосил»-и Маҷдиддин Бадахшонӣ ба шакли паррандаи сафеди калон даромада, ба ҳаво парвоз карданаш зикр гардидааст.
Аз насли саййидзодаҳо мебошад. Бинобар ин дар манбаъҳо пеш аз номи Маҳмуд Анҷирфағнавӣ истифода шудани калимаи Хоҷаро дучор меоем. Барои таъмини рӯзгор бо дуредгарӣ ва тиҷорат шуғл варзидаанд.
Ба зикрҳои хуфя ва ҷаҳрия баробар амал кардааст. Он кас таъкид мекард, ки дар ҳангоми танҳоӣ зикр гуфтан зикри хафӣ, ҳангоми боҷамоат зикр гуфтан зикри ҷаҳрӣ бештар фоида меорад. Бо ҳамин тариқ Маҳмуд Анҷирфағнавӣ дар тариқати хоҷагон зикри ҷаҳриро оғоз ниҳод. Ба фикри Маҳмуд Анҷирфағнавӣ мақсад аз зикри алонӣ ё махфӣ як аст, зарурати ҳикмат, маслиҳат ва ҳолат дар ҳарду навъи зикр ҳам мавҷуд аст.
Маҳмуд Анҷирфағнавӣ пири Хоҷа Алии Рометанӣ, яъне Хоҷаи Азизон ба шумор мераванд.

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид ба фалсафа,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи А. Берунӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: