ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ЭВЕРЕСТИ СУХАН

Ба пешвози 90-умин солгарди Чингиз Айтматов

«Муаллими аввалин», «Киштии сафед», «Роҳи Каҳкашон», «Саҳрои модарон», «Рӯ ба рӯ», «Алвидоъ, Гулсарӣ!», «Дуроҳаи бӯронӣ», «Қиёмат» барин асарҳо, ки ба қалами Чингиз Айтматов мансубанд, нафақат дар адабиёти қирғиз, балки дар адабиёти ҷаҳон дурдонаи бебаҳоянд. Нависандаи забардаст дар осори гаронмояи худ қудрат, азамат, латофат ва назокати сухани бадеиро ба дараҷаҳои баланд бардошт.
Умри асарҳои бадеӣ, чун умри одамӣ кӯтоҳ ва дароз мешаванд. Вале осоре, ки барҷаста ва нотакрор аст, умри ҷовидон дорад. Қаҳрамони бисёр ҳикоя, қисса ва романҳое, ки мутолиа кардаем, бо мурури замон, аз хотирҳо зудуда мешаванд. Вале Дюйшену Олтиной, Танабою Камол, Едигею Қазонқоп, Авдию Бостон барин қаҳрамонҳои Айтматов мисле зиндагиро бо мо идома медиҳанд. Хусусан Ҷамилаву Дониёр бо қиссаи муҳаббаташон ба дил ва дидаи мо қарин. Луи Арагон «Ҷамила»-и Чингиз Айтматовро «зеботарин достони ишқ» номида буд. Ба назари хонандае, ки аз қисса таассуроти калон бардошта, чунин мерасад, ки гӯё Ҷамилаву Дониёр сӯи уфуқҳои дур дастобадаст ҳанӯз мешитобанд: зангӯлаи муҳаббат дар даштҳои доманфарох ҳамон танинандоз...
Ба ҳам омадани ҳодисоте, ки дилро ба ҳаяҷон меоварад, ривояти ибратангези халқӣ, ки бо услуби нотакрор нақл мешавад, шеърияти нафис, ки хушгувор садо медиҳад, муассирии қиссаи «Алвидоъ, Гулсарӣ!»-ро таъмин мекунанд, ки низ умри ҷовид дорад: паси гӯшамон ҳамон гомҳои заминкӯби аспи зарринёл садо дода, диламонро ба таппиш меорад. Шиҳаи ҳасратзои Гулсарӣ омехта бо савту оҳанги ғамангези қобуз хотираҳои аз нобасомониҳои замон дардхӯрдаи моро тагурӯ месозад. Устодона ба риштаи тасвир кашида шудани манзараҳои ҳаёт дили хонандаро ба ҳаяҷон меоранд. Ҳар пора лабрез аз рамзу маҷоз, мақолоти мардумӣ, тазоду қиёс, ки тоза гуфта шуда ва тарзи ифодаи обдору маънирезро пурра гардондаанд.
Хонанда асари Айтматовро шояд даҳҳо сол пештар мутолиа карда бошад, вале розҳои сӯзнок, дардҳои ширини қаҳрамонҳоро, ки мисле ба ҳаёташ ворид шудаанд, ҳамон дар қалб ва рӯҳ эҳсос менамояд. Вай ҳанӯз ҳамроз ва ғамшарик бо Илёсу Асал аст, Оқбӯриро, ки бо чашмони ашкбор бачаашро бӯида, шукри ҳастӣ менамояд, аз пеши назар дур андохта наметавонад.
Дар бораи хотираи инсон сухани тоза ва таъсирбахш гуфта, адиби барҷаста таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ кашид: ба фаромӯшӣ супурдани панду андарзҳои мозӣ, арзишҳои миллӣ, гум кардани аслу насаб ба чӣ қадар оқибатҳои ногувор меоварад, аз мусибате, ки ба сари Найманона афтод, маълум гардид. Вай бо дасти писари манқурташ кушта шуд. Рӯймоли ӯ бошад гоҳи қиёмат дар сурати мурғи сафеди хотир ба пайдо омад.
Ҳис мекунем, ки зиндагиву марг, рӯшанӣ ва зулмот, адолат ва ҷабр, ҳақиқат ва дурӯғ, висол ва ҳиҷрон чун қутбҳои муқобил ҳамеша дар бархӯрд. Вале онҳо бидуни якдигар маънӣ надоранд. Бе рангу борашон манзараҳои ҳаёт тобишу ҷилои худро гум мекунанд. Асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни Айтматов, ки насри муосирро дар доираи умумибашарӣ бе онҳо тасаввур кардан душвор, ба ҳаллу фасли бадеии чунин масоил нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, модар дар офаридаҳои муассири адиб идомадиҳандаи ҳаёт, рамзи пойдории иморати бани башар аст, ҷанги хонумонсӯз бошад, фарзанди бо меҳри ҷон парвардаи ӯро ба коми марг тела дода, манзилҳои ободро ба харобазор табдил менамояд.
Мунаққиди тоҷик Муайяна Хоҷаева нигошта, ки ҳамаи қиссаҳои Айтматов гӯё бо зарби нафасе зода шудаанд. Онҳо сурудаеро мемонанд, сурудҳои дарду шодии ҷонфишорро, сурудҳои кӯҳу даштҳои пурбаҳорро. Дар ҷои дигар вай афзуда, ки: «Соддагиву бузургӣ, вусъати эпикиву жарфияти фалсафӣ, гармҷӯшии эҳсоси лирикиву майлонҳои публитсистӣ – ҳама хоси насри Айтматов ҳастанд».
Шоири шаҳир Мирзо Турсунзода Чингиз Айтматовро «аълоҳазрати наср» номида буд. Адибаи рус В.Тимофеева бошад, эҷоди ӯро «насри шоирона» мегӯяд. Осори аз эҳсосот лабрези адиби қирғиз аз ҷониби М.Консунский чун «шеъри кӯҳсору даштҳо» баҳо гирифтааст. И.Микелинскас таъкид сохта, ки Айтматов «шоири наср» аст. Чун суханвари нозуктабъ, вай воқеоти ҷолиби серпаҳлӯву фарохғунҷоишро ба сюжети нотакрору хотирнишин табдил медиҳад, аз манзараҳое, ки ба тасвир мекашад, дар қалби хонанда эҳсоси гуворо рӯ зада, бидуни ихтиёр, ӯ худро дар оғӯши табиати зебо ва хурраму сабз тасаввур менамояд.
Қариб ҳамаи асарҳои Чингиз Айтматов ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (бо саъйи Ф.Муҳаммадиев ва А.Рашидов) тарҷума ва гаштаю баргашта нашр шудаанд. Ӯ Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дӯст медошт, бо адибҳоямон ҳамкориҳо мекард, дар абадият касб намудани муносибатҳои адабӣ саҳм мегирифт.
Асное дар Тошканд буд, дафъае ба манзили дӯсташ Ҷонрид Абдуллохонов воқеъ дар ноҳияи Чилонзор ташриф овард. Нависандаи ӯзбек Ҷ.Абдуллохонов ӯро бо ҳаммаҳаллаҳои худ шинос намуд. Вохӯрӣ бо адиби бузург фаромӯшнопазир сурат гирифт. Вақте Ч.Айтматов аз олам гузашт, аҳли маҳалла маблағ ҷамъ карда, Абдуллохоновро ба Бишкек, ба таъзия гуселонданд. Вале Ҷонридака натавонист дар ҷанозаи дӯсташ иштирок кунад – ӯро аз сарҳад нагузаронданд. Ҷ.Абдуллохонов баргашт ва фаъолони маҳалла бо маслиҳат дар Чилонзор оши худоӣ ташкил карданд. Ин низ нишонаи меҳри мардуми оддист нисбати адиби барҷастаи замон, ки зода ва парвардаи кишвари ҳамсоя аст.
Ч.Айтматов бо файласуфи шинохтаи тоҷик Акбар Турсунов, инчунин, робитаи мустаҳкам дошт. Дар Душанбе ва Бишкек, бештар дар Иссиқкӯл ба дидори ҳам мерасиданд.
Чингизоға дар эҷод омаднок буд. Гуворотарин достонҳои муҳаббат дар адабиёти қирғиз ба ӯ мутааллиқ аст. Дар ҳаёти шахсӣ низ омаднок буд?
Вай дар вазъи баҳра бурдан аз меҳру муҳаббати қарибонаш умр ба сар бурд. Бо вуҷуди ҳамин бо саргузаштҳои сершиддат, драма ва фоҷиаҳо бой буд тақдири адиби забардаст. Керез ном духтари соддадил – нахустин рафиқаи ҳаётиаш. Солҳои донишҷӯӣ дӯст дошта, оила барпо карда буданд. Соҳиби ду писарчаи дӯстрӯ – Санҷар ва Асқар шуданд. Вале ҳаёти якҷояашон, бо сабабҳои гуногун, дер напоид.
Тааттабибӣ Турсунбоева, ки ба рушди санъати театри қирғиз саҳми муносиб гузоштааст, ба ҳаёти Ч.Айтматов ворид гашт. Вале ситораҳо рост наомаданд – ҷудо шуданд.
Чингизоға ва дигар аз ҳамқисмати ӯ Марямхонум соҳиби ду фарзанд шуда, ба онҳо Ширин ва Элдор ном гузоштанд. Ҳарду дар Тошканд, дар хонадони ӯзбекҳо, бисёр меҳмон шудаанд. Ҳамсари адиби ӯзбек Одил Ёқубов Марямхонум дар китоби хотироти худ қайд намуда, ки Чингизоғаю завҷааш зуд-зуд ба хонаамон меомаданд, ману Марямхон дар бораи машаққат ва лаззати зиндагӣ бо эҷодкорони машҳур дурудароз суҳбат мекардем.
Чингиз Айтматов дар «Ашки чашми дар қуллаҳо монда» ном асараш (ҳаммуаллиф М.Шохонов) оиди боз як хонуме, ки чун нур дилу хонадонашро фурӯзон доштааст, ҳикоя мекунад: «Мо якдигарро наҷустем. Ҳамааш худ ба худ рӯй дод. Ҳамон вохӯрии тасодуфӣ инояти бебаҳои тақдир гардид. Зане, ки чун нур ба ҳаётам ворид ва равшанӣ бахшид, балеринаи машҳури қирғиз Бибисоро Бейшеналиева мебошад. Он симои азиз то ҳанӯз ба хобҳоям медарояд, бедор мекунад, диламро мебардорад, ба гузашта бармегардонад». Афсӯс, Бибисоро барвақт ҳаётро падруд гуфт – 11 майи соли 1973 абадан ҷудо шуданд.
Персонажҳои осори Чингиз Айтматов ба ҳаёт, ба одамон бо чашми меҳр, бо нигоҳи ибратбин менигаристанд. Тавре яке аз адабиётшиносон менигорад, «Онҳо одамони ҳурмузсириштеанд, ки аз равзанаи пиндори нависанда тавассути тасвири бадеӣ ба арсаи воқеият омадаанд».
Мисли Дониёр, Илёс ва дигар қаҳрамонҳояш Чингиз Айтматов дили саршор аз муҳаббат дошт, пайвастагиаш бо мардум ва ҳаводиси рӯзгор дар ҳар нафас эҳсос мегашт.
Асарҳои Чингиз Айтматов ба 154 забонҳои дунё тарҷума ва бо бештар аз 20 миллион нусха аз чоп баромадаанд. Ӯ барҳақ яке аз фотеҳони қуллаи сухан аст.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: