БАРНОМАИ «ОБОД ҚИШЛОҚ»: ТАҲЛИЛИ ТАТБИҚШАВӢ ВА ВАЗИФАҲОИ РӮЗМАРРА

Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 апрел машварати видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои ташкили пурсамар ва вазифаҳои муҳимтарини татбиқсозии барномаи «Обод қишлоқ» ба амал омад.

Дар он Сарвазир ва муовинони ӯ, шахсони масъули вазорату идораҳо, роҳбарияти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок карданд. Ба масъалаҳои вобаста ба татбиқсозии барномаи «Обод қишлоқ» («Деҳоти обод»), мушаххас намудани вазифаҳои минбаъда эътибори махсус дода шуд.
Зикр гардид, ки тӯли солҳои охир дар тамоми мамлакат корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ амалӣ шуданд. Вале бинобар эътибор надодан ба шароити ҳаёт дар баъзе нуқтаҳои аҳолинишин боиси норизоии сокинони онҳо мегарданд. 
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев низоми мушаххас ва мақсадноки минбаъд беҳтар намудани шароити ҳаёти аҳолӣ созмон дода шуд. Мувофиқи фармони роҳбари давлати мо «Дар бораи барномаи «Обод қишлоқ» аз 29 марти соли 2018 дар соли равон дар ду деҳаи ҳар кадом ноҳия, аз ибтидои соли оянда ва ҳар сол минбаъд дар се деҳаи ҳар як ноҳия корҳои васеъмиқёси сохтмон ва ободонӣ амалӣ мешаванд. 
Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мувофиқсозӣ ва татбиқсозии «Обод қишлоқ» ва ситодҳои ҳудудии он номгӯйи 368 деҳотеро, ки соли равон обод мешаванд, тартиб дод ва тасдиқ кард.
– Тӯли 25 соли охир ғайр аз сохтмони манзилҳои намунавӣ бобати беҳтар кардани симои зоҳирӣ ва ободонии деҳот ягон чорабинии амалӣ андешида нашудааст, захираҳои зарурии молиявӣ ҷудо карда нашудаанд, – гуфт роҳбари давлат. – Дар аксар деҳот роҳҳо, иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, таъминоти оби ошомиданӣ, таъминоти электрӣ ва дигар инфрасохтори муҳим бинобар набудани эътибори зарурӣ кӯҳна шудаанд ва ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд.
Президент ба он чиз эътибор дод, ки сохтмони бетартиб ва худсаронаи аҳолӣ бидуни риоя кардан ба меъёр ва талаботи давр ҳодисаи оддӣ шудааст.
Тавре ки зикр шуд, сокинони деҳот ба ин тартиби кор одат кардаанд ва ба ободонии роҳҳо, хона ва ҳавлиҳои худ эътибор намедиҳанд.
Бо дарназардошти ин дар деҳаи Манаси ноҳияи Дӯстлики вилояти Ҷиззах, ки дар он ҷо манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтор куллан хароб шудаанд, соли равон корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа ҳамагӣ дар 1,5 моҳ ин нуқтаи аҳолинишин симои куллан нав пайдо кард. Аз ҳама муҳимаш кайфият, ҷаҳонбинӣ тағйир ёфт, сифати ҳаёти мардум беҳтар шуд, дар онҳо эътимоди қатъӣ ба оянда афзуд.
Нуқтаи аҳолинишин дар деҳаи Хавосободи ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё низ обод гардид ва ба маҳаллаи намунавӣ табдил ёфт. 
– Таҷрибаи дар Манас истифодашуда ба мо имкон дод фаҳмем, ки ба нуқтаҳои замонавии аҳолинишин табдил додани деҳот, беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо, ба таври мусбат дигаргун кардани кайфияти сокинон, фаъолона ҷалб сохтани онҳо ба бунёдкорӣ самараи хуб медиҳад ва метавонем ба ин тариқ вазифаҳои дар назди худ гузоштаро ҳаллу фасл кунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
80 фоизи захираҳои молиявие, ки барои татбиқ сохтани барномаи «Обод қишлоқ» заруранд, аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ, маблағи корхонаҳои давлатӣ ва сармояҳои хориҷие, ки онҳо ҷалб намудаанд, таъмин карда мешаванд. 20 фоизи боқимонда маблағи соҳибкорон мебошанд, ки ба иншооти инфрасохтори бозаргонии онҳо нигаронида шудаанд, ҳамчунин вомҳои бонкӣ ба шумор мераванд.
Дар машварат қайд гардид, ки бояд ба ин самт тамоми захира ва имкониятҳо сафарбар карда шаванд.
– Кайфияти одамонеро, ки дар маҳалҳои номусоиди вазъи инфрасохториашон хароб зисту зиндагӣ мекунанд, пай бурдан душвор нест. Шаҳрвандони мо бояд дар шароитҳои хуб зиндагӣ кунанд. Обод кардани деҳот имкон медиҳад ҷаҳонбинии одамон тағйир ёбад, саъю кӯшиши онҳо барои зисту зиндагии беҳтар пурзӯр гардад, иқтисодиёти деҳот баланд бардошта шавад. Дар натиҷаи ин, умуман, Ватанамон обод мегардад ва иқтисодиёт барои пешрафт такони муқтадир ба даст меоварад, – гуфт Президент.
Дар машварат роҳбари давлат ба вазифаҳои муҳимтарине, ки бояд дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» иҷро шаванд, эътибор дод.
Соли равон таъмиру тармими 127 ҳазор хона, гузоштани 1,9 ҳазор километр шабакаҳои таъминоти оби ошомиданӣ, тақрибан 2 ҳазор километр шабакаҳои электрӣ ва 263 километр шабакаи таъминоти газ, сохтмон ва таъмири 850 иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва 2,4 ҳазор иншооти инфрасохтори бозаргонӣ, таъмири умумии 440 километр роҳҳо, хариди 470 адад автобусҳои замонавӣ, сохтмони зиёда аз 330 истгоҳҳо ва боз кардани хатсайрҳои нави автобусгард дар назар дошта шудаанд. Барои ин мақсадҳо 3 триллиону 447 миллиард сӯм равона хоҳад кард.
Дар давраи сипаришудаи сол барои сохтмон ва ободонӣ 292 миллиард сӯм ҷудо карда шуд, ки 87 миллиард сӯми он бевосита аз буҷаҳои маҳаллӣ мебошад.
Баробари ин дар вилоятҳои Тошканд, Сирдарё ва шаҳри Тошканд барои ин мақсадҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда намешаванд. Ба назар мерасад, ки ҳокимони баъзе минтақаҳо ин масъаларо дуюмдараҷа меҳисобанд.
Дар машварат роҳбари давлат зикр сохт, ки саривақт бо маблағ таъмин кардани корҳои сохтмон таъмин карда намешаванд, то ҳол танҳо бинобар шаш деҳа нақшаҳои генералӣ андешида шудаанд, дар 81 деҳот корҳои ободонӣ ҳанӯз оғоз наёфтаанд. Эътибори бояду шояд надодан ба ободонии деҳот дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Ҷиззах, Сирдарё, Қашқадарё, Бухоро, Намангон ва Самарқанд таъкид гардид, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки корҳоро дар ин самт тезонанд.
Ҳамчунин бобати коркарди талаботи намунавӣ оиди таъмири ҷойҳои истифодаи умуми хонаҳои бисёрҳуҷра, ҷойгузинкунии иншооти инфрасохтори маишӣ, ба тартиб овардани ҳудудҳои атрофи онҳо, дар ин асос ба роҳ мондани саривақт расонда додани маводҳои босифат ва дастраси бинокорӣ ба иншооти сохтмон вазифаҳо гузошта шуданд.
Дар машварат бобати омӯхтани ҳолати техникии 336 кӯдакистони деҳот, 318 мактаб, 109 поликлиникаҳои оилавӣ, 79 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва иншооти дигари деҳот, таъмири қисмати зоҳирӣ ва дохилии биноҳо, муҷаҳҳазсозии онҳо, мувофиқи талаботи замон обод кардани ҳудудҳо супоришҳо дода шуданд.
Ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ супурда шуд, ки барои сохтмони маҷмӯи хидматҳои маишӣ дар деҳот, фароҳам овардани ҷойҳои замонавии кор аз тариқи рушди саноат дар маҳалҳо қитъаҳои зарурии заминро ҷудо кунанд ва биноҳои холиро пешкаш намоянд.
Зарурияти минбаъд баланд бардоштани маънавият ва маданияти ҳуқуқдонии сокинони деҳот ба сифати яке аз масъалаҳои муҳимтарин таъкид гардид. Президент корҳоеро, ки дар деҳаи Манас татбиқ мешаванд, ба сифати намуна зикр карда, зарурияти мунтазам аз деҳот боздид ба амал овардани намояндагони мақомоти адлия, ҳуқуқу тартибот, маданият, варзиш, таълим, нигаҳдории тандурустӣ ва ғайраро бо баргузор намудани вохӯриву мулоқоти мухталиф бобати баланд бардоштани маданияти ҳуқуқдонӣ ва тиббӣ, саводнокиву маънавияти аҳолӣ таъкид намуд.
Дар ҷамъомад маълумоти шахсони масъул дар бораи камбудиҳо бобати татбиқсозии барномаи «Обод қишлоқ» ва чораҳое, ки бинобар самарабахшона аз байн бардоштани онҳо амалӣ мешаванд, шунида шуданд.
Бино бар масъалаҳое, ки дар машварат баррасӣ гардиданд, вазифа ва чораҳои мушаххас муайян шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: