АШКИ ШОДӢ

Дар Самарқанди бостонӣ мақомхону сарояндаҳо, оҳангсозу мутрибон кам нестанд, аммо на ҳамаи онҳо сазовори эътибору эҳтироми ҳунарпешагони номиянд.

Дар Самарқанди бостонӣ мақомхону сарояндаҳо, оҳангсозу мутрибон кам нестанд, аммо на ҳамаи онҳо сазовори эътибору эҳтироми ҳунарпешагони номиянд.
Амри қисмат буд, ки Ҳасан  Нуруллоев солҳои мактабхонӣ ба ҳунари овозхонӣ дил баст ва баъди хатми мактаби миёна роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифт. Ба туфайли ҷидду ҷаҳд, ҷустуҷӯ ва омӯзиш ба пояи баланди санъаткорӣ расид. Воқеан, роҳи пур аз нишебу фарози қаҳрамони нигоштаи мо лоиқи таҳсин аст, ки вай дар тӯли чанд соли ошноӣ бо ман кам-кам нақл карда буду камина ба дафтарчаи кисагӣ сабт.
Ҳар кӣ з-омӯхтан 
надорад нанг,
Дур барорад зи обу лаъл 
аз санг.
Рӯзгоре ӯ дар мактаби рақами 33-юми деҳаи Равонак таҳсил мегирифту яке аз фаъолони маҳфили дастаи ҳаваскории бадеӣ буд. Роҳбари маҳфил Нӯъмон Маҷидов (равонаш шод бод!) ба навниҳолакони боғи санъат захма ба тор задану иҷрои сурудро меомӯхт. Шефтаи санъат Ҳасанҷони хурдсол қиблагоҳаш Абдуфаттоҳро ба ҳолу ҷонаш нагузошта, бо исрор талаб кард, ки рубоб харида диҳад. 
– Дадаҷонаш, ҳунарпеша тараннумгари зебоист, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд ҳамсараш Анорахола. – «Аз зарри падар ҳунар беҳ» гуфтаанд. Мисли Ҷӯрабек Муродов, ки шумо мухлисаш ҳастед, номдор шавад, фахри мо-ку. Падар чанд лаҳза ба андеша фурӯ рафт ва роҳи мағозаро пеш гирифту асбоби мусиқӣ овард. 
Ба ҳар коре ҳиммат баста 
гардад, 
Агар хоре бувад, гулдаста 
гардад.
гуфтаанд, ки ҳақ асту рост. Маҳорати эҷодии Ҳасан торафт такмил меёфт, дар чорабиниҳои фарҳангии мактабу ноҳия бо суруд ширкат варзида, истеъдоди хешро сайқал медод.
Ҳасанҷон дар синфи ҳаштум таҳсил мегирифт, ки аз хеши наздики падари бузургвораш, адиби маъруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев ба чорабиние даъватнома омад. Абдуфаттоҳамак рахти сафар мебаст, ки завҷаи меҳрубонаш маслиҳат дод. 
– Дадаҷонаш, «аввал ҳамроҳ, баъд роҳ» гуфтаанд. Ба нозпарвари хонадон роҳбалад шавед, қуввати дил мешавад. Шояд Ҷӯрабекро рӯ ба рӯ бинад, дуо гирад.
Қиблагоҳ сӯйи писар нигарист, аз нигоҳи илтиҷоомези фарзанд дилаш нарм шуду ҳар ду ҷониби пойтахти Тоҷикистон роҳ пеш гирифтанд. Шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев инсони дилёбу дарёдил, меҳмоннавозу савобталаб як бегоҳ ба Абдуфаттоҳамак гуфт, ки имрӯз шаби адабии устод Мирзо Турсунзода аст ва албатта, санъаткорони номдори тоҷик, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов баромад мекунанд. Бигузор, Ҳасанҷон аз ҳунари волои онҳо баҳра барад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баранда навбати сурудхониро ба Ҷӯрабек Муродов дод. Ва ӯ бо маҳорату услуби хоси худ суруди дилошӯби «Дили модар»-ро иҷро кард. Ҳасан сурудро шунида ба ваҷд омад. Фазлиддин Муҳаммадиев, ки инсони рамузфаҳму руҳшинос буд, баъди шабнишинӣ аз ӯ пурсид, ки бо Ҷӯрабек шинос шудан мехоҳад?!
– Албатта, – аз хурсандӣ чашмони ӯ дурахшиданд.
– Хеле хуб, – сар ҷунбонд Фазлиддин Муҳаммадиев. – Ин хидмат аз мо. 
Рӯзи дигар Фазлиддин Муҳаммадиев Ҳасанҷонро ҳамроҳ гирифта рост пеши устод Мирзо Турсунзода омаданд. Чанд нафар дар атрофи миз суҳбати хосса доштанд. Вақте роҳбалад меҳмони самарқандиро ба ҳозирон муаррифӣ кард, Ҳасанҷон бузургони замонро, бахусус, Ҷӯрабек Муродовро дида вуҷудаш аз ҳаяҷон ба ларза даромад. Аммо пас аз чанд лаҳза дарк намуд, ки онҳо инсонҳои заминию хоксоранд. 
Фазлиддин Муҳаммадиев ба мақсад гузашта, иброз дошт, ки ҷавони самарқандӣ нияти ба Ҷӯрабек шогирд шудан дораду ҳоло мехоҳад суруди «Дили модар»-ро иҷро кунад. Устод Мирзо Турсунзода тасдиқомез сар ҷунбонд.
Аз пешомади ногаҳонӣ Ҳасанҷон дасту по хӯрд, вале зуд худро ба даст гирифту захма ба тор зад: 
Агар аз гиря кардан об мешуд 
дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ 
манзил, манзили ман буд...
Суруд ба поён расиду ҳама якдилона кафкӯбӣ карданд. Ҷӯрабек Муродов аз ҷояш хест ва самимона ӯро ба оғӯш кашида гуфт, ки ин ҷавони умедбахш ба шогирдӣ арзанда аст.
– Самарқандиён завқи баланди шеърфаҳмӣ доранд,  мутрибону ҳофизони машҳурро ба дунё овардаанд, – бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод устод Мирзо Турсунзода. – Умед аст, ки Ҳасанҷон анъанаи неки аҷдодро идома медиҳад. Лекин фаромӯш накунед, ки мардум фақат мусиқии олиҷаноб, матну оҳанги барҷастаро мепазирад. Ҳасанҷон бо созу навои сеҳрнокаш ба дили мардуми санъатдӯсти шаҳри бостонӣ, Худо хоҳад, роҳ меёбад.
Ва қабл аз худоҳофизӣ устод Мирзо Турсунзода ба Ҷӯрабек Муродов бори дигар ёдрас намуданд, ки ба навшогирд аҳамият диҳад. 
Рӯзи дигар Ҳасанҷон дар эҷодхонаи Ҷӯрабек Муродов буд, чанд оҳанги марғуби ҳофизони тоҷикро дар ҳузури ӯ иҷро кард ва сабақи аввалинро аз устод гирифт.
– Бад не, – ситоишомез гуфт Ҷӯрабек Муродов, – тайёр шавед, баъди ду рӯз ба Хуҷанд меравем. Сафари ҳунарӣ!
Вақте онҳо ба майдони варзишии Хуҷанд омаданд, мардум онҳоро бо гулу гулдаста пешвоз гирифт. Ҳасанҷон ин эҳтирому самимиятро дида, ҳурматаш ба Ҷӯрабек Муродов хеле афзуд. Аҷибаш он буд, ки устод баъди иҷрои чанд суруд аз ҳозирон пурсид, ки оё шумо «Суруди Рӯдакӣ»-ро шунидан мехоҳед?
– Албатта!
– О, кошкӣ!
– Барои ҳамин омадем! – нидоҳо аз ҳар гӯшаи майдони варзишӣ ба гӯш мерасиданд.
– Хеле хуб, – гуфт ӯ ва Ҳасанҷонро назди микрофон оварда илова намуд: «Ҳофиз манаму бародарам мехонад». Ва ду мисраи шеъри Мирзо Турсунзодаро қироат кард.
Навбат ба Ҳасан Нуруллоев дода шуд.
Майдони варзишро мавҷи кафкӯбӣ фаро гирифт ва пас аз лаҳзае ҳунарнамоии ҳофизи умедбахши самарқандӣ оғоз ёфт:
Суруди Рӯдакӣ шуд зинда 
акнун,
Расида авҷи Фирдавсӣ 
ба гардун.
Барои Ҳофизу Саъдии 
Шероз,
Намуда тоҷикон оғӯши 
худ боз...
Чунин баромадҳо дар Кӯлоб, Бухорои шариф, майдони Регистон, Фарғона ва дигар шаҳру вилоятҳои ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ба қавле Ҳасанҷон истеъдоди хешро дар ҳузури устод сайқал дод.
То фазлу ҳунар оинапардоз 
нашуд,
З-иқбол даре ба рӯйи кас 
боз нашуд.
Аз он рӯзи ошноӣ бо қаҳрамони навиштаи худ солҳо гузашт. Ёд дорам, он вақт дар рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») масъули саҳифаи тоҷикӣ будам. Боре ба идора мактуби шикоятӣ расид ва тафтиши онро муҳаррир ба зиммаи ман гузошт. Тафтиши журналистӣ оғоз ёфт. Аён гардид, ки муаллифи мактуб яке аз нотавонбинҳои Ҳасан Нуруллоев будааст ва он нохалаф аз карда пушаймон шуд.
Тафсилоти таҳқиқ ва хулосаи он дар рӯзнома интишор ёфт. Минбаъд ҳар гоҳ бо «қаҳрамон»-и мактуб рӯ ба рӯ оем, Ҳасанҷон шӯхиомез аз ман мепурсид, ки «боз кай ному насабам дар рӯзнома пайдо мешавад?»
Хушбахтона, баъди 32 сол, чунин имконият фароҳам омад. Ба ин шасти камолоти ӯ сабаб шуд. Рости гап, ба мо – мухлисон санъаткоронро, ҳангоми ҳунарнамоӣ, бо табассуми ширин ва чеҳраи кушод дар саҳна дидан одат шудааст. Аммо санъаткор дар рӯзи мавлуди худ, дар лаҳзаҳои фараҳбахш ашк резад аҷиб будааст. Ба ин табрики устоди бузургвораш Ҷӯрабек Муродов, ки саршори самимият ва ризомандӣ аз шогирди худ буд, сабаб шуд. Аз ғояти хурсандӣ дар чашмони соҳибҷашн ашк ҳалқа зад.
Бояд тазаккур кард, ки Ҳасан Нуруллоев на танҳо санъаткори маҳбуби халқ, балки инсони хоксору ҳалим, дилкашу ҳассос низ ҳаст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: