Нормурод КАРИМЗОДА

ТАҚДИМ БА ДИЛБАСТАГОНИ “ҚОФИЛАИ РӮДАКӢ”

Нормурод КАРИМЗОДА
 
ТАҚДИМ БА ДИЛБАСТАГОНИ “ҚОФИЛАИ РӮДАКӢ”
 
Рӯдакӣ, ай шоир, ай қофиласолори сухан,
Лолаи боғи муҳаббат бас шукуфон дидаам.
Нахли шеърат гулфишон аз нашъаи ишқи Ватан,
Шикваи даврони пирият гаҳе бишнидаям.
 
Рӯдакӣ, пайғамбари аҳли муҳаббат гӯямат,
Чашмаи эҳёи шеъри ноби миллат гӯямат.
Наҷми рахшони самои Оли Сомони бузург,
Ифтихори мардуми соҳибзаковат гӯямат.
 
Рӯдакӣ, соҳибқирони мулки шеъру шоирӣ,
Аҳли табъу завқи олам тан диҳад бар соҳирӣ.
Дар фасоҳат, сабку иншо фарди даврон хонамат,
Шоҳи худро масту шайдо кардаӣ дар моҳирӣ.
 
Рӯдакӣ, ай сорбони мӯшикофи маърифат,
В-эй даҳои шарқи шоирхезу марзи ҳуррият.
Корвонат меравад бо шоҳроҳи бехатар,
Насли некандешу худогаҳ шитобон аз паят.
 
Рӯдакӣ, бо панду ҳикмат дил ба ҷӯш овардаӣ,
Оби Ҷайҳун, Мӯлиёнро бар хурӯш овардаӣ.
“То ҷаҳон буд аз сари одам фароз”, эй родмард,
Сӯйи дониш бори кӯшишро ба дӯш овардаӣ.
 
Рӯдакӣ, сардафтари фарҳангу фарри тоҷикон,
Шуҳратат дунё гирифту ҳафт рӯйи осмон.
Синну солат ҳам гузашт аз як ҳазору сад, вале
Қадри волоят бароям кам намегардад ҳамон.
 
Рӯдакӣ, ҳар як каломат раҳнамои зиндагист,
Нуктаҳои обдорат худ нидо аз бандагист.
Шукри мероси гуҳарбори гувороят кунам,
К-аз азал ганҷи маонӣ мояи пояндагист.
 
 
Дилшоди 
ФАРҲОДЗОД
СЕ ҒАЗАЛ
Оби ҳаёте, ки варо сар кунам!
Мужданаҷоте, ки варо пар кунам!
Шаҳпари уммед чу бол афканад,
Шавқпари васли ту ҳампар кунам.
Дил, ки қанотак ба ҳавас мезанад,
Панҷараи дидаи худ дар кунам.
Иксири ишқи ту чиро қодир аст,
То зи чи бошам, ҳама бартар кунам.
Ҷуръаи Бедил чу баҷуръат кунад,
Бо аташат кори самандар кунам.
В-арна чу беною наво афканӣ,
«Бода надорам, ки ба соғар кунам».
***
Дар доираи афлок ангуштнамо хуршед,
Бинҳода ба худсӯзӣ дар арш бино хуршед!
Дар ҳалқаи бетобон ҳар он ки намесӯзад,
Бошанд зи бетобӣ ангуштнамо хуршед!
Месӯзаду сӯзонад, хомӯш намегардад,
Ҳар кас, ки табе дорад, бар тан-ш даво хуршед!
Афсурда намегардад, дилмурда намегардад,
Ҳарчанд ба тобу таб ҳар рӯз ба по хуршед.
***
Фарфаре бар домане пар-пар шудам,
Фарфари гирвони беоҳар шудам.
Ҳар тароват андар офатҳо бишуд,
Ҳузн афзун, ҳуснро камтар шудам.
Ҳарчи неру доштам, абтар намуд,
 Хастаю нимколаю шалпар шудам.
Ахтаре андар сари кажжи фалак,
Ҷирми боҷурму саре бефар шудам.
Дар бари афтодагон афтодаам,
Бе мадори ишқ бадахтар шудам.
Чун нашуд тақдир як колои бахт,
Тоҷири бебурди арзонхар шудам.
Аз Худо на, аз худам ҷустам хато,
Аз гиребоншӯӣ беоҳар шудам.
Чун гиребонгир шавам аз оина?!
Хира будам, бин, рӯшантар шудам.
Аз Худо неру, дуо кардам, диҳад,
Ҳар чи мефармуд, — ман дигар шудам.
Сӯз додам, то шавам созандатар,
Шеванофар на, шеърофар шудам.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: