ҲУНАРПЕШАИ МАРДУМИИ ӮЗБЕКИСТОН ШУҲРАТ АББОСОВ

Маданият ва санъати Ӯзбекистон талафоти гарон дод.

25 апрели соли равон арбоби машҳури кинематографияи миллӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Шуҳрат Аббосов дар 87-умин солгарди ҳаёташ вафот кард.
Шуҳрат Солиҳович Аббосов 16 январи соли 1931 дар шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона таваллуд шуд. Пас аз анҷоми таҳсил дар мактаби миёна соли 1949 Техникуми тиббии Тошканд, соли 1954  факултаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати театрии Тошканд (ҳоло – Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон)-ро хатм кард.
Бинобар истеъдоди баландаш вай фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун коргардон дар театри драмаи мусиқии вилояти Тошканд дар Янгийӯл оғоз намуд. Соли 1958 Курси олии коргардонии назди студияи «Мосфилм»-ро хатм кард. Солҳои 1982-1986 ҳамчун коргардон, сипас дар вазифаҳои масъули директори студияи кинои «Ӯзбекфилм», муовини аввали раиси Иттифоқи кинематографҳои Ӯзбекистон, профессори Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон пурмаҳсул кор кард.
Тӯли зиёда аз 60 соли фаъолияти эҷодиаш Ш. Аббосов дар рушди санъати театр ва кинои миллӣ саҳми бузург гузошт. Намоишномаҳои «Корномаи Майсара», «Шабаҳҳои номаълум» ва дигар асарҳои саҳнавӣ, филмҳои бадеӣ, аз ҷумла «Ту – ятим не», «Овоза дар маҳалла», «Тошканд – шаҳри нон», «Абурайҳон Берунӣ» дар «бунёди тиллоӣ»-и санъати Ӯзбекистон абадан ҷойи муносиб пайдо карданд. Ин асарҳои бинобар бадеияташон бемисли устоди ҳунар ба машҳур гардидани таърихи куҳан ва ғановатманди мардуми Ӯзбекистон, сифатҳои неки он дар тамоми олам мусоидат намуданд.
Наворҳои кинои коргардони шинохта, ки ҳар кадоми онҳо ба таърихи маданияти ӯзбек ворид шуданд, дар бисёр ҷашнвораҳои бонуфузи байналхалқии кино соҳиби ҷойҳои ҷоизавӣ шуданд ва сазовори дипломҳо гардиданд.
Шуҳрат Аббосов дониш, нирӯ ва ғайрати худро дареғ надошта, ҳамчун омӯзгори ботаҷриба, мураббии серталаб пурмаҳсул кор кард ва даҳҳо кинематографҳои соҳибистеъдодро тарбия намуд.
Хидматҳои Шуҳрат Аббосов дар рушди кино ва театри Ӯзбекистон аз ҷониби давлат сазоворона тақдир гардиданд. Вай барандаи унвони Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон буд, бо Ҷоизаи давлатӣ, ордени «Эл-юрт ҳурмати» ва як қатор ордену медалҳои дигар мукофотонида шудааст,
Хотираи инсони хоксор, арбоби намоёни маданият, устоди ғамхор Шуҳрат Солиҳович Аббосов дар қалбҳои мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Ш. МИРЗИЁЕВ, Н. ЙӮЛДОШЕВ, Н. ИСМОИЛОВ, 
А. АРИПОВ, Б. САЙФУЛЛОЕВ, Ф. ЗОКИРОВ, 
Б. ЙӮЛДОШЕВ.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: