АКАДЕМИК МАҲМУД САЛОҲИДДИНОВ

Илми Ӯзбекистон талафи калон дод.

27 апрели соли ҷорӣ дар синни 85 олими бузург, академики Академияи улуми Ӯзбекистон Маҳмуд Салоҳиддинов вафот кард.
М.Салоҳиддинов 23 ноябри соли 1933 дар шаҳри Намангон ба дунё омад. Соли 1958 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ҳоло – Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро хатм намуда, дар ҳамин ҷо дар аспирантура таҳсил намуд. Аввал рисолаи номзадӣ ва баъд докториро дифоъ кард. Соли 1974 барои фаъолияти бисёрсола ва хизмати бузургаш дар соҳаи илм узви ҳақиқии Академияи улуми Ӯзбекистон интихоб гардид.
Ӯ фаъолияти меҳнатии худро соли 1959 ба сифати ходими хурди илмӣ дар Институти математикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ шурӯъ намуд. Дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, мудири шуъба, муовини директор ва директори ҳамин институт босамар кор кард.
М.Салоҳиддинов чун соҳиби зарфияти бузурги илмӣ ва истеъдоди ташкилотчигӣ, дар тӯли солҳои зиёд ба хотири Ватан ва халқ бовиҷдонона хидмат кард. Дар вазифаҳои масъулиятноки ноиб-президент ва президенти Академияи улуми Ӯзбекистон, вазири таълими олӣ ва миёнаи  махсус, мудири шуъбаи Институти математика кор кард. Ба инкишофи илм ва таълими мамлакат, тарбияи кадрҳои илмиву педагогии баландмалака саҳми муносиб гузошт. Зери роҳбарии ӯ даҳҳо доктор ва номзадҳои илм тарбия ёфтанд.
Тадқиқотҳои фундаменталӣ, коркардҳои илмӣ, монография ва мақолаҳои олим, ки дар афзудани нуфузи мактаби математикаи муосири Ӯзбекистон нақши муҳим доштанд, аз ҷониби ҷамъиятҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ васеъ шинохта шудаанд.
М.Салоҳиддинов дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат фаъолона иштирок намуда, чандин бор депутати парлумони ҷумҳурӣ интихоб гаштааст.
Хидматҳои академик М.Салоҳиддинов дар рушди илми ватанӣ аз ҷониби давлат муносиб қадр гаштааст. Ӯ ба унвони Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Мукофоти давлатии ба номи Абӯрайҳон Берунӣ, орденҳои «Фидокорона хизматлари учун», «Меҳнат шуҳрати» ва «Буюк хизматлари учун» сазовор гаштааст.
Хотираи олими бузург, мураббии ғамхор, инсони хоксор Маҳмуд Салоҳиддинов дар қалбҳоямон абадӣ хоҳад монд.
Ш. МИРЗИЁЕВ, Н. ЙӮЛДОШЕВ, Н. ИСМОИЛОВ, 
А. АРИПОВ, Б. ЙӮЛДОШЕВ, Ш. АЮПОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: