ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Дар арафаи наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Самарқанд “Хонаи дӯстӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ”-и вилоят тантанавор кушода шуд.

Дар арафаи наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Самарқанд “Хонаи дӯстӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ”-и вилоят тантанавор кушода шуд.
Бинои собиқ омӯзишгоҳи нақлиёт солҳои охир бекор хобида буд. Бо салоҳдиди ҳокимияти вилоят иншооти мазкур таъмир гардида ба ихтиёри марказҳои миллӣ-фарҳангии вилоят супорида шуд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло дар Самарқанд 11-то маркази миллӣ-маданӣ фаъолият дошта, онҳо бинои алоҳидаи худро надоштанд.
Ниҳоят ин муаммо ҳалли худро ёфт. Шояд аз ҳамин сабаб аз пагоҳии барвақт вакилони миллатҳои гуногун бо либосҳои идона дар назди қасри нав ҷамъ омаданд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, депутати Олий Маҷлис Адҳам Шодмонов, директори Бунёди ҷамоатии дастгирии институтҳои дигари ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ Отабек Ҳусанов, раиси Шӯрои Ассостсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии Ӯзбекистон Камолиддин Эшонхӯҷаев, ҷонишинони раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ Азамат Тошев ва Валерий Тян иштирок карданд.
Раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов китоби шоирони тоҷикро ба ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҳадя кард.
Санъаткорон бо сурудҳои дилошӯб ва мусиқии воло таъби ҳозиронро болида сохтанд.
Сипас, қасри дӯстӣ тантанавӣ кушода шуд. Меҳмонон бо шароитҳое, ки баҳри фаъолияти Шӯрои Ассостсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва марказҳои миллӣ фароҳам гардидааст, боздид намуданд.
– Дар донишгоҳи мо гурӯҳҳо бо забонҳои гуногун амал мекунанд, – илова кард ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов. – Аз ҷумла чанд гурӯҳи тоҷикӣ ҳаст, ки тоҷикон аз вилоятҳои гуногун омада, таҳсил мегиранд. Ният дорем, ки дар оянда ҳамкории донишгоҳ ва марказҳоро мустаҳкам намуда, чорабиниҳои барои ҳар ду ҷониб муфидро ташкил намоем.
Умед аст, ки қасри дӯстӣ барои боз ҳам мустаҳкам кардани аҳлу тифоқии халқҳои кишвари мо хизмат мерасонад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: