ҚАДРШИНОСИИ МЕҲНАТИ ОЛИМОН

Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишвари мо бо ташаббуси Президент Ш. Мирзиёев ба амал бароварда мешаванд, халқи моро аз ҳар ҷиҳат хурсанд месозад.

Зеро тағйироте, ки дар давоми беш аз якуним соли охир ба амал омаданд, бо хоҳишу иродаи мардум ҳамоҳанг аст. Ин гуна ислоҳоти демократиро чандин муддат боз халқамон орзу мекард. Имрӯз, чунонки шоҳид мегардем, сиёсати халқпарваронаи ҳукумати Ӯзбекистон на танҳо шаҳрванди кишвар, балки оламиёнро ба ваҷд меорад ва боварии мардумро ба ояндаи шукӯҳманд зиёд мегардонад.
Бояд гуфт, ислоҳоти амалишаванда ҳам дар соҳаи сиёсат, ҳам дар соҳаи иқтисодиёт, ҳам дар ҳаёти иҷтимоии халқ барои ба натиҷаҳои баланд ноил гардидан замина фароҳам меоваранд. Фармону қарорҳои Президенти мо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, дар соҳаҳои тиб ва таълим барои беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву маънавии зиёиёни кишвар мусоидат мекунанд. 
Дар ҳар кишваре, ки олимон қадру эътибор доранд, ба рушди илму фан эътибори алоҳида нигаронда мешавад, дар он ҷо муваффақиятҳои бузург ба даст меоянд. Маҳз, дар оғози фаъолияти Президентии худ роҳбари кишвар бо академикҳои Ӯзбекистон вохӯрии алоҳида гузаронда, дар он  аҳамияти илму фан, нақши онро дар тамаддуни мамлакат таъкид намуд.
Натиҷаи чунин чорабиниҳост, ки дар Ӯзбекистон дараҷаи илм ва таълим зина ба зина баланд бардошта мешавад. 
Соҳаи таълим ниҳоят доираи васеъро фаро гирифта, дар барпо кардани ояндаи дурахшон ва тарбияи насли баркамол таъсиру нуфузи калон дорад. Қарору фармонҳои Президенти кишвар барои рушди таълими томактабӣ, таълими умумӣ ва таълими миёнаи махсус ва олӣ дар амал иҷро гардида, дар пешрафти соҳа нақши бориз мегузоранд. 
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакатҳои иқтисодиёташон баланд тараққиёти техника ва технология ба рушду такомули илму фан ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии қавӣ доранд. Иқтисодиёти мамлакатро ба дараҷаи баланд бардоштан мумкин, дар сурате, ки кадрҳои дорои салоҳияти зеҳнӣ ва боистеъдод тарбия карда шаванд.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо дар бобати такмили низоми пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотии ҷумҳурӣ» аз 5 апрели соли 2018, бо мақсади рағбатноксозии фаъолияти илмӣ, баланд бардоштани манфиатдории моддии муаллимони таълимгоҳҳои олӣ ва кормандони илмӣ ба тасвиб расид, ки аз ҷониби зиёиён бо фараҳмандӣ қабул карда шуд. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли ҷорӣ барои ба таври назаррас баланд бардоштани музди меҳнати профессорону устодон, кормандон ва докторантҳои муассисаҳои таълими олӣ пешбинӣ шудааст ва ба ҳимояи иҷтимоии олимон, кормандони соҳаи таълими олӣ хизмат мекунад. 
Баланд бардоштани вазъияти моддии олимон гарави ривоҷи илму фан дар мамлакат мебошад. Мутахассисони соҳаи менеҷмент хуб медонанд, ки аҳволи иқтисодии олимон ин стимули баланди  самаранокии меҳнат аст.
Президенти кишвар 6 апрели соли ҷорӣ ҳангоми ташриф ба Донишкадаи кимиёи моддаҳои набототи ба номи академик Собир Юнусови Академияи улуми ҷумҳурӣ бо роҳбарияти вазорату идораҳо, муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ, академикҳо, олимон, пажӯҳишгарони ҷавон вохӯрӣ гузаронда, таъкид намуд: «Ояндаи тамоми соҳаҳо ба фаъолияти пурсамари шумо, бар рушди илму фан вобаста мебошад. Минбаъд қисми муайяни тамоми сармояҳои ба мамлакатамон ҷалбшаванда ба рушди соҳаи мазкур равона карда мешавад. Бидуни ривоҷ додани илму фан тасаввур намудани фардои мамлакатамон ғайриимкон аст».  
Ин нишонаи он аст, ки дар Ӯзбекистон ба дастгирии моддиву маънавии кормандони соҳаҳои гуногуни илм эътибори алоҳида нигаронда шуда, тадқиқотҳои бузурги илмӣ ба сомон расондани онҳо мадди назар мебошад, ки дар пешрафти мамлакат нақши худро гузоранд. 

Ойбек ОРИФҶОНОВ,
доктори илмҳои техникӣ, профессор,
мудири кафедраи гидравликаи Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: