ХОҶА АЛИИ РОМЕТАНӢ (ХОҶАИ АЗИЗОН)

Хоҷа Алии Рометанӣ соли 1194 дар деҳаи Қӯрғони ноҳияи Рометани имрӯзаи вилояти Бухоро таваллуд шуда, соли 1316 (ё 1321) дар ҳамин ҷо вафот кардааст.

Дар байни халқ оиди 130 сол умр дидани Алии Рометанӣ овоза паҳн шудааст. Ба ҳисоби милодӣ 127 сол умр дидани ӯ инро собит мекунад. Дар қабристони Сарибӯстони наздикии деҳаи Қӯрғон ӯро дафн кардаанд. Ба болои қабри ӯ мақбара сохта шудааст. Ин маҷмӯа дар солҳои истиқлолият аз нав таъмир карда, обод гардонда шуд. Дар назди қабр масҷиди ҷомеъ бунёд гардидааст. Ин ҷо ба сифати оромгоҳи яке аз ҳафт пири Бухоро ба зиёратгоҳи серодам табдил ёфтааст. Дар манбаъҳои доир ба тасаввуф чунин маълумот ҳам мавҷуд аст: «Қабри Алии Рометанӣ дар Хоразм аст». Бо такя ба ин баъзе мутахассисон таъкид мекунанд, ки қабри Алии Рометанӣ дар шаҳри Урганҷи куҳнаи Туркманистони ҳозира бояд мавҷуд бошад. 
Дар манбаъҳо ба исми ӯ калимаи Хоҷа ҳамроҳ қайд гардидааст. Хоҷаи Азизон, яъне бо лақаби Хоҷаи азизу авлиё машҳур шудааст. Баъзан Азизон ҳам мегӯянд. Яке аз пирони тариқати хоҷагон–нақшбандия аст. Бо бофандагӣ таъмини рӯзгор кардааст. Як муддат дар Хоразм зиста, хонақоҳ мекушояд ва дар ин воҳа ба густариши ғояҳои тариқати хоҷагон саҳми босазо гузоштааст. Пири ӯ дар тасаввуф Хоҷа Маҳмуд Анҷирфағнавӣ мебошад. Пас ваколати муршидиро ба шогирди худ Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ супурдааст.
Асари «Маноқиби Хоҷа Алӣ Азизони Рометанӣ» то ба мо омада расидааст. Дар он одобу ахлоқи аҳли тасаввуф, тартибу қои-даҳои тариқати хоҷагон, панду насиҳатҳои муаллиф фароҳам оварда шудаанд. Дар асари мазкур 10 шарти тариқат дар алоҳидагӣ баён гардидааст.
Рисолаи хурди «Рисолаи Ҳазрати Азизон» низ ба он кас нисбат дода мешавад.
Алии Рометанӣ миёнақад ва зебочеҳра будааст. Ӯ роҳи дарвеширо ихтиёр намуда, ба қоидаи «Дар зоҳир бо халқ бошу дар ботин бо Ҳақ» тариқати хоҷагон–нақшбандия қатъӣ амал кардааст. 
Шеърҳои зиёди ба забони тоҷикӣ навиштаи Алии Рометанӣ то ба мо омада расидааст. 
Алии Рометанӣ панҷ муридро тарбия карда, ки ҳамаи онҳо Муҳаммад ном доштаанд. Яке аз онҳо Хоҷа Муҳаммад писари худи ӯст, Хоҷа Муҳаммад Куларуз ва Хоҷа Муҳаммад Борудӣ хоразмӣ будаанд, Хоҷа Муҳаммад Салоҳ аз Балх буда, Хоҷа Муҳаммад Бобо бухороист. Онҳо дар илму тариқат ва фазилат ба камол расида буданд. Алии Рометанӣ писаре бо номи Хоҷа Иброҳим низ доштааст. Алии Рометанӣ силсиларо аз Маҳмуд Анҷирфағнавӣ қабул кардааст.
Ин сухани Алии Рометанӣ дар олами тасаввуф хеле машҳур будааст: «Агар дар рӯйи Замин яке аз фарзанд (мурид)-они Хоҷа Абдулхолиқ мебуд, Мансур (Ҳаллоҷ) ҳеҷ гоҳ ба зери дор намерафт». Ӯ бо ин сухан таъкид мекунад, ки асосгузори тариқати хоҷагон дар тасаввуф роҳи муътадилро бунёд ниҳодааст.

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид ба фалсафа,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии 
ба номи А. Берунӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: