ӮЗБЕКИСТОН – ТУРКИЯ: ҲАМКОРИЕ, КИ БА ЭЪТИМОДИ ТАРАФАЙН ВА ДӮСТӢ ТАКЯ МЕКУНАД, МУТТАСИЛ ИНКИШОФ МЕЁБАД

Чи хеле ки хабар шуда буд, бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 апрел -1май Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон бо ҳамсараш дар доираи сафари давлатӣ ба кишвари мо омад.

Чи хеле ки хабар шуда буд, бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 апрел -1май Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон бо ҳамсараш дар доираи сафари давлатӣ ба кишвари мо омад.
Дар Аэропорти байналхалқии «Тошканд» ба номи Ислом Каримов, ки бо парчамҳои давлатии ду мамлакат зинат ёфта буд, Президенти Ҷумҳурии Туркияро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов пешвоз гирифт.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Туркия дар ҷаҳон аввалин шуда истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро эътироф кардааст. Соли 1996 кишварҳои мо Шартномаи дӯстии абадӣ ва ҳамкориро имзо карданд. Халқҳои моро решаҳои амиқи таърихӣ, дини ягона, қаробати забон, суннат ва урфу одатҳо алоқаманд мекунанд. Муносибатҳои дӯстонаи байни Ӯзбекистон ва Туркия, ки ба эътимоди тарафайн такя мекунанд, алҳол боз ҳам мустаҳкам мешаванд.
Чорабиниҳои асосии сафар дар қароргоҳи Кӯксарой ба амал омаданд. Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашид. Гимнҳои давлатии Ӯзбекистон ва Туркия садо доданд. Президентҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ гузаштанд. 
Пас аз маросими истиқболи расмӣ Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Таййип Эрдӯғон дар доираи танг суҳбат карданд. Дар ҷараёни мулоқот, ки дар вазъи рушод ва самимӣ гузашт, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ӯзбекистониву туркиягӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиёту коммуникатсияҳо, илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра баррасӣ шуданд, бинобар рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад.
Президенти мамлакати мо Президенти Туркияро самимона хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки сафари ҳолоина, ки барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба воқеаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад, шаҳодати рушди муттасилест, ки ба эътимод ва эҳтироми тарафайн такя менамояд.
– Соли гузашта муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои мо ба дараҷаи нави стратегӣ бардошта шуданд. Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак ҳаҷми табодули мол хеле зиёд гардид. Бинобар ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо сафарҳои тарафайни шаҳрвандони мо осонтар шуданд. Мутаъқидам, ки гуфтушунидҳои навбатӣ дар сатҳи олӣ барои корҳои нек ба манфиати халқҳоямон сурати нав мебахшанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба роҳбари давлати мо барои даъваташ миннатдорӣ изҳор карда, бо қаноатмандӣ зикр сохт, ки ҳамкориҳои байни мамлакатҳоямон дар тамоми самтҳо мустақимона инкишоф меёбанд.
– Туркия ва Ӯзбекистон кишварҳои дорои таърихи бузург, урфу одат ва анъанаҳои ҳаммонанд, дӯстони қарин мебошанд. Онҳо якдигарро ҳам дар робитаҳои дуҷониба, ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ мекунанд. Бовар дорам, ки гуфтушунидҳои кунунӣ ин робитаҳои дӯстонаро ба дараҷаи беш аз пеш баланд мебардоранд, – гуфт Реҷеп Таййип Эрдӯғон.
Ҳар ду ҷониб аз ҳамкорӣ манфиатдоранд. Торафт озодшавии  иқтисодиёт, иқлими мусоиди сармоявӣ, бозорҳои мамлакати мо барои Туркия рағбатнок мебошанд. Саноати пешрафта, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, роҳҳои баҳрӣ, хоҷагии қишлоқ ва имкониятҳои сайёҳии ин мамлакат барои Ӯзбекистон муфид мебошанд.
Роҳбарони давлат то имрӯз дар анҷумани «Як хат, як роҳ», ки 14 майи соли 2017 дар Чин ба вуқӯъ омада буд, ҳангоми Ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ оид ба илм ва технологияҳо, ки 10 сентябри ҳамон сол дар Остона баргузор гардид, мулоқот доштанд. Президентҳо ҳамчунин дар доираи иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли гузашта вохӯрда буданд.
Сафари давлатии Президенти мамлакати мо моҳи октябри соли 2017 ба Туркия ба давраи нави муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона оғоз бахшид. Дар ҷараёни сафар сарварони ду мамлакат ҳолати ҷорӣ ва пешомади ҳамкориҳои ӯзбекистониву туркиягиро муфассал муҳокима намуданд. Изҳороти муштараке, ки сарони ду давлат имзо гузоштанд, ҳуҷҷати муҳим гардид ва ҳамкориро дар сатҳи шарикии стратегӣ мустаҳкам намуд.
Президентҳо гуфтушунидро бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм ва ғайра баррасӣ шуданд.
Тағйироти мусбат дар афзудани ҳаҷми савдои тарафайн ва вусъати номгӯйи молҳо махсус таъкид гардид.
Туркия аз ҷумлаи шарикони муҳими тиҷоратии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Соли 2017 ҳаҷми мубодилаи моли байни кишварҳои мо 30 фоиз афзуд ва 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар семоҳаи аввали соли равон нишондиҳандаи мазкур 20 фоиз афзуд ва ба 400 миллион доллар расид. Ҷонибҳо дар бораи чорабиниҳои мушаххасе, ки барои солҳои наздик ба 5 миллиард доллар расондани ин нишондиҳанда нигаронида шудаанд, ба мувофиқа расиданд. 
Молҳои асосии содиротии мамлакати мо ба Туркия ин филизоти ранга ва маснуоти онҳо, маҳсулоти меваву сабзавот, хидматҳо, нуриҳои азотдор, маҳсулоти коркарди нафт ба шумор мераванд. Ӯзбекистон, дар навбати худ, аз ин мамлакат ашёи косметикӣ, таҷҳизоти гуногуни механикӣ ва электронӣ, пластмасса ва маҳсулоти он, маҳсулоти бофандагӣ, кимиёӣ, доруворӣ, воситаҳои ороиш ва рангдиҳии пӯстро харид мекунад.
Ӯзбекистон тайёр аст ба бозорҳои Туркия фиристодани маҳсулоти саноати сабук, кимиё, филизот, мошинсозӣ, электротехникӣ, молҳои чарму пойафзор ва кишоварзиро вусъат диҳад. Муҳимияти дар ин маврид истифода бурдани имкониятҳои Хонаи савдои ӯзбекистониву туркиягиро, ки дар Истанбул кушода шудааст, зикр гардид.
Ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва транзит низ эътибори махсус дода шуд. 
Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамчунин Комиссияи муштарак, ки мувофиқи Муоҳида дар бораи боркашониҳои заминӣ оид ба масъалаҳои боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ созмон дода шудаанд, дар мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тарафайн саҳми бузург мегузоранд.
Пешомади хуби роҳи оҳани Боку – Тбилиси – Карс барои рушди алоқаҳои тиҷоратӣ, зарурияти минбаъд мувофиқсозии тарифҳо бинобар транзит қайд гардид. 
Фаъолияти Оҷонсии оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (ОҲҲТ), ки намояндагиаш аз соли 1993 инҷониб дар Ӯзбекистон амал мекунад, сазовори баҳои баланд мебошад. Дар давраи сипаришуда Оҷонсии мазкур дар татбиқ сохтани як қатор лоиҳаҳо бинобар бозсозии пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, рушди хоҷагии қишлоқ, тиҷорати хурд ва миёна иштироки фаъол дошт.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо мавҷудияти имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда қайд гардид. Бинобар ҳамин ҳам сафари мазкур ба пешрафти робитаҳои байни вазорату идораҳо, доираҳои корчаллони ду мамлакат такони нав хоҳад дод.
Ҷонибҳо бинобар зарурияти афзун кардан ва диверсификатсияи ҳаҷми тиҷорати тарафайн аз тариқи расонда додани маҳсулоти харидоргири дорои арзиши баланди иловагӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуҳлати сармоявӣ ҳамфикр буданд.
Таъкид шуд, ки кор бобати дар Ӯзбекистон татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ бо иштироки ширкатҳои машҳури Туркия, пеш аз ҳама, оид ба истеҳсоли маҳсулоти арзиши баланди иловагӣ дар пояи коркарди амиқи захираҳои минералӣ ва ашёвӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва кӯчаки саноатӣ минбаъд низ рағбатнок карда мешавад. 
Барои беҳтар намудани кор дар соҳаи сайёҳӣ ҳамкории ширкатҳои миллии авиатсионии мо аҳамияти бузург дорад.
Махсус зикр шуд, ки аз октябри соли гузашта Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» хатсайрҳои бевоситаи авиатсионии Самарқанд – Истанбулро ба роҳ монд, аз моҳи марти соли равон бошад, ширкати авиатсионии «Хатсайрҳои авиатсионии Туркия» боркашониҳои бевоситаи авиатсиониро ба роҳ гузошт, тартиби ворид шудан ва баромадан соддатар карда шуд.
Ҳоли ҳозир бо мақсади вусъат додани боркашониҳои авиатсионӣ нақшаҳои нав ва лоиҳаҳои муштарак андешида мешаванд.
Татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштарак бо иштироки сармояҳои Туркия дар доираи барномаҳои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакати мо яке аз мавзӯъҳои асосӣ гардид.
Ӯзбекистон ва Туркия дар соҳаи мазкур имкониятҳои бузург доранд, пурра истифода шудани ин имконият, афзудани табодули сайёҳӣ самараи баланди иқтисодӣ хоҳад дод.
Ҳамчунин бинобар боз як масъалаи муҳим – рушди сайёҳии зиёратӣ дар Ӯзбекистон мубодилаи амалии афкор ба амал омад.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бобати ҳамкории қарини тарафайн барои рушди инфрасохтори Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон, Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ ва Маркази тамаддуни исломӣ, ба роҳ мондани фаъолияти онҳо муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Робитаҳои маданиву инсонпарварӣ, ки алҳол фаъолона инкишоф меёбанд, қисми ҷудонопазири муносибатҳои ӯзбекистониву туркиягӣ ба шумор мераванд. Моҳи июни соли 2016-ум дар Анқара Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон баргузор шуданд. Иштироки ҳунармандони туркиягӣ дар Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ»-и воқеъ дар Самарқанд анъанавӣ гардидаанд, намоиши чорабиниҳои расмии тантанавие, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд, аз тариқи Ширкати давлатии телевизиону радиои Туркия (ТРТ) ба кишварҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва маърифати тиббӣ, мубодилаи таҷрибаи байни марказҳои машҳури тадқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои касбӣ аҳамияти бузург доранд.
Кишварҳои мо дар доираи сохторҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории исломӣ пурмаҳсул амал мекунанд. Ҷонибҳо бинобар масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналхалқӣ мавқеъҳои ҳаммонанд ё худ қарин доранд. 
Президентҳо изҳор доштанд, ки барои мустаҳкам кардани сулҳу салоҳ, амният ва эътидоли минтақавиву байналхалқӣ саъю кӯшиш мекунанд, ҳамкориҳои муфиди тарафайнро дар самти мазкур дар доираи сохторҳои зиёд вусъат медиҳанд. Аз ҷумла бобати сулҳу салоҳ дар Афғонистон табодули афкор ба амал омад.
– Меҳоҳам бори дигар мавқеи қатъии моро бинобар масъалаи мазкур таъкид кунам: роҳи ягонаи муваффақшавӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон, ин мулоқоти бевосита, бидуни шартҳои пешакӣ дар байни ҳукумати марказӣ ва нируҳои асосии сиёсии дохили мамлакат ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Бешубҳа, дар ин бобат бояд Созмони Милали Муттаҳид нақши миёнарави асосиро бозад.
Сарони ду давлат муҳимияти ҳамкориро дар тарғибу ташвиқи маърифат ва ҳуввияти ислом, то ба тамоми ҷомеаи байналхалқӣ расонда додани моҳияти воқеан инсонпарваронаи онро махсус зикр намуданд, таъкид шуд, ки дини ислом инсониятро ҳамеша ба некиву осудагӣ, ба пойдории суннатҳои воқеан инсонӣ даъват менамояд,
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд, ки ба беш аз пеш баланд бардоштани ҳамкории васеъмиқёси стратегӣ нигаронида шудааст.
Бо мақсади минбаъд мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои ӯзбекистониву туркиягӣ дар  байни ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳои ду мамлакат 24 ҳуҷҷат, аз ҷумла оид ба рушди шарикӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, нақлиёт ва логистика, саноат, илм, таълим, сайёҳӣ ва ғайра имзо гардиданд.
Дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Таййип Эрдӯғон қайд намуданд, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми тарафайн гузаштанд, ҳуҷҷатҳои имзошуда ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дарозмуҳлати байни Ӯзбекистон ва Туркия хидмат хоҳанд кард.
– Гуфтушунидҳо мувофиқи анъанаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои мо, ошкоро, хеле пурмазмун ва пурмаҳсул гузаштанд. Ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мо баҳои воқеъбинона дода шуд, самтҳои бартариноки онҳо ва вазифаҳо барои пешомад муайян гардиданд. Дар бораи созмон додани Шӯрои олии шарикии стратегӣ таҳти сарварии сарони ду давлат муоҳида ба имзо расид, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Президенти Туркия зикр кард, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳи ҳусни тафоҳум, манфиатдорӣ ва эътимоди тарафайн баргузор шуданд, ҳамкориҳои туркиягиву ӯзбекистонӣ имрӯз беш аз пеш мустаҳкам гардиданд ва ба дараҷаи стратегӣ бардошта шуданд. Вай аз муоҳидаҳои ба имзорасида, ки миқёс ва аҳамияти васеъ ва бузург доранд, ҳамчунин аз сафари пешистодааш барои шиносшавӣ бо зиёратгоҳҳои Бухоро қаноатмандӣ изҳор кард.
Сипас Реҷеп Таййип Эрдӯғон аз Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид ба амал овард. Ба меҳмони олиқадр дар бораи ислоҳоте, ки дар парлумони кишвари мо амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд. Президенти Туркия дар назди аъзои Сенат ва депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис суханронӣ кард.
Дар нимаи дуввуми рӯз Президенти Туркия майдони Мустақилликро зиёрат намуд. Меҳмони гиромиқадр ба пояи Ёдгории истиқлолият ва инсонпарварӣ, ки рамзи озодӣ, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшишҳои неки мо мебошад, гул гузошт. 
Сипас Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба пояи ҳайкали Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гул ниҳода, ба хотираи сарвари бузурги мо арҷ гузошт.
Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Таййип Эрдӯғон дар анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву туркиягӣ, ки дар Ӯзэкспомарказ ташкил гардид, иштирок карданд. Дар доираи ин анҷумани тиҷоратӣ муоҳидаҳо бобати татбиқ намудани беш аз 50 лоиҳаҳои нави сармоявии арзиши умумиашон 3 миллиард доллар имзо шуданд. 
Роҳбарони давлатҳо зикр карданд, ки чунин анҷуманҳои тиҷоратӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайни кишварҳои мо аҳамияти бузург доранд.
Сафари давлатии Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон дар мамлакати мо идома дорад.
***
Дар рӯзи севвуми сафар меҳмони олимартаба ба вилояти Бухоро ташриф овард.
Дар аэропорти байналхалқии Бухоро Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.

Дар вилояти Бухоро ба ин ташриф тайёрии алоҳида дида шудааст. Кӯчаҳо бо парчамҳои давлатии ду мамлакат оро дода шуда, дар панноҳои рангбаранг суханоне, ки дӯстиву бародарии халқҳоямонро тараннум менамоянд, сабт ёфтаанд.
Халқҳои Ӯзбекистон ва Туркия бо риштаҳои қадимаи мустаҳкам пайванд буда, таърихи онҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ намудан мураккаб аст. Туркҳо сарзамини Ӯзбекистонро муқаддас шуморида, онро чун диёри бобоӣ эҳтиром менамоянд. Ин маънои эҳтиром ва муҳаббати беҳадди халқи Туркияро нисбати мамлакат ва халқамон дорад.
Дар Туркия олимону мутафаккирони бузурги зодаи кишварамонро хуб медонанд, ки ба рушди илми ҷаҳонӣ саҳми азим гузоштаанд, шавқу рағбат барои мероси онҳо бузург аст. Яке аз чунин шахсони бузург алломаи дар тамоми дунёи мусалмонӣ машҳур, асосгузори тариқати Нақшбандия Баҳоуддин Нақшбанд ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон сафарро дар вилояти Бухоро аз зиёрати мақбараи Нақшбанд оғоз намуд. Дар ин ҷо суръае аз Қуръон қироат гардид.
Меҳмони олимартабаро бо ҳаёти асосгузори тариқати Нақшбандия, ҳиссаи бузурги он дар рушди илми исломӣ, корҳои созандагие, ки дар тӯли солҳои истиқлолият дар маҷмӯъ амалӣ гардонда шудаанд, шинос намуданд.
Соли гузашта бо ташаббуси Президенти мамлакатамон дар ҳудуди маҷмӯа Мадрасаи олии Мири Араби  назди Идораи мусулмонони Ӯзбекистон фаъолияти худро шурӯъ намуд. Ба Президенти Туркия дар бораи таърих ва фаъолияти мадраса нақл гардид.
Имрӯз дар мамлакатамон дар заминаи тарғиби моҳияти аслии инсонпарварии дини ислом, омӯзиши амиқи мероси мутафаккирони бузург, ки ба рушди илм саҳми бузург гузоштаанд, кори доманфарох ба амал оварда мешавад. Бо ташаббуси роҳбари давлат Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ дар Самарқанд ва Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд бунёд мегарданд.
Меҳмон таъкид кард, ки Ӯзбекистон гаҳвораи мутафаккирони бузург ба шумор меравад ва ӯ таърих ва мероси ғании маънавии халқамонро эҳтиром менамояд.
Реҷеп Таййип Эрдӯғон ҳамроҳи Шавкат Мирзиёев ба  қалъаи Арки Бухоро омад.
Бухоро, ки дар чорроҳаи муҳими роҳҳои савдои байни Ғарбу Шарқ воқеъ гардидааст, таърихи ғанӣ ва пуршараф дорад, ки он аз тарзи ҳаёт, нирӯи созандагӣ, маънавияти халқи мо, равобити иҷтимоию иқтисодии он бо дигар мамлакатҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳазорҳо экспонатҳо, бозёфтҳои археологӣ, ки ба коллексияи музейи кишваршиносии вилояти дар қалъаи Арк воқеъгардида дохил шудаанд, аз ин хусус нақл менамоянд.
Сарони давлатҳо бо фаъолияти музей шинос шуда, экспонатҳои беназирро аз назар гузаронданд, ба масҷиди ҷомеи ҳудуди музей-мамнӯъгоҳ ташриф оварданд.
Дар саломхонаи подшоҳ, ки дар маркази қалъа нигоҳдорӣ шудааст, ба эътибори сарони давлатҳо бо иштироки санъаткорони вилоят, ки сурудҳои миллиро иҷро намуда, дӯстии халқҳоро тараннум карданд, барномаи мусиқӣ намоиш дода шуд.
Президентҳо инчунин бо маҷмӯи Пойи Калони назди қалъаи Арк шинос шуданд.
Ҳар як ваҷаби замини Бухоро таърих аст. Ёдгориҳои қадимӣ аз даҳои бузурги офарандагӣ ва иқтидори маънавии гузаштагони мо нақл менамоянд. Манораи калон, Масҷиди калон ва мадрасаи Мири Араб, ки байни асрҳои XII ва XVI бунёд ёфтаанд, бо гиреҳи беназири меъморӣ ва ҷозибааш санъати муъҷизавиро мемонад.
Манораи калон, ки баландиаш 46,5 метр мебошад, беназир маҳсуб меёбад. Таърихи он қариб 900 солро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур имрӯз ҳам ба сифати рамзи фаромӯшнопазири қудрати халқамон ҳамаро мафтун месозад.
Муассисаи таълими миёнаи махсуси  исломӣ, ки дар мадрасаи Мири Араб фаъолият нишон медиҳад, дар вақташ дар ҳудуди собиқ Иттифоқ муассисаи ягонаи таълими исломӣ  ба ҳисоб мерафт. Имрӯз дар ин ҷо ҷавонон донишҳои диниву дунявӣ, забонҳои хориҷиро азхуд менамоянд. Узви ҳайати вакилон инчунин дар Масҷиди калон шуданд.
Меҳмони олирутба бо намоиши маҳсулоти зардӯзӣ, ҷавоҳирот, қолиндӯзӣ, сӯзанӣ ва ҳунари кулолгарӣ, ки дар қисми таърихии Бухоро ташкил гаштааст, шинос гардид.
Ёдгориҳои таърихиву меъмории Бухоро, ҳунармандии миллии халқамон дар меҳмонони турк таассуроти калон гузошт.
Бо ҳамин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тоййип Эрдӯғон ба мамлакатамон ба поён расид.
Дар фурудгоҳи байналхалқии Бухоро меҳмони олимартабаро Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев гусел кард.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Эркин ЁДГОРОВ,

хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: