Президент Шавкат Мирзиёев ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани ҳамоиши байникуриёӣ дар Пханмунҷом ба Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин нома фиристод

Ба Волоҳазрат ҷаноби Мун Чжэ Ин, Президенти Ҷумҳурии Куриё

Ба Волоҳазрат ҷаноби Мун Чжэ Ин, 
Президенти Ҷумҳурии Куриё
Волоҳазрат!
Шуморо бо баргузории бомуваффақияти ҳамоиши байникуриёӣ, ки 27 апрели соли 2018-ум дар Пханмунҷом баргузор шуд ва воқеан дар солномаи халқи Куриё ҳодисаи таърихӣ гардид, самимона муборакбод мекунам.
Натиҷаҳои хуби ин мулоқот, ки дар маркази эътибори тамоми ҷомеаи ҷаҳон қарор доранд, ба шарофати мавқеи қатъии Шумо ва саъю кӯшишҳои хастанопазиратон бобати татбиқ сохтани роҳи сулҳхоҳона имконпазир гардид, ки ба беҳтар сохтани муносибати байни Ҷумҳурии Куриё ва Ҷумҳурии Халқиву Демократии Куриё, таъмин гардидани амният ва эътидоли ҷаҳонӣ, ҳамчунин мустаҳкам шудани эътимод дар минтақа нигаронида шудаанд.
Муҳити гарм ва дӯстонаи гуфтушунидҳои баргузоршуда ва Баённомаи Пханмунҷом дар бораи сулҳу субот, шукуфоӣ ва ваҳдати Нимҷазираи Куриё, ки бинобар натиҷаи он қабул гардиду муоҳидаи муҳимтарини қаробати ду давлат, рушди алоқаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарваронаро мустаҳкам кард, ба оғози давраи нави шарикии байни Ҷумҳурии Куриё ва ҶХДК умед ва эътимод мебахшад.
Ӯзбекистон ҳамчун ташаббускори дар Осиёи Марказӣ созмон додани минтақаи аз силоҳи ядроӣ озод ҷараёни денуклеаризатсияро дар Нимҷазираи Куриё, ки бидуни шубҳа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байникуриёӣ ва пешбурди қаробат дар минтақа хидмат хоҳад кард, куллан дастгирӣ мекунад. 
Мехостам ташаббуси Шуморо бобати барқарор кардани мубодилаи роҳи оҳан ва автомобилгард махсус таъкид намоям. Он барои вусъат додани ҳамкории Нимҷазираи Куриё бо кишварҳои минтақаи фарохи Авроосиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, ба қитъаи дорои низоми ягонаи логистикӣ ва робитаҳои муттасили тиҷоративу иқтисодӣ табдил додани он пешомадҳои навро боз мекунад.
Муҳтарам ҷаноби Президент.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун шарики стратегии Ҷумҳурии Куриё, минбаъд низ қадамҳои амалии фаъоли халқи Куриёро дар роҳи қаробат, бобати таъмин сохтани эътидол ва амният дар Нимҷазираи Куриё барои шукуфоӣ ва пешрафти умумӣ қатъиян дастгирӣ менамояд.
Муътақидам, он рӯзи саид, ки орзуи бисёрсолаи халқи куриёӣ дар бораи муттаҳид шудани оилаҳои ҷудо ва барқарор гардидани алоқаҳои онҳо буд, фаро мерасад, ин минтақа бошад, дорои сулҳу суботи мустаҳкам ва фаровонҳолӣ мегардад.
Мехоҳам ба шумо, дӯсти бузург ва бародари азизи худ саломатии мустаҳкам ва дар татбиқ сохтани муоҳидаҳои ҳамоиши байникуриёӣ, ки бешубҳа, ба рушди вазъияти минтақа ва умуман ҷаҳон таъсири таърихӣ хоҳанд расонид, комёбиҳои бузург орзу намоям.
Мулоқоти навро бо Шумо дар сарзамини Ӯзбекистон бесаброна интизорам!
Бо эҳтироми амиқ, 
Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: