РАДИОИ ИСПАНИЯ ДАР БОРАИ ЗИЁРАТГОҲҲОИ ӮЗБЕКИСТОН

Барои бисёр сайёҳони Испания Ӯзбекистон аз ҷумлаи нуқтаҳои дилхоҳи сафар ҳангоми ба нақша гирифтани саёҳаташон мегардад

Барои бисёр сайёҳони Испания Ӯзбекистон аз ҷумлаи нуқтаҳои дилхоҳи сафар ҳангоми ба нақша гирифтани саёҳаташон мегардад. Мақолаҳои зиёд, барномаҳои радиоиву телевизионӣ ба забони испанӣ, ки ба имкониятҳои сайёҳии кишвари мо бахшида шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Барномаи навбатии радиоӣ дар бораи Ӯзбекистон аз мавҷи ҳавоии Radio Manises садо дод.
«Имрӯз мо ба шунавандагони дар барномаи «Дар бораи сайёҳат» (De Viatge) шиносоиро бо Ӯзбекистон – қалби Осиёи Марказӣ, кишваре, ки тӯли ҳазорсолаҳо пули байни Шарқ ва Ғарб буда, дар маркази Шоҳроҳи абрешим қарор дорад, пешкаш менамоем. Мехоҳем ба шумо имконияти нодири шинос шудан бо шаҳрҳои таърихии  Ӯзбекистон – Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Хиваро, ки ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд, фароҳам оварем», – барномаро чунин оғоз мебахшад барандаи он Хулио Леал Аспано.
Бо шарофати барномаи радиоӣ шунавандагон ба маълумот дар бораи Ӯзбекистон, муносибатҳои он бо Испания, ки ба даврони Амир Темури бузург мерасад, ки ӯ соли 1404 сафири шоҳи Кастило Генрихи III Гонсалес де Клавихоро қабул карда буд, шинос шуданд.
«Сокинони Испания бояд дар бораи таърихи аҷиби ин сафир маълумот дошта бошанд ва бо он ифтихор кунанд. Агар имконият пайдо кунед, шаҳри афсонавии Самарқандро, ки яке аз кӯчаҳояш ба шарафи дипломати испаниёӣ Клавихо номи ӯро дорад, тамошо кунед. Мо ҳамаро даъват мекунем, ки иқдоми ҳамватани худро идома диҳанд», – таъкид мекунад баранда.
Дар тӯли 30 дақиқа шунавандагон ба Самарқанд, Бухоро, Хива, Шаҳрисабз, Тошканд гӯё саёҳати виртуалӣ карданд, ҳамчунин ба «дидани» бозорҳои шарқӣ, ки аз онҳо бӯйу роиҳаи меваву сабзавоти ширини Ӯзбекистон мерасанд, муваффақ шуданд. 
Дар барнома таъкид гардид, ки алҳол тартиби сабуки ба даст овардани раводид ба Ӯзбекистон аз тариқи сафоратхонаи мамлакат дар Мадрид ҷорӣ шудааст. Бобати хатсайрҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ ва хариди ашёи санъати ҳунармандии халқӣ тавсияҳо дода шуданд.
«Ҳар шахсе, ки мехоҳад ба Ӯзбекистон сафар кунад, метавонад ба сафоратхонаи ҷумҳурӣ муроҷиат намояд, кормандони он бо қаноатмандии бузург шуморо бо маълумоти зарурӣ бобати ҳусну таровати шаҳрҳои бемисли Ӯзбекистон таъмин мекунанд», – зикр шуд дар поёни барнома.

ОИ «Ҷаҳон», 
МАДРИД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: