ИСЛОҲОТИ АНДОЗ БА ЗИЁД ШУДАНИ САРМОЯ ХИДМАТ МЕКУНАД

Тавре ки интизорӣ меравад, Консепсияи нав бино бар ислоҳсозии куллии низоми андоз, ки лоиҳааш ҳоли ҳозир андешида мешавад, имкон медиҳад бори андоз кам шавад, миқдори андоз коҳиш ёбад, як қатор андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ бекор ва аз байн бардошта шаванд, вай ҳамчунин ба такмил ёфтани маъмурияти андоз дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Тавре ки интизорӣ меравад, Консепсияи нав бино бар ислоҳсозии куллии низоми андоз, ки лоиҳааш ҳоли ҳозир андешида мешавад, имкон медиҳад бори андоз кам шавад, миқдори андоз коҳиш ёбад, як қатор андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ бекор ва аз байн бардошта шаванд, вай ҳамчунин ба такмил ёфтани маъмурияти андоз дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.
Чунин пешомадҳо аз ҷониби ҷомеаи соҳибкорон ва сармоягузорон чӣ гуна баррасӣ мешаванд? 
Хабарнигори мо аз ин хусус бо директори ширкати консалтингии Rebel Group International Мишел Лешуи ҳамсуҳбат шуд. Мутахассис чунин иброз дошт:

– Мо дар Осиёи Марказӣ тӯли солҳои зиёд бомуваффақият кор мекунем. Фаъолияти мо дар минтақа соҳаҳои идораи захираҳои об ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Тошкандро фаро мегирад. Ширкати мо ба ҷалби сармояҳои хусусӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла дар рушди инфрасохтор ҳамкорӣ мекунад. Мо саъю кӯшиши Ӯзбекистонро бобати ҷалби сармояҳои сектори хусусӣ, аз ҷумла аз тариқи фароҳам овардани асоси мусоиди ҳуқуқӣ ва татбиқ намудани ислоҳоти андоз бо руҳбаландӣ мушоҳида менамоем.
Ман бо дарназардошти таҷрибаи 25-солаи фаъолияти худ дар соҳаи шарикии давлативу хусусӣ дар самти мазкур барои Ӯзбекистон имкониятҳои бузургро мушоҳида менамоям. Ин бахусус ба масъалаҳои ҷалби маблағ ва сармояҳо нафақат аз буҷаи давлатӣ, балки истифодаи сармояҳои сектори хусусӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат дахл дорад. Бино бар таҷрибаи худ метавонам бигӯям, ки дар ин бобат мавҷуд будани пойгоҳи зарурии қонунгузорӣ нақши бағоят муҳим мебозад.
Боз як омили муҳиме, ки дар кишварҳои бузурги ҷаҳон мақоми худро дорад, ин «кашфи» иқтисодиёти худ аз тариқи созмон додани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ба шумор меравад. Барои Ӯзбекистон созмон додани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ метавонад яке аз самтҳои пешомадноктарин бошад. Агар Ӯзбекистон соҳаҳоеро, ки дар он мамлакат имконият ва бартариҳои зиёд дорад, мушаххас намояд ва барои соҳибкороне, ки дар секторҳои мазкур кор мекунанд, сабукиҳои андозро пешниҳод кунад, аз ин ҳама – ҳам давлат,  ҳам андозсупорандагон ва ҳам намояндагони сектори хусусӣ бурд мекунанд.
Ман бовар дорам, ки ислоҳоти андоз, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешавад, ба дар иқтисодиёти мамлакат афзудани сармояҳои хусусӣ хидмат мекунанд.

ОИ «Ҷаҳон»,
АМСТЕРДАМ – БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: