БО СУРЪАТИ ЗАРБДОРОНА

Ҳоло дар ҳамаи ҳудудҳои мамлакат ба созмон додани корхонаҳои саноатӣ, ба хориҷ баровардани маҳсулоти аълосифат эътибори алоҳида дода мешавад.

Ҳоло дар ҳамаи ҳудудҳои мамлакат ба созмон додани корхонаҳои саноатӣ, ба хориҷ баровардани маҳсулоти аълосифат эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар ин ҷода аз ҷониби Президенти мамлакат қабул шудани қарору фармонҳо дар бораи дастгирӣ ва рағбатноксозии соҳибкорон, боз ҳам васеъ намудани фаъолияти тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ дар ин самт омили муҳим мегарданд.
Имрӯзҳо дар бағали саҳрои тӯли асрҳо бекорхобидае, ки дар шафати роҳи калони Намангон – Тошканд, аз ноҳияи Чуст мегузарад, сохтмони заводи симон аз тарафи бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Намангансемент» бо суръати зарбдорона идома дорад.
– Арзиши умумии сохтмони заводамон ба 6 миллион доллар баробар буда, то ҳозир ба арзиши 2 миллион доллар корҳои сохтмон-монтажро ба роҳ мондем. Агар завод бо қувваи пурра ба фаъолият шурӯъ кунад, дар зарфи як сол 700 тонна симон истеҳсол гардида, 120 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Инчунин 6 намуди маҳсулот ба истеҳсол бароварда мешавад. Маҳсулоти симони ба истеҳсолбаровардаамон ба хориҷ низ ба фурӯш бароварда мешавад, – гуфт директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Намангансемент» Мусохон Муротов.
Сохтмону монтажи дастгоҳҳо аз рӯйи технологияи Чин ба роҳ монда мешавад. То ҳозир нисфи дастгоҳҳои завод аз Чин оварда шудааст. Ҳозир дар сохтмони завод 3 нафар муҳандис ва 70 нафар бинокорон бо ғайрати дучанд меҳнат мекунанд.
– То ҳозир дар сохтмону монтажи дастгоҳҳои заводҳои қадростнамудаи Бухоро, Самарқанд ва Ҷиззах иштирок кардам. Аз ин шодам, ки дар сохтмони заводи симони  Чуст низ иштирок менамоям. Чустиён меҳмондӯст ва ширинсухананд. Онҳо расму оин ва анъанаи қадимиашонро идома медиҳанд. Боғи маданият ва истироҳати ноҳия бароям писанд омад. Вақти холӣ пайдо кунам, дарҳол роҳи боғро пеш мегирам, – гуфт сармуҳандис аз Чин Ванг Заушин.
– Касбамон басо душвор, заҳматталаб ва пурмасъулият ба шумор меравад. Барои ҳамин ҳам ин аз ҳар як бинокоре, ки дар сохтмони завод иштирок мекунад, иродаи қатъӣ ва бо ғайрати дучанд меҳнат карданро металабад. Дар ин ҷода Ҷамолиддин Қарабоев, Ғайрат Муъминов, Элдор Назаров, Музаффар Эрматовҳо ба дигарон намунаи ибрат мешаванд, – гуфт оператор Асадулло Ғайбуллоев.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: