Дар ҷевони китоб

Китобҳои нав

«Хумори зиндагӣ»

Таҳти ин ном чанде қабл китоби шоири хушгуфтор Абдуқайюм Ҳасанзод аз тариқи нашриёти «Иҷод»-и пойтахт чоп шуд. Ба чоп тайёркунандаи он Шуҳрат Бобоҷон ва муҳаррири масъул Асадуллоҳ Исмоилзода мебошанд. Дар ин маҷмӯа асосан ғазалҳои шоир, ки дар мавзӯъҳои Ватан, баҳор, табиат, ишқу муҳаббат, зиндагӣ, дидори ёр ва ғайра суруда шудаанд, ҷой доранд. Шоир ғазалҳояшро бо тахаллуси Аёнӣ навиштааст. Мавсуф дар шаҳри Ангрен таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод мекунад. Вай хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Ашъораш бештар дар қолаби ғазал ва тарона суруда шудаанд. Солҳои охир дар матбуоти даврии кишвар чандин мақолаи илмии ӯ дар заминаи нақду таҳлили шеърҳои шоирони муосир ва классикии тоҷик чоп шуданд. Муаллифи беш аз сӣ мақолаи илмӣ ва таҳқиқотӣ мебошад. 
Умед аст, ки маҷмӯаи «Хумори зиндагӣ» ба ихлосмандон ва алоқамандони каломи бадеъ писанд меояд.

«Ватанҷон»

Абдурасул Иброҳимзода, ки собиқаи зиёди омӯзгорӣ дорад, барои наврасон шеър иншо намуда, онҳоро дар «Олами рангини ман» ва «Қарзи фарзандӣ» ном китобҳояш ҷой додааст. Чанде қабл китоби ӯ таҳти унвони «Ватанҷон» аз ҷониби нашриёти «Тамаддун»-и шаҳри Тошканд чоп гардид. Боиси қайд аст, ки шеърҳои «Ватанҷон», «Панди бобо», «Гулдаста ба модар», «Баҳори дилҷӯ», «Муаллими мо», «Китоб», «Оилаи мо», «Боғи мактаб», «Хуш навис» ва ғайра, ки бо маҳорати ба худ хос эҷод шудаанд, ба завқи шеърдониву шеърхонии наврасон меафзоянд. Дар маҷмӯа, ҳамчунин таҳти номҳои «Иди «Алифбо», «Иди паррандагон» ва «Тӯйи паррандагон» шеърҳо гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа барои омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, бахусус синфҳои ибтидоӣ дастуруламали хубест.

«Вазифаи хонагӣ»

Қиссаи «Вазифаи хонагӣ» аз асарҳои беҳтарини барои наврасон эҷоднамудаи нависанда Чоршанбеи Деҳнавӣ ба шумор меравад. Номбурда солҳои тӯлонӣ ба шогирдон дарси адаб меомӯхт, аз ин сабаб қаҳрамонони асосии асарҳояш асосан омӯзгорону хонандагони мактаб мебошанд. «Вазифаи хонагӣ» бо ташаббуси Асадулло Шукуров ва ҳозиркунандаи чоп Шуҳрат Бобоҷонов таҳти рукни «Барои мактабиён» дар нашриёти «Тамаддун»-и пойтахт чоп шудааст. Он барои наврасон қиссаи хуби таълимӣ ба ҳисоб меравад. Аз рафтору гуфтор ва муносибати қаҳрамони қисса Расо бо ҳамсолон ва рафиқонаш хонандагон баҳрабардории хуб хоҳанд дошт. 

М. ҚОДИРЗОДА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: