ХОҶА МУҲАММАД БОБОИ САМОСӢ

Пири панҷум

Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ яке аз намояндагони машҳури тариқати хоҷагон-нақшбандия, пири панҷуми ҳафт пири Бухорост. Соли 1259 дар деҳаи Самоси ноҳияи Рометани вилояти Бухоро таваллуд шуда, соли 1354 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Дар атрофи қабри ӯ маҷмӯа бунёд карда шудааст. Маҷмӯа дорои ҳавлии як тарафаш айвони атрофи қабрро иҳотакарда, тошқудуқ, ҳавз, боғ ва масҷиди ҷомеъ аст. Дар солҳои истиқлолият ин маскан обод гардонда, қабр таъмир гардид, биноҳои нав бунёд шуданд. Айни замон ин ҷо яке аз зиёратгоҳҳои серодами Бухорост. 
Дар манбаъҳои оид ба тасаввуф номи он кас ба таври Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ вомехӯрад. Дар бобати бо номи Шамси Ҳақ бузург дошта шудани ӯ низ маълумот мавҷуд аст. Падари ӯ бо тавсияи Саййид Абдуллоҳ ба Хоҷа Маҳмуд Анҷирфағнавӣ шогирд мешавад, ин устоди бузург бошад, ӯро ба халифаи худ Хоҷа Алии Рометанӣ ҳавола мекунад. Бобои Самосӣ то охири умри ҳамин пир дар хизмати ӯ будааст ва ҳатто ҳангоми аз Бухоро ба Хоразм ҳиҷрат кардани Алии Рометанӣ ҳамроҳӣ кардааст. Баъди Хоҷа Алии Рометанӣ тариқатро роҳбарӣ карда ва бо боғбонӣ таъмини маишати рӯзгор намудааст.
Зода шудани Хоҷа Баҳоуддин Нақшбандро пешакӣ башорат дода, ӯро аз хурдияш ба сифати фарзанди маънавии худ қабул карда, тарбияи ӯро ба зиммаи муриди худ Саййид Мир Кулол супурда, таъкид намудааст: «Дар ҳаққи фарзандам Баҳоуддин тарбия ва шафқатро дареғ намедорӣ ва агар тақсире кунӣ, туро намебахшам».
Амир Кулол ҳам дар навбати худ ҷавоб додааст: «Ман мард набошам, агар ба васияти Хоҷа тақсире кунам». Бинобар маълумоти Алишер Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат», Бобои Самосӣ кулоҳи сари худро ба Баҳоуддин Нақшбанд ҳадя кардааст, ба шарофати он ба Баҳоуддин Нақшбанд каромати балогардонӣ, яъне бо дуо гардондани балои омада насиб гаштааст.
Дар манбаъҳо Бобои Самосӣ гандумранг, қатъиятнок, баландҳиссиёт, чеҳрааш нуронӣ, нигоҳаш таъсиргузор зикр гардидааст. Каромати бисёр низ доштааст. Ду каромате, ки Баҳоуддин Нақшбанд гувоҳ гардида, нақл кардааст, дар тазкираи «Насоим-ул-муҳаббат»-и Алишер Навоӣ омадааст.
Баҳоуддин Нақшбанд ҳангоми ҷавонӣ ба масҷид даромада, ду ракъат намоз мехонад ва «Илоҳо, барои бардоштани бори балоят қувват ва барои кашидани меҳнати муҳаббатат таҳаммул деҳ» гуфта дуо мекунад. Пагоҳ бобояш ӯро ба назди Бобои Самосӣ фиристода, ба меҳмонӣ таклиф кардани ӯро супориш медиҳад. Вақте ба ҳузури Бобои Самосӣ меравад, ӯ ба Баҳоуддин Нақшбанд гӯё ки дуои дирӯз дар масҷид кардаи ӯро шунида бошад, ин тавр мегӯяд: «Эй фарзанд, ин гуна дуо кардан даркор, ки: «Илоҳо, он чи, ки ризои ту дар он аст, ин бандаи заифатро бо фазлу карами худ ба он нигарон!» Агар Худованди таъоло ба ҳар дӯсташ балое фиристад, бо инояти худ барои бардоштани он бор қувват диҳад ва ҳикмати онро ба ӯ зоҳир кунад. Бо ихтиёр талаб кардани бало душвор аст. Густохӣ накардан лозим».
Каромати дуюм ҳам ҳамон рӯз рух медиҳад. Баҳоуддини Нақшбанд бо Бобои Самосӣ хӯрок мехӯранд. Баъд Бобои Самосӣ ба хонаи як шиноси худ равона мешавад. Пеш аз рафтани худ ӯ ба Баҳоуддини Нақшбанд як кулча медиҳад. Баҳоуддини Нақшбанд: «Якум, ҳозир таом хӯрдем, шикам сер шуд, дуюм, ба меҳмондорӣ рафта истодаем, дар он ҷо ҳам дастурхон мекушодагист, ин кулча барои чӣ лозим шуда бошад?» — гуфта дар ҳайрат монд. Мизбон меҳмононро бо хурсандӣ қабул кард. Аммо дар рӯйи он изтиробе намоён буд. Дар ин ҳол Бобои Самосӣ ба ӯ гуфт: «Росташро гӯй, сабаби изтироби ту чист?» Он дарвеш мавҷудияти шир, аммо набудани нонро иброз дошт. Дар он ҳол Бобои Самосӣ ба Баҳоуддини Нақшбанд ба дастурхон гузоштани он кулчаро таъкид кард. Пас маълум мешавад, ки Бобои Самосӣ пешакӣ ин ҳолатро медонистааст.
Бобои Самосӣ Хоҷа Сӯфӣ Суҳурӣ, Хоҷа Маҳмуд Самосӣ (писари худи ӯ), Хоҷа Донишманд ва Хоҷа Сайид Амир Кулол ном чор халифаро тарбия кардааст. Роҳбарии тариқатро ба Хоҷа Саййид Амир Кулол супурдааст.

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид ба фалсафа,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи А. Берунӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: