КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории якчанд вазорату идораҳо дар Тошканд анҷумани XIV байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Central Asia – 2021: дар фан, таълим, маданият ва тиҷорат, интернет ва ресурсҳои ахбору китобхона» баргузор мегардад.

Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ бо ҳамкории якчанд вазорату идораҳо дар Тошканд анҷумани XIV байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Central Asia – 2021: дар фан, таълим, маданият  ва тиҷорат, интернет ва ресурсҳои ахбору китобхона» баргузор мегардад.
Анҷуман дар соҳаи фан, таълим, маданият ва тиҷорат, дар муассисаҳои ахбору китобхона, омӯзишгоҳ, архив, нигористон ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мондани ресурсҳои ахбори электронӣ, инчунин ҳал намудани мушкилоти китобхонаҳо, дарёфт намудани роҳҳои рушди инноватсиониро ҳадафи худ қарор додааст.
Анҷумани мазкур бори аввал бо ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ таҳти мавзӯи «Китоб ва мутолиа – ресурси стратегии рушди ҷамъият» баргузор мегардад. Дар ин чорабинии васеъмиқёс ҳолати имрӯзаи ахбору китобхонаҳо, иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ доир ба соҳа, таҷриба, мушкилоти роҳҳои ҳалли худро ёфта, созишнома ва нақшаҳои истиқболнок ба имзо мерасанд. 
Бо ташаббуси роҳбари давлат ба соҳаи ахбору китобхона эътибори алоҳида дода мешавад. Қарори Президент «Дар бораи боз ҳам такмил додани хидмати ахбору китобхона ба аҳолии Ӯзбекистон» аз 7 июни соли 2019 ба ин соҳа такони нав бахшид.
Дар чаҳорчӯбаи анҷуман бахшида ба 150-солагии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон чорабинӣ, суҳбати мизи мудаввар, аксия, намоишгоҳҳо низ баргузор мегарданд. Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 22 декабри соли 2020 нишони сарисинагии «Аълочии ахбору китобхона» таъсис ёфта буд. Дар доираи анҷуман маросими супурдани нишони сарисинагӣ ба мудир, мудира ва китобдороне, ки дар ин соҳа солиёни дароз фаъолият бурдаанд, дар ҳифзи китобҳои нодир, рушди маданияти китобхонӣ ва мутолиа дар ҷамъият, тайёр намудани кадрҳо ҳисса гузоштаанд, ба нақша гирифта шудааст.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: