ПАЙВАНДГАРИ АНДЕШАҲО

Робитаҳои адабӣ

Бо вуҷуди он ки тарҷумаи шеър аз ҷониби баъзе муҳаққиқон  дар асл ноҷоиз дониста мешавад, аммо ба забони дигар баргардондани сухани мавзун ба хотири дигар халқҳоро аз чошнии андешаҳои ин ё он шоир баҳраманд кардан амалӣ мегардад. Ва ҳамин чиз сабаб шудааст, ки садҳо, балки ҳазорҳо тарҷумаи шеърӣ рӯйи об омада, робитаҳои адабии адабиёти халқҳои гуногунро мустаҳкам намояд.
Маҳз, тарҷума метавонад, ки сухану андешаи шоирро дастраси ақвоми гуногун гардонад. Аммо муҳим ин аст, ки тарҷума дар кадом сатҳ сурат мегирад. Бисёр нафарон ба тарҷумаи шеърӣ даст мезананд, аммо касоне, ки дар ин ҷода муваффақ шудаанд, хеле ангуштшуморанд. 
Анъанаи тарҷумаи осори шоирони тоҷик ба забони ӯзбекӣ таърихи қадима дорад, дар ин росто устодони сухан корҳои мондагор ба анҷом расондаанд, ки боиси таҳсин аст. Яке аз нафароне, ки ин анъанаро идома дода, имрӯзҳо шеъри форсӣ-тоҷикиро бо перояи нав дастраси хонандагони ӯзбек мегардонад, Одил Икром аст.
Одил Икром дар ин ҷода шахси тасодуфӣ нест, балки дар натиҷаи саъйу кӯшишҳои доимӣ ва мутолиаи муқаррар ба дараҷаи тарҷумони моҳир расидааст. Бояд гуфт, ӯ пеш аз ҳама шоири хеле боистеъдод ва баркамол аст. Дар ашъори мавсуф бозёфтҳои тозаи шоирона зиёд ба назар мерасанд. Ашъори ӯ ҳаводорони бисёр дорад ва тарҷумаҳояш низ аудиторияи хоси худро пайдо кардаанд. 
Бояд гуфт, Одил Икром дили беғубор дорад. На танҳо дар ҳолати шеър гуфтан, балки дар зиндагии воқеӣ низ шоир аст. Шеърҳояш тафсиргари шахсияти ӯст.   
Ӯ соли 1960 дар деҳаи Кӯлкенти ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Солҳои 1981-1983 дар мактаби рақами 8-уми ноҳияи Ҳисор (Шаҳринави ҳозира) ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти ӯзбек, солҳои 1983-1985 хабарнигори махсуси рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳозира «Халқ овози»), солҳои 1986-2000 дар радиои Ӯзбекистон ва Маркази тарҷума ва робитаҳои адабии назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба сифати муҳаррир кор кардааст.
Муаллифи китобҳои шеърии «Дарахти уфуқ», «Таҳаҷҷуд», «Узлат», «Таҳаммул» ба забони ӯзбекӣ мебошад. Маҷмӯаи шеърии «Мақбараи хаёл»-и шоир дар дасти чоп аст. 
Ӯ ашъори беш аз 100 нафар шоирони форсу тоҷикро ба забони ӯзбекӣ баргардон кардааст. Аз ҷумла, тарҷумаи китобҳои шеърии Муҳаммад Иқбол, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Нақибхон Туғрал, Лоиқ Шералӣ, Озарахш, Фарзона, ҳамчунин, асарҳои насрии Заҳирии Самарқандӣ, Муҳаммад Субҳон ба қалами мавсуф тааллуқ дорад. Ба ҷуз ин, ба кори хеле бузург – тарҷумаи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва маснавиҳои Абдулқодири Бедил ҳиммат гуморида, дар ин самт низ ба комёбиҳо ноил гардидааст. 
Ба наздикӣ чаҳор китоби тарҷумаи О. Икром – «Замонавий тожик шеърияти антологияси» (Антологияи шеъри муосири тоҷик), «Онагинам»-и Лоиқ Шералӣ, «Хайрли тонг» (Субҳ ба хайр)-и Озарахш, «Ишқ тасбеҳи» (Тасбеҳи ишқ)-и Фарзона аз нашр баромад.
Рости гап вақте китоби тарҷумаи «Замонавий тожик шеърияти антологияси» ба дастам расид, ба зудӣ чашм давонда баромадам, пай бурдам, ки шоир дар тарҷумаи шеърҳои шоирон на сатҳӣ, балки аз таҳти дил меҳнат кардааст. Дар китоби мазкур ашъори шоирони адабиёти навини тоҷик аз тариқи тарҷума фароҳам оварда шудааст, ки аз Айнӣ то шоирони ҷавонтарини имрӯзро дар бар мегирад. Баррасии тарҷумаҳои О. Икром ва маҳорати ӯ дар ин самт мавзӯи алоҳида аст, бинобар ин, ҳаллу фасли онҳоро дар мавриде дигар мегузорем.
Ҳаминро бояд гуфт, Одил Икром тавонистааст, ки мазмуну муҳтавои ашъори шоирони форсизабонро дар либоси нав ба хонандаи ӯзбек манзур созад ва маҳз, ба туфайли ин маҳорати ӯст, ки тарҷумаҳои ӯзбекии ашъори Фурӯғ, Лоиқ, Фарзона ва дигарон муштариёни зиёде пайдо кардаанд.  
Ӯ на фақат ба тарвиҷу такмили адабиёти ӯзбек, дастгирии ҷавонони эҷодкор машғул аст, балки дар тарғибу густариши шеъри форсиву тоҷикӣ, умуман, адабиёти ҳазорсолаи мо саҳми беандоза мегузорад, ки ин хидматҳояш боиси қадрдонист.  

Хусрав САЪДУЛЛОҲ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: