ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН МУОВИНИ АВВАЛИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОНРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷониба Асқар Маминро, ки дар мамлакатамон ташриф дорад, қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 май муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷониба Асқар Маминро, ки дар мамлакатамон ташриф дорад, қабул кард.
Роҳбари давлат меҳмонро хайрамақдам гуфта, бо мамнуният қайд кард, ки комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон – Қазоқистон босамар фаъолият намуда, натиҷаҳои амалӣ мебахшад.
Комиссияе, ки муовинони аввали сарвазирони ду давлат раисӣ мекунанд, то ҳанӯз 17 маҷлис баргузор намуда, аз ҷумла маҷлиси охир моҳи марти соли ҷорӣ дар Остона баргузор гардид. 4 май дар Тошканд ҳамраисони комиссия музокироти амалӣ барпо намуданд.
Дар мулоқот Президент таъкид намуд, ки боз ҳам васеъ намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, инсонпарварӣ ва дигар соҳаҳо, якҷоя ба амал татбиқ намудани лоиҳа ва барномаҳои  истиқболнок муҳим аст.
Дар навбати худ Асқар Мамин ба роҳбари давлатамон барои пазироии самимӣ миннатдории амиқ изҳор намуда, зикр кард, ки Қазоқистон бо мақсади бечунучаро ва сари вақт иҷро намудани аҳду паймони дар дараҷаи олӣ бадастомадаро таъмин намудан, боз ҳам рушд бахшидан ва мустаҳкам намудани шарикии васеи байни мамлакатҳоямон омода аст.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: