ТАШВИШИ ОДАМОНРО КАМ КАРДАН, ДАР ТАМОМИ СОҲАҲО АДОЛАТРО ТАЪМИН НАМУДАН – ВАЗИФАИ АСОСИИ МО

Чӣ хеле ки хабар шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо корҳои созандагӣ, рафти ислоҳот, лоиҳаҳои бузурге, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, инчунин мулоқот оростан бо халқ 2-3 май ба вилояти Намангон ташриф овард.

Чӣ хеле ки хабар шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо корҳои созандагӣ, рафти ислоҳот, лоиҳаҳои бузурге, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, инчунин мулоқот оростан бо халқ 
2-3  май ба вилояти Намангон ташриф овард.

Вилояти Намангон яке аз минтақаҳои нерӯи иқтисодиаш баланд, таъриху маданияташ ғании мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Тӯли солҳои охир ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят куллан нав гардида, қиёфаи шаҳру деҳот тағйир меёбад, некӯҳолии мардум баланд мегардад.
Сарвари давлатамон сафарро аз шиносоӣ бо фаъолияти ҶММ «Барака мева саноат сервис»-и ноҳияи Чуст оғоз намуд.
Имрӯз дар мамлакатамон ба татбиқи лоиҳаҳое, ки ба тайёр кардан, азнавкоркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла меваву сабзавот нигаронда шудаанд, эътибори алоҳида дода мешавад.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди устувори меваву сабзавот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 29 марти соли ҷорӣ, бино бар васеъ гардондани ҳаҷми истеҳсоли меваву сабзавоти ба содирот нигарондашуда ва умуман рушди соҳа ҳамчун дастуруламали муҳим хидмат мекунад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди мазкур фаъолияти худро соли 2015 аз содир намудани чормағз, мавиз ва кавар оғоз намудааст. Ҳоло дар ин ҷо ғалла, офтобпараст, лӯбиё, картошка, ҷуворимакка, дар гармхонаҳо помидор рӯёнда мешавад. Дар қитъаи таҷрибавиву озмоишии майдонаш 17 садяки гектар навъҳои мухталифи зироати кишоварзӣ рӯёнда мешавад. 32 нафар бо кори доимӣ таъмин шудааст, ба корҳои мавсимӣ беш аз 800 нафар ҷалб карда мешаванд. 
Дар айни ҳол лоиҳаи арзишаш 9,6 миллиард сӯм татбиқ гардид, ки дар доираи он дар 160 гектар майдон шинондани ниҳолҳои чормағзи серҳосил ва дар як сол тайёр намудани 4,6 ҳазор тонна чормағз ба нақша гирифта шудааст. Аз чормағззорҳо соле 40,2 миллиард сӯмина ҳосил ба даст овардан мумкин. 70 фоизи он ба содирот бароварда мешавад. 
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳо бино бар роҳандозии моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ, пиллапарварӣ ва рушди минбаъдаи обчакорӣ дар солҳои 2018-2019, ташкил кардани лимӯхона ва тутзорҳо, беҳтар гардондани таъминоти оби майдонҳои беоб, кишти зироати мухталиф ба майдонҳои аз пахта холишуда, минбаъд баланд бардоштани нерӯи содиротии вилоят ба амал омад. 
Сарвари давлат ба шахсони масъул бино бар зиёд гардондани майдонҳои чормағззор, тайёр кардани мутахассисон оид ба моҳипарварӣ, рушди тухмипарварии картошка супориш дод.
Дар таъмин кардани шуғли аҳолӣ, васеъ гардондани истеҳсоли маҳсулоти дар хориҷ серхаридор минтақаҳои хурди саноатӣ нақши муҳим доранд.
Ба Президенти мамлакатамон лоиҳаҳоеро, ки дар минтақаи хурди саноатии «Орзу»-и Намангон татбиқ мегарданд, тақдим намуданд.
Ҳудуди минтақаи саноатӣ қариб 10 гектарро фаро мегирад. Дар ин ҷо татбиқи 22 лоиҳаи арзиши умумиашон беш аз 142 миллиард сӯм оид ба ташкил кардани истеҳсоли молҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, полиграфия, техникаи тиббӣ, инчунин пакетҳои полиэтиленӣ ва плёнкаҳо, лампаҳои каммасраф ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳаҳо имконияти соле 82,2 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол намуданро фароҳам оварда, барои қариб 4 ҳазор нафар ҷойҳои корӣ созмон медиҳад. Қисми асосии маҳсулот ба содирот бароварда мешавад.
То охири моҳи майи соли ҷорӣ корхонаи оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагии «Порлоқ текстил либослари», «Нуробод сифат текстил», «Улуғ-Б», «Босир текстил сервис» ба истифода супурда мешаванд.
Минтақаи саноатӣ бо тамоми коммуникатсияҳо ва инфрасохтори зарурӣ таъмин карда шудааст. Ҳангоми татбиқи лоиҳаҳо аз технологияҳои замонавии энергиясарфакунӣ истифода мешаванд.
Сарвари давлатамон ба шахсони масъул супориш дод, ки мушкилоти мавриди таваҷҷуҳи соҳибкоронро ҳаллу фасл намуда, дар расонда додани ашёи хом ва фурӯши маҳсулот ба онҳо кӯмак расонанд. Зарурати ҷудо намудани маблағ барои ҷалб намудани технологияҳои хориҷӣ, ба корхонаҳо барои васеъ гардондани фаъолияти содиротии онҳо додани мақоми байналхалқӣ зикр гардид.
Маросими тақдимоти лоиҳаҳо бино бар рушди саноати сабук дар шаҳри Намангон, аз ҷумла дар минтақаҳои хурди саноатии «Юксалиш», «Орзу», «Пахталикӯл», «Хонобод», сохтмони каскади ГЭС-и хурд дар канали калони Фарғонаи ноҳияи Учқӯрғон, инчунин таҷҳизоти инноватсионӣ барои таъмин кардани бехатарии шабакаҳои газ, ки дар корхонаҳои «Водий нефтгаз энергия» истеҳсол шудаанд, гузаронда шуд.
Президент ба шахсони масъул бино бар татбиқи саривақтӣ ва хушсифати лоиҳаҳои мазкур супоришоти дахлдор дод.
Сипас, Шавкат Мирзиёев бо фермерони вилояти Намангон дар бошишгоҳи хоҷагии фермерии «Беш сада»-и ноҳияи Норин суҳбат орост.
Хоҷагии фермерии «Беш сада» соли 2004 ташкил шудааст. Ҷамоа таҳти роҳбарии Долимҷон Шарипов соли ҷорӣ дар 27 гектар ғалла ва беш аз 21 гектар пахта мерӯёнанд.
Бо ташаббуси Президент якшанбеи дуввуми моҳи декабр дар мамлакатамон ҳамчун Рӯзи кормандони кишоварзӣ ҷашн гирифта мешавад. Сарвари давлат дар маърӯзаи худ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ин муносибат 9 декабри соли 2017 зарурати ҷорӣ кардани усулҳои нави киштро барои баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳои пахта ва истифодаи самарабахши замин бо зина ба зина даст кашидан аз усулҳои куҳнаи кишти пахта таъкид намуд. Имрӯз хоҷагиҳои фермерии вилоят мувофиқи вазифаи мазкур кишти пахтаро дар асоси технологияҳои замонавӣ ташкил мекунанд. 
Хоҷагии фермерии «Беш сада» инчунин усули дар ду қатор кишт намудани пахтаро ҷорӣ намуд. Дар натиҷа ба ҳар як гектар замин иловагӣ 35 ҳазор тухми пунбадонаро ҷойгир намуд, ки имконияти ба 40 сентнерӣ расондани ҳосилнокиро фароҳам меорад. Ба назар гирифта шудааст, ки ҳосилнокии умумӣ аз ҳар гектар хӯшадона то ба 80 сентнерӣ расонда шуда, фоидаи соф 35 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Дар суҳбат бо фермерон Президент доир ба ислоҳоти васеъмиқёси мамлакатамон ҳарф зада, таъкид кард, ки дар соҳаи таълим, нигаҳдории тандурустӣ, кишоварзӣ бояд корҳои зиёдро ба амал баровард.
– Мақсади асосии тамоми ҳаракатҳоямон баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ, мустаҳкам кардани боварии халқ ба фардо мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Деҳқонон ба сарвари давлатамон барои шароиту имкониятҳое, ки барояшон фароҳам оварда шудаанд, эътибори алоҳидаашон ба кишоварзӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Президент бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Uztex Uchkurgan»-и ноҳияи Учқӯрғон шинос шуд. 
Моҳи ноябри соли гузашта дар таркиби гурӯҳи ширкати  «Uztex» маҷмӯи замонавии бофандагӣ ба фаъолият сар кард. Дар  ин ҷо беш аз 1,6 ҳазор  ҷойи корӣ созмон дода шуд. Корхона соле иқтидори истеҳсол намудани 12 ҳазор тонна калоба ва 3 миллион маҳсулоти тайёри бофандагиро дорад. Бино бар супориши сарвари давлат корхонаи ба азнавкоркарди 100 фоизи пахта ихтисосонидашуда пурра ба усули кластерӣ мегузарад. 
Ба Президент лоиҳаҳо бино бар васеъ гардондани фаъолияти корхона ва нақшаҳо дар доираи кластер тақдим гардиданд. Дар ҳудуди шафати корхона ташкил кардани иқтидорҳои иловагӣ оид ба коркарди пахта дар асоси технологияҳои баланд, истеҳсоли нахи пахтаи полиэфир омехташуда, матои маҳин ва маҳсулоти тайёри бофандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷойҳои зиёди корӣ созмон дода мешаванд. Ба ҷараёни технологӣ таҷҳизоти аз мамлакатҳои Аврупо овардашуда ҷалб карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ба баланд бардоштани сифати азнавкоркарди ашёи хоми пахта ва васеъ гардондани содирот хидмат мекунад.
Сарвари давлат дар корхона бо ҷараёни технологӣ шинос шуда, ба чораҳо оид ба ташкил кардани кластери пахтаву бофандагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. 
Соли ҷорӣ таҳти тайёркунии кластерии пахта дар ноҳия қариб 10 ҳазор гектар майдон ҷудо хоҳад шуд. Корхонаи «Текстил финанс Наманган» техникаи кишт, култиваторҳо, тракторҳо, комбайнҳои пахтачинӣ харид кард.
Президент ба шахсони масъул бино бар васеъ гардондани ҳаҷми истеҳсолот бо роҳи омехта кардани нахи сунъӣ ва пахта, инчунин зиёд гардондани миқдори ҷойҳои корӣ супоришоти аниқ дод, ки ба баланд гардидани мадохилоти андоз ба буҷа меорад. Инчунин зарурати аз ҳисоби афзун гардондани маблағи гардон дар асоси лизинг ба оилаҳои камтаъмини ноҳия додани тухму мурғро таъкид намуд.
– Кӯмак расондан ба оилаҳои камтаъмин бояд ба бренди корхонаи «Uztex Uchkurgan» табдил ёбад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Ҳамин тариқ, мо ба табақаи камтаъмини аҳолӣ кор кардан ва муносиб зиндагӣ намуданро меомӯзонем, бовариашонро ба фардо мустаҳкам менамоем.
Бино бар хушсифат ташкил кардани тамоми ҷараёни кластер аз кишти пахта сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёр, сохтмони 2 боғчаи бачагона, кашидани шабакаи таъминоти об ва канализатсия супоришот дода шуд.
Худи ҳамон рӯз дар ҳокимияти ноҳияи Норин бо иштироки фаъолони вилоят ҷамъомад ба амал омад. Дар ҷамъомад, ки дар шакли видеоселектор гузашт, масъалаҳои рушди иқтисодиёти вилоят, такмил додани соҳаи тиб ва таълим, таъмин кардани шуғли аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
***
Сарвари давлатамон дар рӯзи дуввуми сафар бо бунёдкориҳое, ки дар маҷмӯи меъмории ба номи Исҳоқхон тӯра Ибрати ноҳияи Тӯрақӯрғон амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Ӯзбекистон ҳамчун кишвари мутафаккирони бузурге, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ ва рушди илм ҳиссаи бузург гузоштаанд, шуҳрат дорад. Дар мамлакат ба аз ҷиҳати илмӣ амиқ омӯхтани мероси бебаҳои гузаштагон ва ободонии ҷойҳои муқаддас эътибори бузург дода мешавад.
2 ноябри соли 2016 Шавкат Мирзиёев дар рафти вохӯрӣ бо интихобкунандагони вилояти Намангон ғояи созмон додани боғ ва маҷмӯи меъмориро ба шарафи Исҳоқхон Ибрат, ташкил кардани «Мактаби Ибрат»-ро пеш гузошта буд.
Ибрат, ки дар асри XIX дар Тӯрақӯрғон ба дунё омадааст, забонҳои арабӣ, форсӣ, русӣ, ҳиндӣ, урду, англисӣ, фаронсавиро медонист. Хатҳои қадимии финикӣ, яҳудӣ, суриягӣ, юнониро омӯхтааст. Дар тӯли фаъолияти серқирраи худ «Луғати ситта ал-сина» («Луғати шаш забон»), «Ҷомеъ ул-хутут» («Маҷмӯи хатҳо»), «Таърихи Фарғона», «Таърихи маданият», «Мезон-уз-замон» («Тарозуи замон»), «Санъати ибрат, калимаи Мирраҷаб Бандий» барин беш аз 10 асарҳоро бино бар забоншиносӣ, илмиву таърихӣ ва маърифатӣ офарид. Ибрат-домулло аллакай дар соли 1886 мактаби нави пешқадамро кушод. Дар соли 1907 мактаби нави «усули савтия»-ро ташкил намуда, дар он ба бачаҳои деҳот сабақ дод.
Ибрат ба сифати яке аз аввалин матбаачиёни мамлакат соли 1908 аз шаҳри Оренбург мошини литографӣ харид карда, онро аз Оренбург то Қӯқанд бо поезд, аз Қӯқанд ба Тӯрақӯрғон дар шутур оварда, дар ҳавлии худ матбааи «Исҳоқия»-ро кушод. Нашриёти мазкур то солҳои 60-уми асри гузашта фаъолият нишон дода, дар он китобҳои гуногуни илмиву маърифатӣ, рисолаҳо, рӯзномаҳо нашр намуда, барои дар тамоми Фарғона паҳн намудани он даҳҳо мағозаҳои китоб кушода шуданд. 
Моҳи июли соли гузашта дар доираи сафар ба вилояти Намангон сарвари давлат бо корҳои созандагие, ки дар маҷмуъ амалӣ мегарданд, шинос шуда, зарурати аз ҷиҳати мазмун такмил додани он, дар назди Донишгоҳи давлатии Намангон ташкил кардани мактаби махсус бо амиқ омӯзондани забонҳои хориҷӣ якҷоя бо Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд,  Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд таъкид намуд. Бино бар фароҳам овардани шароит барои омӯзгорон ва толибон, ободонии ҳудуди маҷмуъ супориш дода буд. 
Дар тӯли давраи гузашта дар маҷмӯи меъмории Исҳоқхон тӯра Ибрат, ки беш аз 2 гектар майдонро ишғол менамояд, корҳои васеъмиқёси созандагӣ гузаронда шуданд. Маҷмӯи арзиши лоиҳавиаш беш аз 13 миллиард сӯм хиёбон, ки дар маркази он ҳайкали Исҳоқхон тӯра Ибрат гузошта шудааст, айвон бо услуби миллӣ, матбаа, фаввораи мусиқӣ, мактаб-интернати махсуси дорои 400 ҷой бино бар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин музейро, ки дар бинои таърихӣ ҷойгир шудааст, фаро мегирад.
Шавкат Мирзиёев ба мактаб-интернати махсус оид ба омӯзиши забонҳои хориҷии ба номи Исҳоқхон Ибрат ташриф оварда, бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбат орост.
– Ҳаёти фидокоронаи Ибрат баҳри рушди Ватан на танҳо дар ҳамон давр, балки имрӯз низ барои ҳамаи мо намунаи ибрати ҳақиқӣ мегардад, – гуфт Президент. – Ҷавонони мо бояд ҳамчун инсони ба номи ӯ муносибе, ки барои мамлакат ва халқ заруранд, ба воя расанд. Ба ин мактаб фарзандони боистеъдоди на танҳо вилояти Намангон, балки тамоми минтақа қабул карда мешаванд.
Зарурати пеш бурдани корҳои тадқиқотӣ бино бар забонҳои хориҷӣ, такмил додани методологияи омӯзондани онҳо ва дар ин асос дар мактаб-интернат сабақ додан таъкид гардид. 
Президент супориш дод, ки писарону духтароне, ки мактабро бо баҳоҳои аъло хатм менамоянд, ба муассисаҳои таълими олӣ бидуни имтиҳон қабул карда шаванд ва дар асоси грант таҳсил гиранд.
Шавкат Мирзиёев хиёбонеро, ки дар ҳамоҳангӣ ба маҷмӯа дар ду соҳили сойи Косонсой бунёд ёфтааст, аз назар гузаронд. Бино бар минбаъд такмил додани сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо, марказҳои вақтхушӣ, роҳравҳои сайру гашт ва дигар объектҳои инфрасохторӣ супориш дод.
Дар рафти ташриф ба музейи Исҳоқхон Ибрат дар ҳудуди маҷмӯъ Президент бо намояндагони зиёии вилоят, оқсақолон суҳбат орост. Онҳо ба сарвари давлатамон барои эътибори бузургаш ба абадӣ гардондани хотираи гузаштагони бузург миннатдорӣ изҳор намуданд.
Дар мамлакатамон ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои таълими томактабӣ, тайёр намудани бачаҳо ба мактаб эътибори алоҳида дода мешавад. Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар рафти сафарҳояш ба минтақаҳо бо фаъолияти чунин муассисаҳо шинос мешавад. Ин бесабаб нест. Бино бар фикри мутахассисон донишро амиқ азхуд намудани хонандагон аз тарбияе, ки дар боғчаи бачаҳо гирифтааст, вобаста мебошад.
Дар вилояти Намангон инчунин дар ин самт корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. 
Мувофиқи супоришоти Президент дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгиобод»-и ноҳияи Тӯрақӯрғон муассисаи таълими томактабии №10 арзиши лоиҳавиаш 2 миллиарду 250 миллион сӯм сохта шудааст. Дар боғчаи бачагона, ки дар назди маҷмӯи ба номи Исҳоқхон Ибрат воқеъ гардидааст, барои тарбияи бачаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Соли ҷорӣ қабул намудани 200 нафар бача ба назар гирифта шудааст.
Ба сарвари давлатамон дар бораи машғулот, шароитҳое, ки дар боғчаи бачагона фароҳам оварда шудаанд, нақл карданд.
Шавкат Мирзиёев ба маркази хидматрасонии давлатии шаҳри Намангон ташриф овард. Ба марказ бинои холии чорошёнаи назди ҶММ «Карбонам» дода шуда буд. Дар ин ҷо бино бар таҷдид ва ҷиҳозонӣ беш аз 15 миллиард сӯмина корҳо иҷро гардиданд. 
Дар марказ низоми навбати электронӣ ба роҳ монда шуда, дар як рӯз ба беш аз 800 шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ зиёда аз 50 намуди хидмати давлатӣ расонда мешавад. Дар бино инчунин қабулхонаи халқӣ, идораи нотариалӣ, шуъбаи қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, расмигардонии шаҳрвандӣ, суғурта, кадастр, иваз намудани гувоҳномаи ронандагӣ, филиали бонк воқеъ гардидаанд. Пункти тиббӣ, майдончаи бачаҳо ва қаҳвахона ташкил карда шудааст.
Президент бо шароитҳое, ки дар марказ фароҳам оварда шудаанд, шинос шуда ҷараёни иваз кардани гувоҳномаи ронандагиро мушоҳида намуд. Ба гувоҳномаҳои мазкур  микрочип бо маълумотҳои шиносномаи шахс ворид карда шудааст. Гувоҳнома  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсро метавонад иваз кунад.
– Мо хидмати мазкурро барои чӣ ба роҳ мондем? Барои он ки адолатро таъмин намоем, ба коррупсия хотима гузорем ва ҳаёти одамонро сабук гардонем, – гуфт сарвари давлат. – Фаъолияти муассисаи мазкур ҳамчун таҷрибаи ташкил кардани фаъолияти марказҳои хидмати давлатии Намангон, намунаи нави мулоқот бо халқ мегардад. Аз ҳама муҳимаш, минбаъд ба чунин идораҳо на одамон, балки ҳуҷҷатҳо ҳаракат мекунанд.
Дар зинаи сеюми бино шуъбаи вилоятии Маркази илмиву амалии тадқиқотии «Оила» ва Маркази инноватсияи Намангон фаъолият нишон медиҳад.
Президент ба масъалаҳое, ки дар назди Кумитаи занони Ӯзбекистон ва Маркази илмиву амалии тадқиқотии «Оила» бино бар барҳам додани мушкилоти ташвишовари занон ва таъмин кардани манфиатҳои онҳо қарор доранд, эътибор дод. Вай таъкид намуд, ки бояд вазъи иҷтимоии оилаҳо дар қисмати ҳар як ноҳияи вилоят омӯхта шуда, дар асоси ин таклифи аз ҷиҳати илмӣ асоснок таҳия гардад, шуғли занону духтарон ва маданияти тиббии бонувон таҳлил гарданд.
– Минбаъд намояндагони кумитаҳои занон маҷлис ба маҷлис нагашта,  бо мушкилоти занони қитъаҳои барояшон вобаста кардашуда шуғл меварзанд. Камбудии аз ҳама бузурги соҳа ин мебошад, ки кумитаҳои занон касеро ба худ пайрав карда наметавонанд. Агар ин барҳам дода шавад, муҳити маънавии ҷамъиятамон тағйир меёбад,  мушкилоти бонувон кам мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба шахсони масъул бино бар пешгирӣ намудани бекории байни занон, беҳтар гардондани хидматрасонии тиббӣ, шароитҳои манзилии онҳо, рушди соҳибкории занон супоришот дода шуданд. 
Баъд аз ташрифи сарвари давлат ба шуъбаҳои Маркази илмиву амалии тадқиқотии «Оила»-и шаҳри Намангон ва 11 ноҳия  автомобилҳои «Spark» супурда шуданд.
Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани боғи замонавии маданият ва истироҳат дар шаҳри Намангон» аз 16 сентябри соли 2017 дар шаҳри Намангон боғи калони истироҳат бунёд карда мешавад. Пойдевори маҷмӯи мазкур дар рафти сафари Президент ба вилояти Намангон порсол гузошта шуда буд. 
Мувофиқи лоиҳаи ташкили «Наманган истиқбол боғи» бунёд намудани объектҳои инфрасохтор, ки барои фароғати пурмазмуни сокинони шаҳр ва меҳмонони вилоят, хусусан ҷавонон хидмат менамояд, ба нақша гирифта шудааст. Дар боғ, ки дар 110 гектар майдон доман густурдааст, ҳавзҳои пӯшида ва кушод, варзишгоҳи кӯчак, қасри ях, меҳмонхонаи чорситорагӣ, аттраксионҳо, шаҳраки афсонавӣ, нуқтаҳои савдо, китобхона ва интернет-кафе, боулинг ва фитнес-клубҳо, истгоҳи замонавии серошёнаи нақлиёт, маркази ҳунармандӣ, амфитеатр, аквапарк воқеъ мегарданд. Дар ҳудуди парк ниҳоли дарахтҳои манзаравӣ ва гулҳо шинонда шуда, боғи ботаникӣ доман паҳн мекунад.
Арзиши умумии маҷмӯъ, ки дар асоси лоиҳаи ширкати туркиягии «DME+PARTNERS» бунёд карда мешавад, 12 миллион доллар ва 116 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Дар боғ, ки баҳрабардории он дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, қариб 1500 ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд. Боғ соле ба 100 ҳазор нафар хидмат мекунад.
Дар айни ҳол дар  ин ҷо корҳои васеъмиқёси созандагӣ идома доранд.
Ба сарвари давлатамон дар бораи чунин лоиҳаҳо, мисли сохтмони масҷиди «Ун бир Аҳмад» дар ин боғи маданият ва истироҳат, сохтмони «Namangan City» дар мавзеи Гулистон, маҷмӯи замонавии савдо ва боғи «Pop eco park» дар ноҳияи Поп, инчунин таҷдид ва васеъ гардондани низоми канализатсияи шаҳри Намангон маълумот дода шуд.
Президент супориш дод, ки сохтмони хушсифати маҷмӯи мазкур, ки натанҳо дар вилоят, балки дар тамоми мамлакат маҷмӯи беназир аст, таъмин карда шавад. Вай таклиф намуд, ки ба боғ «Afsona Land» ном дода шавад.
Бо ҳамин сафари сарвари давлатамон ба вилояти Намангон ба охир расид. Дар рафти он баробари комёбиҳои ба дастовардашуда мавҷуд будани як қатор камбудиҳо таъкид гардида, бино бар барҳам додани онҳо супоришот дода шуданд. Ин ҳамчун омили муҳими сабук гардондани ташвиши одамон, таъмин кардани адолат дар тамоми соҳаҳо, рушди муттасили минтақа хидмат мекунад.

Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ, 
Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Умар АСРОРОВ,
 мухбирони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: