«НАСИҲАТ ГӮШ КУН, ҶОНО...»

Боиси хушнудист, ки солҳои охир ба табъ расидани китобҳо ба забони тоҷикӣ меафзояд.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир ба табъ расидани китобҳо ба забони тоҷикӣ меафзояд.
Дар китоби тозанашри Парда Ҳамдамӣ мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ, эҳтироми падару модар, ватан ва ватандӯстӣ, тарбияи фарзанд, илмомӯзӣ, ҷавонмардӣ, ҳамнишинӣ бо некон, аҳд ва вафо, мазаммати мардумозорӣ, фазилати зани порсо, ишқи поки илоҳӣ, фазилатҳои парҳезкорӣ, дурдонаҳои андарзу андешаҳо, ки аз қадимулайём аз ҷониби устодони хирад гуфта шудааст, зикр меёбанд. Ҳикояҳои пандомези муаллиф, ки аз таҷрибаи ҳаёти худ гирифтааст, барои хонанда, барои тарбияи баркамоли насли наврас аҳамиятнок аст.
Китоби «Насиҳат гӯш кун, ҷоно...», ки ҳоло дар даст дорем, аз бобҳои «Насиҳат зар аст, агар донӣ», «Ҳикояҳо» ва «Ҳаҷвияҳо» иборат буда, дар он хислатҳои неки инсонӣ тараннум мешаванд, воқеаҳои пандомез баён мегарданд. Касе, ки панду ҳикматро дӯст медорад, аз расвоӣ дар ду ҷаҳон амон меёбад, касе, ки аз гузаштаи дигарон панд нагирад ва таҷриба наомӯзад, сарриштаи зиндагии худро ба тамом аз даст бидиҳад. Чунонки Абулқосими Фирдавсӣ фармудааст:
Ҳар он гаҳ, ки гӯӣ 
расидам ба ҷой,
Набояд зи гетӣ маро 
раҳнамой.
Чунон дон, ки 
нодонтарин кас туӣ,
Агар панди донандагон 
нашнавӣ!
Парда Ҳамдамӣ дар калонсолӣ ба майдони адабиёт омада, гӯё барои баровардани «қусур»-и умри гузарондаи худ берун аз қаламрави адабиёт ҳоло ба аспи ғайрат нишаста, қаламфарсоӣ мекунад.
Парда Ҳамдамӣ дар гузари Рӯҳободи шаҳри Самарқанд, дар оилаи косиб чашм ба дунё кушодааст ва аз хурдсолӣ аз падар ва аҳли гузар, ки дар миёни онҳо шахсони хирадманд бисёр буданд, панду ҳикмат, дар бораи ҳодисаву воқеаҳои ибратомӯз ҳикояву ривоятҳо шунидааст. 
Ҳикоят ва ривоятҳое, ки аз падар дар нишастҳои оилавӣ шунида буд, дар китоби муаллиф дар боби «Аз ҳикояҳои падарам» акси худро ёфтаанд. Дар боби «Эҳтироми волидайн» чунин мегӯяд: «Падару модар кистанд? Падару модар ҳамчун ду ганҷинаи бебаҳо ҳастанд, бинобар ин шоистаи эҳтиром ва эҳсонанд. Падар барои дарёфти ризқ ҳамеша дар заҳмату кулфат аст. Модар барои болида сохтани қалби ҷигарбандаш ҳамеша изҳоргари меҳру шафқат аст. Вале нигаронӣ ин ҷост, ки мо дар ғафлатем, дар эҳтироми волидайн беаҳамиятем. Оё ҳукми Офаридгорро нашунидаем, ки ба мо чунин хабар медиҳад: «Танҳо Худоро бипарастанд ва ба падару модар накӯӣ кунанд» (Сураи Бақара, ояти 83). Муаллиф дар боби «Тарбияи фарзанд» чунин ривоятеро меоварад: «Марде ҳамроҳи писараш дар хидмати ҳазрати Умар (р) расида, чунин арз кард: «Эй амиралмуъминин, ин фарзандам фармони маро гӯш намекунад ва нисбат ба ман бетаваҷҷӯҳиро раво медонад». Ҳазрати Умар (р) рӯ ба фарзанд карду фармуд: «Оё аз Худо наметарсӣ, ки ҳаққи падаратро ба ҷо намеоварӣ, дар ҳоле ки ҳаққи падар чунин ва чунон аст». Фарзанд дар посух бо амиралмуъминин арз кард: «Эй амиралмуъминин, оё фарзанд бар волидайн ҳаққе дорад?» Ҳазрати Умар (р) фармуд: «Оре, ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки бо зани бадкор издивоҷ накунад, то барои фарзандаш дар оянда боиси ору сарафкандагӣ нагардад, номи хубе барои фарзандаш гузорад, ба фарзандаш Қуръон ва илми дин биомӯзад». Он писар гуфт: «Эй амиралмуъминин, ба Худо қасам, падарам ҳеҷ кадоме аз ин корҳоро барои ман накардааст, модарам канизи як маҷусӣ буда, ки падарам бо вай издивоҷ кардааст, номи маро Ҷуъал (гамбуски сиёҳ) гузошта, ҳатто як калима аз Қуръон ба ман ёд надодааст». Ҳазрати Умар (р) ба ҷониби падар назаре андохта гуфт: «Омадӣ аз нофармонии писарат шикоят кунӣ, вале худ пеш аз он нофармонӣ кардӣ ва қабл аз он, ки бо ту бадрафторӣ кунад, то бо ӯ бархурди ношоиста доштаӣ».
Китобҳои Парда Ҳамдамӣ қаблан ҳам бо номҳои «Аз бало ҳазар», «Меросхӯр», «Аз дилозор Худо безор», «Телпак ва телпакдӯзони Самарқанд» бо забони тоҷикӣ чоп шудаанд.

С. РӮЗИЕВА.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: