ХОҶА САИД АМИР КУЛОЛ

Пири шашум

Хоҷа Саид Амир Кулол намояндаи бузурги тариқати хоҷагон-нақшбандия, пири Хоҷа Баҳоуддин Нақшбанд мебошад. Дар манбаъҳо ба тарзи пурра Хоҷа Сайид Амир Кулоли Бухорӣ омадааст. Ӯ тахминан соли 1287 дар деҳаи Сухори ноҳияи имрӯзаи Когони вилояти Бухоро таваллуд шуда, соли 1370 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Дар қабристони зодгоҳаш ӯро дафн кардаанд. Дар солҳои истиқлолият дар болои қабраш мақбара сохта шуд. Дар атрофи қабри мавсуф маҷмӯаи ёдгорӣ қад рост намуд. Дар ин маҷмӯа мақбара, боғ ва масҷиди ҷомеъ мавҷуд аст. Ин ҷо яке аз зиёратгоҳҳои серодами вилоят мебошад.
Пири ӯ Бобои Самосист. То дар тариқат шинохта шудан гӯштигир буд. Бобои Самосӣ тарбияи Баҳоуддин Нақшбанди ҷавонро ба Амир Кулол месупорад. Баъд аз вафоти Бобои Самосӣ раҳнамоии тариқати хоҷагон ба Амир Кулол мегузарад. Бинобар маълумоти манбаъҳои оид ба тасаввуф Хоҷа Баҳоуддин Нақшбанд, Шамсиддин Кулол (пири Соҳибқирон Амир Темур), Хоҷа Ориф Деггаронӣ халифаҳои машҳури Амир Кулол ба шумор мераванд. 
Амир Кулол аз усулҳои зикри хуфя (овоз набароварда зикр кардан) ва ҷаҳрия (бо овози баланд зикр гуфтан) истифода карда, бештар тарафдори зикри ҷаҳрия будааст.
Амир Кулол дар манбаъҳо ба сифати марди қадбаланд, гандумранг, дорои қафаси синаи васеъ, дароздаст, абрӯкамон, феълан фурӯтан, дур аз эътирозу саркашӣ тасвир шудааст. Бинобар насаб аз саййидҳо, яъне нисбаи аҷдодиашон ба Муҳаммад пайғамбар (с) мерасад.
Бинобар маълумоти Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат», Амир Кулол тарбияи писари худ Мирбурҳонро ба Баҳоуддин Нақшбанд супурдааст. Ҳазрати Хоҷа Баҳоуддин ин супоришро аз сидқи дил иҷро кардааст.
Аз Амир Кулол ба забони форсии тоҷикӣ шеърҳо боқӣ мондааст. Баъзе аз ин шеърҳо бо таъсиргузорӣ ва пурмуҳтаво будани худ мутамоизанд. Масалан, ин байт аз он кас аст:
Ҳазор хеш, ки бегона аз Худо бошад,
Фидои як тани бегона, к-ошно бошад.

Ё дар ҷои дигар оварда шудааст:
Маёзор мӯру маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.

Боз дар байти дигар ғояи аҷибе аз ҷониби мавсуф пешниҳод шудааст:
Агар фарзанди султонию хонӣ,
Чу дониш нест, бадтар аз сагонӣ.

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид 
ба фалсафа,ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии 
ба номи А. Берунӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: